Ба ҷаноби Тӯраҷонзода наздик ба 230 савол аз сӯи корбарони сомона расид, ки ба риштаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсат, равобити байнулмилалӣ, заруриёти динӣ, расму оин ва ахлоқу маънавиёт, ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон, интихоботи порлумонии 28-уми феврал ва ғайра бахшида шудаанд.
Посухҳои ҷаноби Тӯраҷонзода ба пурсишҳои корбарони сомонаи "Озоди"-ро бо нохун задан ба сафҳаи махсуси ин гуфтугӯи интернетӣ метавонед бихонед.
Ҳамчунин як бахше аз ин гуфтугӯ дар шакли видео пешкаши Шумо мешавад:
Дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе гуфтугӯи мустақими интернетии узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бо корбарони озодӣ.тҷ анҷом шуд.