Ин нахустин ҳукмномаи додгоҳ дар баробари онҳоест, ки ба салафигароӣ дар Тоҷикистон айбдор мешаванд.
АЙБНОМА
Марҳабо Турдиматова, додгустари парванда, ҳангоми ироаи ҳукми муттаҳамон гуфт, онҳо тибқи моддаи 189-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне, ангезиши кинаву хусумати мазҳабӣ гунаҳкор дониста шуданд: “Дар вақти гузоштани намоз дар охири сураи фотиҳа оминро баланд мегуфтанд ва рафъи ядайн, яъне дастҳоро пеш аз рукӯъ ва баъди он боло мекарданд. Имом Абӯҳанифа дар таълимоташ қайд кардааст, ки вақти гузоштани намоз оминро бо садои паст талаффуз кардан мумкин аст. Чунки тибқи ин таълимот омин гуфтан дуо аст. Дар ҳамин ҷо ихтилоф дар миёни мусулмонон дар Тоҷикистон ба вуҷуд омад.”
Ҳангоми қироати салавот ангушти ишораи худро рӯйи зону кушодан, Аллоҳро дар болои арш қарор додан, бо пойҳои паҳну сари луч намоз гузоштан аз ҷумлаи иттиҳомоти дигарест, ки дар нисбати ҳафт нафари муттаҳам ба узвияти “Салафия” эълон шуд.
АЙБДОРШУДАГОН
Ҳафт нафаре, ки дар садри онҳо Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба Эшони Сироҷиддин, қарор дорад аз писари ӯ -- Киромиддин Абдураҳмонов ва ҳамроҳонашон Абдураҳмон Абдураҳимов, Муҳаммадраҷаб Наврӯзов, Шаҳобиддин Саидов, Музаффар Файзуллоев, Икромиддин Юсупов иборатанд.
Онҳо шаш моҳ пеш дар қатори ҳудудан чил тан аз намозгузорон дар як рейди муштараки Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар масҷиде воқеъ дар маҳаллаи “Зарафшон”-и шаҳри Душанбе боздошт шуданд. Онҳо тӯли бештар аз ним сол дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амният дар Душанбе нигаҳдорӣ мешуданд.
ПОСУХИ "ОНҲО"
Эшони Сироҷиддин дар сухани охиринаш дар минбари додгоҳ гуфт, ба ҳеҷ ваҷҳ иттиҳомотеро, ки алайҳи ӯ ва ҳамроҳонаш эълон кардаанд, намепазирад. Вай ҳатто аз шаҳодати шоҳидон ҳангоми бозпурсӣ интиқод кард ва гуфт, намояндагони Идораи умури дин дар вазорати фарҳанг ва Шӯрои уламо низ натавонистаанд, гунаҳкории онҳоро собит созанд.
Киромиддин Абдураҳмонов, писари Эшони Сироҷиддин, ки тӯли тақрибан як сол дар мадрасаи Яман таҳсили илм кардааст, мегӯяд, ӯ нияти тарҷумони забони арабӣ шуданро дошт.
Вай афзуд, ҳаргиз талош накардааст, ки ҷуз луғати ин забон дар бораи мазоҳиб ё ҷараёни дигаре, ки хилофи мазҳаби ҳанафӣ – мазҳаби аксари кулли сокинони Тоҷикистон аст, таълимоте гирад: “Падарам ҳанафимазҳаб аст. Ман дар итоати падарам ҳастам ва ҳаргиз аз итоати ӯ берун намешавам. Аз ин рӯ, маро аз ин толор озод кунед. Аллоҳ дӯст медорад авфкунандагонро.”
ВОКУНИШИ ТОЛОР
Ҳукми додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе миёни пайвандони афроди зиндонишуда, ки бештар аз панҷоҳ нафар буданд, дар саҳни ин додгоҳ шӯреро ба по кард.
Ҳамаи онҳо аз ин ҳукм ба унвони “ҳукми ноодилона” ном мебурданд ва мегуфтанд, ки фарзанду шавҳари онҳо қурбонии тӯҳмат шудаанд: “Салафиҳои ҳақиқӣ дар рӯйи ҷаҳон салафигии худро карда гаштаанд. Инҳо гуноҳ надоранд. Инҳо салафӣ набуданду нестанд. Чӣ хел инҳо салафӣ будаанду мо бехабар мондаем?”
