Фармондеҳи пешини нирӯҳои мухолифини тоҷик Мирзо Зиёев ва тарафдоронаш дар Тавилдара ба мақомоти давлатӣ таслим шудаанд.
Гуфта мешавад, фармондеҳи пешини мухолифин ва вазири собиқи ҳолоти изтирории Тоҷикистон Мирзо Зиёев, мулаққаб ба Мирзо Ҷага, дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои қудратӣ дар ҳудуди ноҳияи Тавилдара таслим шуда, аз шариконаш низ хостааст, силоҳи худро ба замин гузоранд ва ба давлат таслим шаванд. То кунун маьлум нест, ки оё Мирзо Зиёев боздошт ваё таслим шудааст. Дар ҳоле ки бархе манобеь мегӯянд, Зиёев ва шариконаш дар пайи як амалиёти вижа баьд аз 3 рӯзи рӯёрӯиҳо боздошт шудаанд, манобеьи наздик ба ин фармондеҳи пешин бар инанд, ки вай ба дунболи музокирот худ ризоият додааст, ки бо ёронаш силоҳҳои худро супурда, таслим шавад.
Бино ба ахбори расида, амалиёти таькиби афроди марбут ба Неьмат Азизов, мулаққаб ба “Шайх Неъмат”, ки ба даст доштан дар куштори як афсари артиш дар моҳи июн ва ҳамла ба посгоҳи милиса дар минтақаи Сафедхок дар таьрихи 8 июл муттаҳам мешавад, идома доштааст.
Хабари боздошти Мирзо Зиёев рузи 11 июл ибтидо тавассути хабаргузории "Азия Плюс" нашр шуд ва тайи руз аз тарафи хабаргузориҳо ва манобеьи дигар таьйид шуд.
Мақомоти умури дохилаи Тавилдара бидуни кадом ишора ба боздошти Мирзо Зиёев ва шариконаш гуфтаанд, масирҳои ба суи ноҳия акнун боз шуда, давлат посгоҳҳои гузоштааш дар роҳҳои мавзеьро бардоштааст.
Як сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ бидуни бурдани ном дар сӯҳбат бо хабаргузории Франс Пресс хабари боздошти Мирзо Зиёев ва 5 тан аз шарикони ӯро таъйид карда гуфтааст, ин боздоштҳо ба дунболи ҳамлаи шоми чоршанбе ба як посгоҳ дар наздикии маркази ноҳияи Тавилдара сурат гирифтааст. Ба гуфтаи манбаъи Франс Пресс, ҳамлаи шоми 8 июл 3 кушта барҷой гузошт.
Ва хабаргузории Ассошиэйтед Пресс аз қавли мақомоти додситонии Тоҷикистон навишт, Мирзо Зиёевро рӯзи шанбе аз Тавилдара ба Душанбе овардаанд, вале ин ниҳод дар ин бора ки Зиёев ба чӣ муттаҳам мешавад, изҳори беиттилоъӣ кардааст. Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар сохторҳои интизомии Тоҷикистон ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, эҳтимол дорад, Зиёев ба таъсиси гурӯҳи низомӣ, нигаҳдории аслиҳа ва омодагӣ ба ғасби қудрат муттаҳам шавад. Интерфакс зимнан шумори кушташудагон дар даргирии Сафедхокро 4 нафар баршумурдааст.
Боздошт ё таслим?
Бо ин ҳол, як тан аз афроди наздик ба Мирзо Зиёев дар Тавилдара бидуни бурдани ном ба Радиои Озодӣ гуфт, Зиёев боздошт нашуда, балки дар пайи музокирот бо мақомоти давлатӣ худро таслим кардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, Мирзо Зиёев аз ҳамроҳонаш низ хостааст, силоҳҳои худро ба шӯъбаи маҳаллии милиса таслим кунанд.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, вазорат дар садад аст, дар мавриди вазъи Тавилдара ба зудӣ иттилоъи расмӣ пахш кунад. Аммо то кунун кадом баёнияи расмие дар робита ба боздошти Мирзо Зиёев нашр нашудааст.
