Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Медведев. Ваъдаи бузург, вале бе ҷузъиёт


Сарони Русия зери таъсири тазоҳуроти норозиёни кишвари худ ақибнишинӣ карданд ва хостори ислоҳот шуданд.

Раисиҷумҳур Дмитрий Медведев дар Паёми солонааш ба ислоҳоти фарогир дар низоми сиёсии Русия даъват кард, ки интихоби мустақими ҳокимони маҳаллӣ ва сабукиҳо дар сабтиноми ҳизбҳои сиёсиву ширкати онҳо дар интихоботҳоро дар назар дорад.

Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки кумиссюнҳои интихоботӣ аз ҳисоби намояндагони аҳзоб густариш ёбанд, тақсими даромадҳои буҷавӣ ба ихтиёри минтақаҳо дода шавад ва назорат бар харҷи мансабдорони давлат, додугирифти байни ниҳодҳои давлатию хусусие, ки аз тарафи хешовандони мансабдорон сарварӣ мешаванд шиддат гирад.

Коршиносон бар инанд, ки аксари пешниҳодҳои Медведев аз рӯйи талабҳои тазоҳуркунандагон мураттаб шудаанд. Худи ӯ низ ин ақидаро тасдиқ кард: “Ман ислоҳоти умумии низоми сиёсиамонро пешниҳод мекунам. Мехоҳам, бигӯям, ки ман садои онҳоеро шунидам, ки мегӯянд, тағйирот зарур аст ва паёми онҳоро фаҳмидам. Бояд ба ҳамаи шаҳрвандони фаъол имкони қонунии ширкат дар ҳаёти сиёсиро дод.”

Изҳороти Медведев дар ҳоле садо медод, ки норозиён ба гирдиҳамоҳои нави охири ҳафта омода мешаванд. Сарони гурӯҳҳои норозӣ аз пешниҳодҳои Медведев истиқбол карданд, вале бисёриҳо ба иҷрои онҳо шубҳа доранд ва мегӯянд, шеваи татбиқи ин пешниҳодҳо ва мӯҳлати он норӯшан аст.

“Медведев ба пеш қадам гузошт, аммо пешниҳодҳое кард, ки мушкили асосӣ, яъне қонунмандии ҳукуматро ҳал намекунанд,” гуфт раиси ҳизби номнависнашудаи “Озодии мардум” Владимир Рижков.

Раҳбарони Русия пас аз иттиҳомоти тақаллуб дар интихоботи порлумонии 4-уми декабр дар ҳоли мудофиа қарор доранд. Ҳизби ҳоким чаҳоряки курсиҳояшро дар Думаи давлатӣ аз даст дод, аммо аксариятро дар маҷлис ҳифз кард. Мухолифон ва нозирони мустақил мегӯянд, ин назорат бо роҳи тақаллуб ба даст омад. Наздик ба 40 000 нафар дар тазоҳуроти 10-уми декабр дар Маскав ширкат карданд, ки калонтарин тазоҳуроти зидди Кремл аз солҳои 1990 ба ин сӯ шумурда шуд. Қарор аст, рӯзи шанбе тазоҳуроти нав баргузор гардад.

Бар иловаи эҳёи интихоби мустақими ҳокимони маҳаллӣ, ки Владимир Путин дар давраи президентияш дар соли 2004 барҳам зада буд, Медведев пешниҳод кард, ними Думаи давлатӣ аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб шавад. Феълан палатаи поёнии порлумон комилан аз рӯйи феҳрастҳои ҳизбӣ интихоб мегардад. Аммо интихоботи ҳокимони маҳаллӣ бояд сари номзадҳое ҷараён гирад, ки марказ пешбарӣ мекунад. Раисиҷумҳури Русия инчунин пешниҳод кард, миқдори имзо барои ширкати номзад дар интихоботи президентӣ коҳиш ёбад.

Сергей Миронов, раҳбари ҳизби “Русияи одил” ва номзади интихоботи президентии моҳи март ба ин пешниҳодҳо нигоҳи хайр, вале эҳтиёткорона дорад: “Ман хурсандам, ки президент бисёре аз ақидаҳои ҳизби “Русияи одил”-ро қабул дорад ва дар паёмаш онҳоро эълом дошт. Русҳо ва на танҳо онҳо, мегӯянд, шайтон дар қабати ҷузъиёт ниҳон аст. Бояд чораҳои мушаххаси қонунгузорӣ ва тасмимҳоро интизор буд ва онҳоро бодиққат омӯхт.”

Ёвари раисиҷумҳур Аркадий Дворкович гуфтааст, тарҳи ислоҳот “дар чанд рӯзи оянда” ба Дума фиристода хоҳад шуд. Вале рӯшан нест, баррасии он кай иттифоқ меафтад. Президент Медведев ишора кард, ки ҳуқуқи эътирозгаронро ба баёни андешаашон эътироф мекунад, аммо хостори “демократия аст, на ҳарҷу марҷ.”

Владимир Путин, ки дар сафи аввали толор, дар байни раиси тозаинтихоби Дума Сергей Наришкин ва раҳбари Шӯрои Федератсия Валентина Мативенко нишаста буд, ба тарҳи ислоҳоти Медведев кафкӯбӣ мекард. Ҳамчун акси садои суханони ӯ, Медведев низ ишора кард, ки дар ноором кардани вазъи Русия нерӯҳои хориҷӣ даст доранд. Путин ошкоро гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида ин тазоҳуротро роҳандозӣ ва сармоягузорӣ кардааст. Медведев гуфт, ба иғво ва мудохила дар умури дохилии Русия роҳ нахоҳад дод.

Блогнависони Русия, ки ба як нерӯи сиёсии қавӣ табдил ёфтаанд, навиштанд, ба ислоҳоти Медведев бовар надоранд. Онҳо аз идеяҳои баёнкардаи президент даҳҳо намуна овардаанд, ки ҳеҷ кадоме ба иҷро нарасидааст. Ва мухолифоне, ки ба тазоҳурот нав омодагӣ мегиранд, гуфтаанд, Медведев ба саволи асосӣ посух надод, ки оё тақаллуб дар интихобот вуҷуд дошт ва гунаҳкорони ҷазо хоҳанд гирифт ва интихоботи нав баргузор хоҳад гашт? “Мо ҳамон интизори посухем,” – навиштаанд онҳо.
XS
SM
MD
LG