НАЗАРИ ВАКИЛОНИ ҲУҚУҚӢ
Вакилони дифоъи ин ҳафт нафар ҳамагӣ гуфтанд, ки ҳукми додгоҳ дар баробари зерҳимоятони худро мунсифона намедонанд. Ба гуфтаи онҳо, ҷурме, ки бо он зерҳимоятонашонро зиндонӣ кардаанд, мантиқӣ набудааст.
Бузургмеҳр Ёров, яке аз се вакилони дифоъи ҳафт нафари муттаҳам ба узвият дар ҷараёни мамнӯи “Салафия” гуфт: “Дар ин ҷо қайд кардан зарур аст, ки дар Тоҷикистн қонун ё фатвое вуҷуд надорад, ки тарзи хондани намозро нишон диҳад. Масалан, гӯяд, ки пойҳоро то чанд сантиметр паҳн кунанд ва китфҳоро ба китфҳои якдигар наздик оранд ва ё боз нигоҳ доранд.”
Ҷаноби Ёров афзуд, онҳо омодаанд, дар якҷоягӣ бо пайвандони афроди зиндонишуда аз рӯйи ин қарори додгоҳи ноҳияи Сино ба зинаҳои болотари додгоҳ шикоят баранд.
НАЗАРИ ДОДГУСТАР
Марҳабо Тӯрдиматова, додгустари парванда ҳам гуфт, онҳо омодаанд ҳар шикоятеро, ки аз ҷониби вакилони дифоъ ва пайвандони салафиҳои зиндонишуда мерасад, қабул кунанд.
Вай ҳамчунин гуфт, чанд китоб ва дискнавори мазҳабие, ки аз манзили зисти Эшони Сироҷиддин мусодира шуда ва ҳоло дар Кумитаи амнияти миллӣ қарор дорад, аз ҷумлаи “Сифати салоти набӣ”, “Мухтасар дар бораи салафи солеҳ”, “Бенамозӣ” ва дигарон маҳв карда шавад.
НАЗАРИ КОРШИНОСОН
Бештари таҳлилгарон аз ин гуна бархӯрди шадиди мақомот бо пайравони салафия, як ҷараёни тозапайдои мазҳабӣ дар Тоҷикистон, изҳори нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки давлат бо ин шеваи бархӯрдаш барои худ аз ҳисоби пайравону ҷонибдорони ин равия “душманони нав” месозад.
Бино ба ишораи онҳо, қонунҳои Тоҷикистон иҷоза медиҳанд, ҳар шахс русуму фароизи динии худро озодона ба ҷой оварад ва ягон шеваи маҳдуди намозгухорӣ ва талқину ташреҳи нукоти динӣ вуҷуд надорад.
ПАСМАНЗАР
Салафия як ҷараёни мазҳабии нав дар Тоҷикистон аст, ки пайравонаш бо шеваи намозгузорӣ, яъне рафъи ядайну бо садои баланд омин гуфтан бо пайравони чор мазҳаби ислом, аз ҷумла ҳанафиҳо ихтилофи назар доштанд.
Пайравони ин гурӯҳ тақрибан дар соли 2005 дар масоҷиди Тоҷикистон зуҳур карда, бо рӯҳонинёи мазҳаби ҳанафӣ рӯйи масоили динӣ ба баҳс нишастанд.
Мақомоти Додгоҳи олии Тоҷикистон бо дархости Додситони кулл дар оғози соли 2009 барои халалдор нашудани вазъи амниятӣ ҳузур ва фаъолияти пайравони ин ҷараёнро ғайримашрӯъ эълон кард. Ҳамин тавр, “Салафия” ёздаҳумин созмони мамнӯъи мазҳабӣ дар Тоҷикистон дар қатори Ҳизбуттаҳрир, Ҳаракати исломии Узбакистон ва Ҷамоати Таблиғ буд, ки нахустин гурӯҳи он ба зиндон фиристода шуд ва парвандаи чанд тани дигари онҳо дар додгоҳҳои Кӯлобу Қӯрғнтеппа идома дорад.