Дар Сафедхок чӣ гузашта буд?
Хабаргузории "Азия Плюс" ҳамзамон аз қавли манбаъаш дар мақомоти қудратӣ ҳамчунин дар бораи ҷузъиёти задухӯрди шоми 8 июл дар мавзеъи Сафедхоки Тавилдара хабар дода, аз қавли ин манбаъ менависад, дар он задухӯрд 3 нафар кушта шуда ва якеи дигар бо номи Қиёмуддин бар асари захмҳои дар он даргирӣ бардоштааш баъди ду рӯз даргузашт.
Манъбаъи "Азия Плюс" он ҳамларо кори дасти гурӯҳи марбут ба Неъмат Азизов медонад, ки дар гузашта дар вазорати ҳолоти изтирорӣ ифои вазифа мекард ва ба қатли як афсари вазорати дифоъ муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи манбаъи "Азия Плюс", дар пайи нокомии ҳамла ба посгоҳ дар минтақаи Сафедхок гурӯҳи Неъмат Азизов ба самти Чилдара фирор карда, аз Мирзо Зиёев кӯмак хостааст ва Зиёев дар натиҷа ба онҳо мепайвандад.
Манобеъи “Азия Плюс” мегӯянд, Зиёев ва ёронаш қасд доштаанд, ҳукумат ва шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Тавилдараро ғасб кунанд, вале нирӯҳои давлатӣ рӯзи 9 июл амалиёти муҳосираи гурӯҳи силоҳбадастро оғоз карданд, ки дар натиҷаи он рӯзи 10 июл Мирзо Зиёев бо 5 тан аз ёронаш ба мақомот таслим шуд.
"Кӯкнор-2009"
Дар авоили моҳи май сарусадоҳое буруз кард, ки мегуфт, фармондеҳи собиқи мухолифин Мулло Абдулло Раҳимов ҳамроҳ бо як идда афроди силоҳбадаст дар минтақаи Тавилдара пайдо шудааст. Эъзоми нирӯҳои изофии давлат ба минтақа ба оташи ин шоеъот равғани бештар рехт. Вале мақомот то кунун ҳузури ҳар навъ гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадастро дар он минтақа радд карда, мегуфтанд, эъзоми нирӯҳои изофӣ ба шарқи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби амалиёти “Кӯкнор-2009” сурат мегирад. Мақомот то кунун хабарҳо дар бораи вуқӯъи даргириҳо дар Тавилдараро низ радд мекарданд ва мегуфтанд, дар он маҳалл қочоқбарони маводи мухаддирро таъқиб мекунанд.
Вокунишҳо
Давлат Усмон, собиқ вазири иқтисоди Тоҷикистон: “Азбаски мо сулҳ кардем ва то имрӯз ҳам ба ғайр аз нерӯҳое, ки дар соли 1997 – 1998 сулҳро қабул накарданд ва пароканда шуда ба хориҷ фирор карданд, дигар ҳама қумандонҳо фикр намекунам, ки аз ин сулҳи ба даст омада пушаймон шудаву ягон нияти дигар дошта бошанд. Чунки бадтарин сулҳ аз дигар вазъият хубтар аст. Ба ҳамин хотир ман фикр намекунам, ки ҳеҷ яке аз раҳбарони собиқи мухолифин ва қумандонҳо дар фикри халалдор сохтани ин сулҳ бошанд. Вале дар сурате, ки Мирзо дар чунин як минтақа ба сар мебарад, нисбати ӯ чунин гумоне пайдо шудааст, вале баъди мушаххас шудани асли воқеа ва бегуноҳии ӯ ҳатман раҳо мешавад.”
