Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди Горбачев ба баргузории интихоботи нав дар Русия


Михаил Горбачев
Михаил Горбачев

Михаил Горбачев, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, гуфт, бояд натоиҷи интихобот ба Думаи давлатӣ лағв шуда, интихоботи нав доир гардад.

Ба гуфтаи ӯ,” нодида гирифтани афроди умум ҳукуматро бадном ва вазъро ноором хоҳад кард”.

Ин дар ҳолест, ки афроди норозӣ аз натоиҷи интихобот ба Думаи давлатии Русия ба эътирозҳои худ идома медиҳанд. Ҳарчанд ба навиштаи хабаргузориҳо теъдоди эътирозгарон назар ба рӯзҳои пеш коҳиш ёфтааст, вале коршиносон ба муттасил идома кардани ин намоишҳо ишора мекунанд.

Шоми чаҳоршанбе (7 декабр) дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург даҳҳо ширкаткунандагони намоишҳои эътирозӣ боздошт шуданд. Дар Маскав, дар майдони Триумфалная, ки рӯзона намоиши эътирозӣ аз сӯи пулис пароканда карда шуд, шомгоҳон даҳҳо ҷавон дубора ҷамъ омада зидди ҳукумат шиор доданд. Аммо пулис садди роҳашон шуд ва камаш 70 нафари онҳоро бо худ бурд.

Дар Санкт- Петербург низ тақрибан сад нафар боздошт ва ба шӯъбаҳои пулис интиқол дода шуданд.

Дар ҳамин ҳол афроди норозӣ аз тақаллубу қонуншиканиҳо дар интихоботи Думаи давлатӣ, ки дар он, ба иттилои расмӣ, ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” камтар аз 50 дарсади раъйҳоро соҳиб шудааст, дар шабакаҳои иҷтимоии интернет мавзӯи ширкат дар намоиши эътирозии рӯзи 10 декабр дар Маскавро баррасӣ мекунанд. Аз ҷумла, тақрибан 19 ҳазор корбарони шабакаи Facebook барои ширкат дар намоиши эътирозии рӯзи 10 декабр дар майдони Инқилоби шаҳри Маскав изҳори омодагӣ кардаанд. Шаш ҳазор нафари дигар гуфтаанд, ки дар мавриди ҳузур дар гирдиҳамоӣ ҳанӯз тасмим нагирифтаанд.

Маскав: Эътироз идома дорад...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:59 0:00
Линки мустақим

Дар шабакаи "Вконтакте" 9 ҳазор нафар изҳор намуданд, ки рӯзи 10 декабр дар майдони Инқилоб ҳозир хоҳанд шуд ва беш аз 12 ҳазор корбари дигар ҳанӯз дар дуроҳаи тасмимгириянд. Бино ба гузоришҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, ба ҷуз Маскаву Санкт-Петербург, боз дар 35 шаҳри Русия намоишҳои эътирозӣ баргузор хоҳанд шуд.

Ба ин гирдиҳамоиҳо пулис ҳам омодагӣ мегирад. Расонаҳои чопи Маскав навиштанд, ки аз манотиқи гуногуни Русия ба пойтахт нерӯҳои иловагӣ интиқол дода шуданд.

Иля Клишин, хабарнигор ва блогнависи муқими Маскав, ба Радиои Озодӣ гуфт, мавҷи эътироз баъди он ба миён омад, ки мардум аз расонаҳову интернет дар бораи тақаллуби ошкор огаҳ шуданд. Ба гуфтаи ӯ, "дар баъзе манотиқи Маскав ҳизби “Русияи воҳид” гӯиё 90 дарсади раъйҳоро соҳиб шудааст ва ин, бидуни шубҳа тақаллуби ошкорост, зеро чунин раъйдиҳӣ аслан имкон надорад.” Иля меафзояд, “тавре эҳсос мекунам, одамон аз ин ошуфтаанд ва худро таҳқиршуда мехонанд. Шояд ин охирин қатрае буд, ки баъди он тоқати мардум тоқ шуд.

Ба гуфтаи Иля Клишин, ӯ ба ягон гурӯҳи сиёсӣ шомил нест ва аммо алайҳи “Русияи воҳид” баъди он садо баланд кард, ки дар сомонаи YouTube наворҳои зиёди тақаллуб ҳангоми раъйдиҳиро тамошо кард.

Шоми 4 декабр ва баъд аз он дар интернет, ки зимнан дар Русия беш аз 43 миллион корбар дорад, даҳҳо навори видеоӣ дар бораи қонуншиканиҳо, аз ҷумла, чанд бор ба ҷонибдории “Русияи воҳид” раъй додани як нафар ва ба қуттиҳо андохтани баргаҳои қаблан пуршуда нашр шуданд.

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев изҳор намуд, ки ӯ низ ин наворҳоро дидааст ва аммо дар баъзеи онҳо ба ҷуз фарёдҳои “шармандагӣ!” ва “Муҳофизон куҷоянд!” чизи мушаххасе дида намешавад. Ҳарчанд, афзуд Медведев, ҳама далелҳои қонуншиканиҳо бояд таҳқиқ шаванд.

Телевизионҳои давлатии Русия эътирозҳо алайҳи тақаллубу қонуншиканиҳо дар интихоботро нодида мегиранд ва бештар аз пирӯзии ҳизби ҳоким ва арзёбиҳои раҳбарони кишвар Медведев ва Путин сӯҳбат мекунанд. Зимнан, рӯзи чаҳоршанбе Владимир Путин ариза барои ширкаташ дар интихоботи навбатии раёсати ҷумҳуриро ба Кумиссиюни марказии интихоботи Русия пешниҳод кард. Акнун Кумиссиюни марказии интихобот муваззаф аст, ки давоми панҷ рӯз ин ариза ва асноди Владимир Путинро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG