Пурхонандатарин матлабҳои сол дар торнамои Озодӣ

Бар асоси бароварди Google Analitics, хонандагони Озодӣ тайи соли 2010, яъне аз 1 январ ба ин сӯ, дар сомонаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба хотири ҷустуҷӯ бештар аз ҳама рӯи вожаи “Озодӣ” ё “Радиои Озодӣ” ангушт задаанд.
Дар ҳар сурат, 15 мақоми аввалро дар раддабандии Google Analitics шаклҳои мухталифи ҳамин вожаҳо бо навишти сирилик ё лотинӣ гирифтаанд.

Маъруфтарин шахсиятҳо дар сомона

Дигар ибораи мавриди ҷустуҷӯи бештари хонандагони мо “Фарзонаи Хуршед” будааст, бахусус дар рӯзҳои мурофиаи додгоҳии парвандаи ӯ бо ҷурми кумак ба фирори дӯстдоштааш аз зиндон ва ба ду соли зиндон маҳкум шудани ин овозхони ҷавони тоҷик.

Фарзонаи Хуршед, ҳунарманди ҷавони тоҷик, аз маъруфтарин шахсиятҳо дар сомонаи Озодӣ дар соли 2010 буд
Хонандагони сомонаи Озодӣ ҳамчунин филми “Беҳуда хорам мекунӣ” ва ҳам номи овозхони дигари тоҷик Малика Саидоваро ҷустуҷӯ кардаанд. Малика Саидова, қарори маълум, баъди сафари ҳаҷ ҳиҷоб ба бар карда, аз идомаи ҳунарнамоӣ даст кашид. Радиои Озодӣ аз зиндагии нави ӯ навори видеоие бардошт ва мухлисонаш дар баҳсгоҳи ин навор зиёд суроғи ӯ мекарданд, ки акнун чӣ шуғле дошта бошад?

Ҳамин тавр, хонандагони мо имсол аз сомонаи як муддат масдудшудаи “Тоҷнюс” ва ҳам аз нашрияи мустақили “Фараж”, ки дар тирамоҳи гузашта чанд ҳафта аз нашр бозмонд, зиёд суроғ кардаанд. Бозори Собир, Гулрухсору сақарот, Ҳазрати Алӣ, Ёқуб Салимов, сураи “Аламнашраҳ” ва бозори басташудаи “Баракат” низ дар соли 2010 таваҷҷӯҳи хонандагони сайти Озодиро зиёд ба худ ҷалб кардааст.

Матлабҳои 10-гонаи сол

Торнамои Google Analitics пурхонандатарин матлабҳои соли 2010 дар саҳифаи интернетии Озодиро низ раддабандӣ кардааст.

Дар ин раддабандӣ саҳифаи асосии сомона ва бахшҳои ахбору таҳлил, сиёсат, варзиш, гузоришҳо аз минтақаҳо ва бахши мултимедиа дар миёни хонандагон маъруфият дошта, вале бештар аз ҳама хонандагони Озодӣ ба гӯшаи “Баҳс”-и сомона мерафтаанд, ки дар баҳсҳои гарму доғи мо ширкат биварзанд.

“Фарзонаи Хуршед ду сол ҳукм гирифт”, “Фарзонаи Хуршед иттиҳомотро радд кард”, “Шабнами Сурайё: “Ман зани хушбахтам”, “Кӯлоб: Баъди офат дар талоши зиндагӣ”, ”Кӯлоб дар зери об”, “Мулоқоти интернетӣ бо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода”, “Эшони Сироҷиддин ба 7 соли зиндон маҳкум шуд” ва “Шабнам: ”Мехоҳам Фарзонаро озод бубинам” аз пурхонандатарин матлабҳои нашршуда дар сомонаи Озодӣ дар соли 2010 шинохта шудаанд.

Сӯҳбати Гулрухсор бо номи “Ман ҳаргиз зидди сохтмони Роғун набудам” ва силсилаи матолиб дар бораи фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи кумитаи амният ва нооромиҳои водии Рашт низ аз ҷумлаи гузоришҳои пурхонандаи сол маҳсуб мешаванд.

Афзоиши таваҷҷӯҳ ба гузоришҳои мултимедиа

Гӯшаҳои ҷадиди сомона – “Ситораборон”, “Видео” ва “Хабарнигори мардумӣ” низ дар ин бароварди Google Analitics дар шумори матолибе меоянд, ки мухлисони Радиои Озодӣ рӯяшон зиёд ангушт задаанд.

Як тамойюли умдаву рӯшане, ки аз бароварди имсола ва соле қабли Google Analitics бармеояд, ин аст, ки хонандагон ҳарчӣ бештар ба гузоришҳои мултимедиа, яъне ба гузоришҳои бо аксу видео таваҷҷӯҳи бештар нишон медиҳанд. Хулосаи аслии бароварди Google Analitics аз пурхонандатарин матлабҳои сайти Озодӣ дар соли 2010 низ ҳамин аст.