Шарҳи ҳоли Мирзо Зиёев
Мирзо Зиёев соли 1960 дар рустои Хоҷаи Ҳиҷози ноҳияи Панҷи вилояти вақти Қӯрғонтеппа ба дунё омадааст. Ӯ техникуми саноатии Душанберо бо ихтисоси техник-топограф хатм карда, то соли 1992 дар зодгоҳаш – ноҳияи Панҷ ҳамчун топограф кор мекард. Зиёев дар соли 1992 ба ҳайъати нирӯҳои мухолифин пайваст ва дар пайи пирӯзии нирӯҳои Фронти халқӣ, ки дар поёни соли 1992 ҳукумати раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмонро сари кор овард, ба Афғонистон фирор кард.
Оғози ҷиҳод
Дар ҳайъати ҳукумат ва баъд
Мирзо Зиёев дар тобистони соли 1999 тибқи саҳмияи сидарсадии оппозисиюн ба ҳайъати ҳукумат омад ва вазири ҳолоти изтирории Тоҷикистон таъйин шуд. Зиёев дар ин симат то поёни ноябри соли 2006 кор кард ва ба дунболи интихоби дигарбораи Эмомалӣ Раҳмон ба курсии раёсати ҷумҳурӣ барканор шуд.
Ҳамагӣ 5 моҳ баъди ин Ожонси мубориза бо фасод эълон кард, ки ба таҳқиқи фаъолиятҳои вазорати ҳолоти изтирорӣ дар даврони раҳбарии Мирзо Зиёев пардохта, сирқати 129 000 сомониро дар ин идора кашф кардааст. Аммо бо гузашти беш аз 2 сол мақомот дигар нагуфтанд, ки таҳқиқи ин парванда оё ҳанӯз идома дорад ва агар ҳа, ба куҷо расидааст.
Мирзо Зиёев ба дунболи барканориаш аз ҳайъати ҳукумат гоҳе дар Душанбе, вале аксаран дар зодгоҳи бобоияш – Тавилдара дар як манзили сеошёна дар кӯчаи Вахёи маркази ноҳия ба сар мебурд.
Бино ба ахбори расида, амалиёти таькиби афроди марбут ба Неьмат Азизов, мулаққаб ба “Шайх Неъмат”, ки ба даст доштан дар куштори як афсари артиш дар моҳи июн ва ҳамла ба посгоҳи милиса дар минтақаи Сафедхок дар таьрихи 8 июл муттаҳам мешавад, идома доштааст.
Хабари боздошти Мирзо Зиёев рузи 11 июл ибтидо тавассути хабаргузории "Азия Плюс" нашр шуд ва тайи руз аз тарафи хабаргузориҳо ва манобеьи дигар таьйид шуд.
Мақомоти умури дохилаи Тавилдара бидуни кадом ишора ба боздошти Мирзо Зиёев ва шариконаш гуфтаанд, масирҳои ба суи ноҳия акнун боз шуда, давлат посгоҳҳои гузоштааш дар роҳҳои мавзеьро бардоштааст.
Як сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ бидуни бурдани ном дар сӯҳбат бо хабаргузории Франс Пресс хабари боздошти Мирзо Зиёев ва 5 тан аз шарикони ӯро таъйид карда гуфтааст, ин боздоштҳо ба дунболи ҳамлаи шоми чоршанбе ба як посгоҳ дар наздикии маркази ноҳияи Тавилдара сурат гирифтааст. Ба гуфтаи манбаъи Франс Пресс, ҳамлаи шоми 8 июл 3 кушта барҷой гузошт.
Ва хабаргузории Ассошиэйтед Пресс аз қавли мақомоти додситонии Тоҷикистон навишт, Мирзо Зиёевро рӯзи шанбе аз Тавилдара ба Душанбе овардаанд, вале ин ниҳод дар ин бора ки Зиёев ба чӣ муттаҳам мешавад, изҳори беиттилоъӣ кардааст. Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар сохторҳои интизомии Тоҷикистон ба хабаргузории Интерфакс гуфтааст, эҳтимол дорад, Зиёев ба таъсиси гурӯҳи низомӣ, нигаҳдории аслиҳа ва омодагӣ ба ғасби қудрат муттаҳам шавад. Интерфакс зимнан шумори кушташудагон дар даргирии Сафедхокро 4 нафар баршумурдааст.
