Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Asia-Plus: “Дар ҷустуҷӯйи Мулло Абдулло”


Нашрияҳои чопи Душанбе
Нашрияҳои чопи Душанбе

Овозаи нооромиҳо дар шарқи Тоҷикистон ин ҳафта то саҳифаи бархе аз нашрияҳои чопи Душанбе роҳ ёфтааст.

“Азия-Плюс” дар саҳифаи аввали худ акси Мирзо Зиёев, собиқ фармондеҳи аршади Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсион ва вазири собиқи умури изтирориро чоп карда, мусоҳибаи кӯтоҳи ихтисосиеро бо ӯ анҷом додааст. Ин матлаб “Дар ҷустуҷуйи Мулло Абдулло” унвон дорад ва натиҷаи як сафари хабарнигори “Азия-Плюс” ба ноҳияи Тавилдара барои ҷустуҷуйи Мулло Абдуллост, ки тибқи овозаҳо гӯиё бо як гурӯҳ ҳамроҳони мусаллаҳаш барои баҳам задани вазъ дар Тоҷикистон ба ин минтақа ворид шудаанд.

Генерал Мирзо Зиёев дар сӯҳбат ба хабарнигори “Азия-Плюс”, ки мегӯяд, то хонаи ӯ роҳи тӯлониеро тай карда, дидор намудааст, вазъ дар Тавилдараро дар маҷмӯъ ором арзёбӣ кардааст. Вай ба саволи хабарнигор дар бораи ин ки оё эъломи амалиёти “Кӯкнор–2009” дар ин минтақа то куҷо ҳақиқат дорад, гуфтааст, намехоҳад дар ин бора баёнияе бигӯяд, то ин амалиёти давлатӣ халал бинад. Вале гуфтааст, дар ин рӯзҳое, ки мақомот дар ин минтақа кӯкнор меҷӯянд, ба хонаи ӯ муовини вазири дифоъи Тоҷикистон Ғайрат Адҳамов низ омадааст.

Аммо ӯ ба суоли ин ки оё дарвоқеъ барои музокироти миёни як гурӯҳи мусаллаҳ ва ҳукумат миёнравӣ мекунад, гуфтааст, агар як чунин миёнравӣ лозим бошад, бидуни амре аз сӯйи мақомот иҷро хоҳад кард. Дар идомаи посухаш Мирзо Зиёев ишора кардааст, ки дар ин чанд рӯзи ахир бо гурӯҳи одамоне низ дидор карда, аз онҳо хоҳиш намудааст, то оромӣ дар минтақаро халалдор накунанд. Бар иловаи ин, ба гуфтаи генерал Зиёев, то замоне ки ӯ зиндааст, талоши худро барои суботи минтақа сарф хоҳад кард.

Дар идомаи сӯҳбаташ бо хабарнигори “Азия-Плюс” ин вазири собиқи ҳукумати Раҳмон гуфтааст, ки ҳоло аз сиёст канор рафта, аксари вақт ба иҷрои корҳои хона, бахусус, парвариши харбуза машғул аст. Вай гуфтааст, карйераи сиёсии ӯ бо муваффақият хотима ёфт, яъне ба қавли худи ӯ, Мирзо Зиёев бо сулҳ ба мансаб расида, бо сулҳ аз мансаб рафтааст.

Аммо бархе аз сокинони минтақа ба хабарнигори ин нашрия гуфтаанд, ки Мулло Абдулло дарвоқеъ дар наздикии гарданаи Хобуработ ба сар мебарад ва ӯ танҳо нест. Ба гуфтаи бархе аз сокинони Тавилдара, тақрибан сад мусаллаҳи чечен, узбак, араб низ ҳамроҳи Мулло Абдуллоянд. Мулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло, аз фармондеҳони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешин аст, ки соли 1999, баъди он ки сулҳи ду ҷонибро напизуруфт, бо ҷамъе аз зердастанаш ба Афғонистон рафт.

Ҳафтаномаи дигаре, ки ба ин мавзӯъ бо нигоҳи фарохтаре назар афкандааст, нашрияи сиёсии “Фараж” аст ва ин нашрия низ дар саҳифаи аввали худ бо ҳарфҳои бузурге “Тавилдара ором аст!” навиштааст. Аммо дар идомаи он суол гузоштааст, ки кӣ орзу дорад, субҳи Тоҷикистонро тира бубинад. Ин нашрия овозаи ба хоки Тоҷикистон гузаштани Мулло Абдулло бо нафарони мусаллаҳ, пайдо кардани як махфигоҳ дар Душанбе, таҳдиди намояндаи баландпояи ҷунбиши Толибон ба Тоҷикистону Эронро ҳалқаи як занҷир донистааст.

Ва “Фараж” аз нашрияи русии “Комерсант”, ки танҳо ин нашрия ҳузури Мулло Абдуллоро бо як боварӣ тасдиқ мекунад, танқид карда ва онро шӯру валвале беш надонистааст. Нашрияи “Ҷомеа” низ ба ин мавзӯъ дахл карда, дар як матлаби кӯтоҳе вазъ дар Тавилдараю Дарвозро, ки дар бештар аз даҳ рӯзи гузашта тибқи овозаҳо “ноором” буд, ором арзёбӣ кардааст.

Вале нашрияҳои дигари мустақили Тоҷикистон ин мавзӯъро то ҳанӯз дар саҳифаҳои худ инъикос накардаанд. Ё танҳо бо чопи иттилои кӯчак аз расонаҳои хориҷӣ дар ин бора иктифо варзидаанд.
XS
SM
MD
LG