Таъсиси воҳиди нави низомӣ дар Сағирдашт

Дар маркази деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз баталйони зудамали вазорати дифои кишвар таъсис меёбад.
Раиси ҷамоати деҳоти Сағирдашт Исмоил Мирзоев изҳор дошт, ки корҳои омодагӣ ба таъсиси баталйон идома дошта, интизор меравад аз моҳҳои оянда, пас аз расидани техника ва такмили ҳайати афсару сарбозонаш ба фаъолият шурӯъ кунад.

Ба гуфтаи Мирзоев, ин баталйони зудамал дар мақари чунин як воҳиди низомӣ, ки солҳои қаблӣ дар минтақа таъсис ёфта, вале пас аз ба эътидол омадани авзоъ барҳам дода шуд, аз нав барқарор мегардад.

Дар ҳамин ҳол раиси ҷамоати деҳот дар мавриди то чӣ андоза вобаста будани зарурати таъсиси баталйони зудамал ба ташаннуҷи эҳтимолии авзоъ ва ба ҳалокат расидани се хизматчии ҳарбии Вазорати дифои кишвар дар ҳолатҳои номаълум дар маҳалли Сағирдашт худдорӣ варзида, гуфт, ки чунин ҳаводис агар ба вуқӯъ омада бошанд ҳам, берун аз ҳудуди ҷамоати Сағирдашт рух додаанд.

Қаблан раиси вилоят Қодири Қосим дар нишасти хабарӣ оид ба таъсиси ду баталйони зудамали вазорати дифои кишвар изҳори назар карда гуфт, ки ин воҳидҳои низомӣ ба хотири таҳкими ҳифозати марз ва ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир дар марз бо Афғонистон таъсис меёбанд.

Аммо коршиносон тасмими таъсиси баталйони зудамалро, ки алҳол на дар марз, балки дар дохили ҳудуди вилоят - маркази деҳоти Сағирдашт арзи вуҷуд мекунад, ба нигаронӣ аз ташаннуҷи эҳтимолии авзоъ дар минтақа дар робита бо вуруди эҳтимолии афроди муссаллаҳи ғайриқонунӣ вобаста медонанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомот авзоъро ором арзёбӣ намуда гуфтанд, ки ҷашни вилоятии Рӯзи Ваҳдат дар маркази деҳоти Сағирдашт баргузор мешавад. Аммо ба иттилои намояндагони мақомот, Рӯзи Ваҳдат тавре, ки интизор мерафт, на дар деҳоти Сағирдашт, балки бинобар чораҳои амниятӣ дар маркази ноҳияи Дарвоз таҷлил хоҳад шуд.