Боздошт ё таслим?
Бо ин ҳол, як тан аз афроди наздик ба Мирзо Зиёев дар Тавилдара бидуни бурдани ном ба Радиои Озодӣ гуфт, Зиёев боздошт нашуда, балки дар пайи музокирот бо мақомоти давлатӣ худро таслим кардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, Мирзо Зиёев аз ҳамроҳонаш низ хостааст, силоҳҳои худро ба шӯъбаи маҳаллии милиса таслим кунанд.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, вазорат дар садад аст, дар мавриди вазъи Тавилдара ба зудӣ иттилоъи расмӣ пахш кунад. Аммо то кунун кадом баёнияи расмие дар робита ба боздошти Мирзо Зиёев нашр нашудааст.
Дар Сафедхок чӣ гузашта буд?
Хабаргузории "Азия Плюс" ҳамзамон аз қавли манбаъаш дар мақомоти қудратӣ ҳамчунин дар бораи ҷузъиёти задухӯрди шоми 8 июл дар мавзеъи Сафедхоки Тавилдара хабар дода, аз қавли ин манбаъ менависад, дар он задухӯрд 3 нафар кушта шуда ва якеи дигар бо номи Қиёмуддин бар асари захмҳои дар он даргирӣ бардоштааш баъди ду рӯз даргузашт.
Манъбаъи "Азия Плюс" он ҳамларо кори дасти гурӯҳи марбут ба Неъмат Азизов медонад, ки дар гузашта дар вазорати ҳолоти изтирорӣ ифои вазифа мекард ва ба қатли як афсари вазорати дифоъ муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи манбаъи "Азия Плюс", дар пайи нокомии ҳамла ба посгоҳ дар минтақаи Сафедхок гурӯҳи Неъмат Азизов ба самти Чилдара фирор карда, аз Мирзо Зиёев кӯмак хостааст ва Зиёев дар натиҷа ба онҳо мепайвандад.
Манобеъи “Азия Плюс” мегӯянд, Зиёев ва ёронаш қасд доштаанд, ҳукумат ва шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Тавилдараро ғасб кунанд, вале нирӯҳои давлатӣ рӯзи 9 июл амалиёти муҳосираи гурӯҳи силоҳбадастро оғоз карданд, ки дар натиҷаи он рӯзи 10 июл Мирзо Зиёев бо 5 тан аз ёронаш ба мақомот таслим шуд.
"Кӯкнор-2009"
Дар авоили моҳи май сарусадоҳое буруз кард, ки мегуфт, фармондеҳи собиқи мухолифин Мулло Абдулло Раҳимов ҳамроҳ бо як идда афроди силоҳбадаст дар минтақаи Тавилдара пайдо шудааст. Эъзоми нирӯҳои изофии давлат ба минтақа ба оташи ин шоеъот равғани бештар рехт. Вале мақомот то кунун ҳузури ҳар навъ гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадастро дар он минтақа радд карда, мегуфтанд, эъзоми нирӯҳои изофӣ ба шарқи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби амалиёти “Кӯкнор-2009” сурат мегирад. Мақомот то кунун хабарҳо дар бораи вуқӯъи даргириҳо дар Тавилдараро низ радд мекарданд ва мегуфтанд, дар он маҳалл қочоқбарони маводи мухаддирро таъқиб мекунанд.
