Як масъалае, ки дар гузоришҳо қаблан низ гуфта шуда ва расонаҳо имрӯз низ ба он ишора кардаанд, дархости мақомот аз Мирзо Зиёев, собиқ фармондеҳи кулли нирӯҳои Иттиҳоди пешини мухолифини тоҷик ва вазири собиқи ҳолоти изтирории Тоҷикистон, барои мусоидат ба ҳалли қазия будааст. Расонаҳо навиштанд, гӯё гурӯҳи ба истилоҳ норозӣ ва мусаллаҳ пешниҳоди миёнҷигарии Мирзо Зиёевро радд кардааст. Аммо Мирзо Зиёев низ то феълан омодаи сӯҳбат бо хабарнигорон нашуда, вале дар айни замон, ин хабарро радд ҳам накардааст.
Вале ҳамкори дигари мо Маҳмуди Шодӣ дар ноҳияи Тавилдара қарор дорад ва мегӯяд, Мирзо Зиёев дар як маросими дафн дар мавриди авзоъи минтақа изҳори назар карда ва гуфтааст, ҳеҷ нирӯе наметавонад суботи минтақа ва мардумро ба ҳам бизанад. Мирзо Зиёев аз мардум низ хостааст, ки ҳушёр бошанд ва аз ваҳдату суббот ва оромӣ пуштибонӣ кунанд.
Рӯзи ҷумъа рӯзномаи «Коммерсант», чопи Маскав, низ бо ишора ба идомаи амалиёти «Кӯкнор-2009» ва эъзоми нирӯҳо ба шарқи Тоҷикистон, навишт, «ҳадаф аз амалиёт дар ин минтақа нигаронӣ аз ҳузури гурӯҳи мусалаҳе бо сардории Мулло Абдулло, аз фармондеҳони пешини мухолифин аст ». Ва «Кӯкнор-2009» унвон гирифтани ин амалиёт, (ба навиштаи расонаҳои русӣ), навъе рӯпӯш кардани ҳадафи аслии амалиёт аст». Рӯзномаи «Коммерсант» ҳатто ба теъдоди афроди мусаллаҳ ишора мекунад ва менависад, гӯё Мулло Абдулло ҳатто фурсати мулоқот бо мӯсафедони минтақаро низ доштааст.
Аммо мақомоти маҳаллӣ ин иддаоро радд мекунанд. Саидалӣ Мусофиров, раиси ноҳияи Дарвоз ба хабарнигори Озодӣ гуфтааст, ки ҳамаи ин овозаҳо ҳеҷ заминае надоранд. Раиси Дарвоз таъкид намудааст, ки ин овозаҳо дар заминаи меҳмон шудани ду сокини шаҳри Душанбе дар манзили шаҳрванд Неъмат Азизов пайдо шудаанд. Аммо ин ду нафар баъди меҳмонӣ ба хонаҳояшон баргаштаанд ва шаҳрвандони мулкӣ ва осоиштаи Тоҷикистон будаанд, на каси дигар. Ба гуфтаи оқои Мусофиров, фардо дар ҷамоаи Сағирдашт, ҳатто ҷашнвораи ҷавонони ноҳия барпо хоҳад шуд.
Ба ҳамин тартиб, 8 рӯз аз оғози амалиёти «Кӯкнор-2009» пушти сар мешавад. Рӯзи ҷумъа ба рағми рӯзҳои гузашта то замони таҳияи ин гузориш маълумоти расмие низ дар мавриди натиҷаҳои ин амалиёт нашр нашудааст. Вале камокон, нирӯҳои эъзомӣ дар мавзеъҳои қаблии худ мустақаранд ва авзоъро бадиққат таҳти назорат доранд. Ва бо гузашти ҳар рӯз сару садо ва овозаи бештаре дар атрофи вазъи минтақаҳои шарқӣ ба вуҷуд меояд ва бозтоби он низ дар расонаҳо рӯшантар мешавад.