Аз нигоҳи нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ва Шӯрои порлумонии Аврупо маъракаи таблиғотии интихобот орӣ аз “рақобати сиёсӣ ва адолат” буд.
Дар изҳороти ин нозирон гуфта шудааст, ки далелҳои зиёди тақаллуб, аз ҷумла, аз сӯи афроди алоҳида пур шудани қуттиҳои раъйдиҳӣ мушоҳида ва сабт шудаанд. Ҳейдӣ Тагливинӣ, раиси ҳайати нозирони САҲА дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав интихоботро ба бозие шабоҳат дод, ки "дар он танҳо баъзе бозигарон иҷозаи рақобат доштанд ва илова бар ин майдонро ба нафъи яке аз бозигарон каҷ карда буданд."
Кумиссиюни марказии интихоботии Русия рӯзи душанбе (5 декабр) эълом дошт, ки бар пояи иттилои муқаддамотӣ баъд аз баршумурдани 96 дарсади баргаҳои раъй ҳизби "Русияи воҳид" камтар аз 50 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст ва аз 450 курсии Думаи давлатӣ 238 курсиро ишғол хоҳад кард.
Дар ҳоле ки дар интихоботи чаҳор соли пеш "Русияи воҳид" 64 дарсади раъйҳо ва 315 курсии палатаи поёни порлумонро ба даст оварда буд. Коршиносон мегӯянд, интихоботи Думаи давлатӣ бонги изтироб барои Путин аст, ки мехоҳад баъд аз се моҳ дар интихоботи нави раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунад. Ҳамзамон коршиносон мутмаинанд, ки агар интихобот воқеан ҳам озоду одилона ва бидуни тақаллубу қонуншиканӣ сурат мегирифт, ҳизби “Русияи воҳид” шояд даҳҳо курсиҳои дигари Думаи давлатиро низ аз даст медод.
Мухолифини ҳукумат мегӯянд, ки мақомот бо дахолат ба раъйдиҳӣ ба ҳизби “Русияи воҳид” барои расидан ба натоиҷи феълӣ кӯмак кардаанд. Геннадий Зюганов, раиси Ҳизби коммунисти Русия, интихоботи ахирро ифлостарин баъд аз шикасти Иттиҳодия Шӯравӣ номид. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки “мо аз ҳама ҳама овозҳои худ дифоъ мекунем ва барои ҳар яки онҳо мубориза мебарем. Мо дирӯз дар намоиши эътирозӣ изҳор намудем, ки ба мо раъйҳои дигарон даркор нестанд ва аммо раъйҳои худро нахоҳем дод.”
Шурӯъ аз рӯзи душанбе эътирозҳо алайҳи тақаллубу қонуншиканиҳо дар интихоботи Думаи давлатӣ дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург шурӯъ шуданд. Пуриздиҳомтарин гирдиҳамоӣ, ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ, дар мавзеи "Чистые пруды" буд, ки аз сӯи ҷунбиши "Ҳамраъй" созмон дода шуда буд.
Кормандони пулиси шаҳри Маскав беш аз сесад тан аз ширкаткунандагони намоиши эътирозӣ алайҳи тақаллуб дар интихобот ба Думаи давлатиро боздошт карданд. Миёни онҳо яке аз фаъолони мухолифин Иля Яшин ва блогнавис Алексей Навалний низ ҳастанд, ки ба иттилои дафтари матбуоти раёсати умури дохилии шаҳри Маскав, аз ҳозирон даъват кардаанд, то аз кормандони пулис итоат наварзанд.
Созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилал хостори фавран озод кардани эътирозгарони дар Маскаву Санкт-Петербург боздоштшуда гардид. Дар изҳороти Николя Дакуорт, раиси ин созмон дар умури Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказӣ гуфта шудааст, ки мақомоти Русия ҳуқуқи шаҳрвандон ва озодии сухану ҳамоишҳоиро поймол кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Амрико аз хабарҳо дар бораи қонуншиканиҳо дар интихобот ба Думаи давлатии Русия изҳори нигаронӣ кард. Марк Тоунер, намояндаи Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, ки нигаронии Вошингтон аз ҷумла аз иттилои расида дар бораи ба қуттиҳо андохтани баргаҳои иловагии раъйдиҳӣ, тақаллуби натоиҷи интихобот ва фишор болои расонаҳо ва нозирони мустақил аст.
Аз ин пеш Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида изҳор намуд, шаҳрвандони Русия ҳаққи онро доранд, ки далелҳои қонуншиканӣ дар интихобот ҳамаҷониба тафтиш шавад.
Коршиносони сиёсӣ ҳадс мезананд, ки баъд аз интихоботи ахир Кремл барои бозсозии ҳизби "Русияи воҳид" иқдом хоҳад кард. Радиои "Эхо Москви" бо такя ба манобеи худ ҳадс зад, ки шояд Борис Гризлов, раиси Думаи давлатии Русия, дубора дар ин мақом пазируфта нашавад.

Бонги изтироб барои Путин?

Маскав – гаҳвораи инқилоби нав?

Гризлов қурбонии интихобот хоҳад шуд?