Вокунишҳо
Давлат Усмон, собиқ вазири иқтисоди Тоҷикистон, бовар дорад, ки баъди мушаххас шудани асли воқеа ва бегуноҳии Мирзо Зиёев вай ҳатман озод хоҳад шуд
Олим Одилов, собиқ муовини сардори шӯъбаи пешини мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфтаи минтақаи Рашт: “Аз замони шурӯъи даргириҳои дохилии кишвар Мирзо Зиёевро ҳамчун як сарқумандон мешиносем ва эҳтиром мекунем. Дар мавриди қазияи Тавилдара ва боздошти ӯ чунин андеша дорам, ки воқеан то шамол нашавад дарахт намеҷунбад. Яъне ки ҳатман дар ин миён чизе ҳаст ва ягон сабабе ҳаст, ки боиси ин ҳодисаҳо шудааст. Чандест, ки мегӯянд, Мулло Абдулло бо як гурӯҳи бегона пайдо шудааст, ба минтақа нирӯи зиёде ҳам партофтанд, вале ба рӯзноманигорон ва ба мардум мегуфтанд, ки нирӯҳои давлатӣ барои амалиёти «Кӯкнор-2009» омадаанд ва асли воқеаро нагуфтанд, ҳарчанд баъдан маълум шуд. Ман фикр мекунам, ин хуб нест. Ҳукумат бояд бо ин мардум сари як миз нишаста, ба як хулоса ояд, то Тоҷикистон дубора ба ҷанги бародаркуш табдил наёбад. “Давлат Усмон, собиқ вазири иқтисоди Тоҷикистон: “Азбаски мо сулҳ кардем ва то имрӯз ҳам ба ғайр аз нерӯҳое, ки дар соли 1997 – 1998 сулҳро қабул накарданд ва пароканда шуда ба хориҷ фирор карданд, дигар ҳама қумандонҳо фикр намекунам, ки аз ин сулҳи ба даст омада пушаймон шудаву ягон нияти дигар дошта бошанд. Чунки бадтарин сулҳ аз дигар вазъият хубтар аст. Ба ҳамин хотир ман фикр намекунам, ки ҳеҷ яке аз раҳбарони собиқи мухолифин ва қумандонҳо дар фикри халалдор сохтани ин сулҳ бошанд. Вале дар сурате, ки Мирзо дар чунин як минтақа ба сар мебарад, нисбати ӯ чунин гумоне пайдо шудааст, вале баъди мушаххас шудани асли воқеа ва бегуноҳии ӯ ҳатман раҳо мешавад.”
Шарҳи ҳоли Мирзо Зиёев
Мирзо Зиёев соли 1960 дар рустои Хоҷаи Ҳиҷози ноҳияи Панҷи вилояти вақти Қӯрғонтеппа ба дунё омадааст. Ӯ техникуми саноатии Душанберо бо ихтисоси техник-топограф хатм карда, то соли 1992 дар зодгоҳаш – ноҳияи Панҷ ҳамчун топограф кор мекард. Зиёев дар соли 1992 ба ҳайъати нирӯҳои мухолифин пайваст ва дар пайи пирӯзии нирӯҳои Фронти халқӣ, ки дар поёни соли 1992 ҳукумати раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмонро сари кор овард, ба Афғонистон фирор кард.
Оғози ҷиҳод
Мирзо Зиёев, собиқ фармондеҳи нерӯҳои иттиҳоди мухолифини тоҷик ва вазири пешини ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон
Ӯ соли 1994 ҳамроҳ бо як гурӯҳи бузурги нирӯҳои мухолифин марзро дубора гузашт ва дар ҳудуди ноҳияи Тавилдара, ки ватани бобоии ӯст, мустақар шуд. Тавилдара дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон як саҳнаи аслии даргириҳои сангин байни нирӯҳои давлат ва мухолифин буд пирӯзиҳову пешрафтҳои муҳими Мирзо Зиёев дар ҷабҳаи Тавилдара исми ӯро дар радифи фармондеҳони аввали мухолифин овард.Дар ҳайъати ҳукумат ва баъд