Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабнам: "Ман зани хушбахтам"


Шабнами Сурайё, овозхони машҳури Тоҷикистон соли 1982 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд ёфтааст. Модараш Сурайё Қосимова ва хоҳараш Фарзонаи Хуршед низ аз овозхонони шинохтаи кишвар ба шумор меоянд.

Шабнами Сурайёро машҳуртарин овозхони тоҷик унвон мекунанд, ки шӯҳраташ марзҳои Тоҷикистонро убур карда, дар Осиёи Марказӣ, Эрону Афғонистон мухлиси зиёд дорад.

Шабнам соли 2004 дар саҳнаи мусиқии Тоҷикистон зуҳур кард, аммо шӯҳраташ ба соли 2006 баъд аз нашри суруди «Аз кудумин сафар» рост меояд. Тайи солҳои 2008 — 2009 бо ибтикори ширкатҳои хориҷии фароғатӣ панҷ консерт дар Аврупо (Мюнхен, Лондон, Берлин, Дюселдорф), се консерт дар Канада (Монреал, Ванкувер, Торонто) ва 10 консерт дар Иёлоти Муттаҳидаи Аврупо (Нюйорк, Лос Анҷелес, Сан Франсиско ва ғайраҳо) барпо кардааст.

То ба ҳол се албомаш рӯи нашрро дида, албоми наваш - «Бобуна» дар ҳоли такмил аст.

Бо овозхонҳои Тоҷикистон — Ҷонибек Муродов, Садриддини Наҷмиддин, Баҳром Ғафурӣ, Парвина Шукруллоева ва Афғонистон — Наҷим, Алии Эътимодӣ, Холид ва Ҷовид Шариф дуэт хондааст.

Соҳиби як духтар ба исми Шарифамоҳ аст.

Шабнам дар меҳмонии "Ситораборон"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:51 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG