Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се афсари марзбон дар Дарвоз


Тоҷикистонро аз Афғонистон дар Дарвоз рӯди Панҷ ҷудо мекунад
Тоҷикистонро аз Афғонистон дар Дарвоз рӯди Панҷ ҷудо мекунад

Алайҳи 3 афсари қисми марзбонии мустақар дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз бо иттиҳоми мусоидат ба шаҳрвандони тоҷику афғон дар убури ғайриқонунии марз парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Аммо ба гуфтаи ёвари додситони низомии гарнизони Хоруғ Мамадвафо Мамадвафоев ба ин далел, ки таҳқиқи ҷиноёти марбут ба халалдор сохтани амнияти давлатӣ марбути вазорати амнияти кишвар аст, аз ташреҳи бештари ин қазия худдорӣ кард. Додситони ҳарбии гарнизони Хоруғ, ки алҳол дар ноҳияи Дарвоз қарор дорад, ба далели мӯҳри махфият доштани чунин парвандаҳо, низ аз ҳар навъ изҳори назар дар ин бора худдорӣ варзид.

Аммо ба гуфтаи манбаъҳо дар ноҳияи Дарвоз, ин афрод дар наздикии маҳалли Роғак бар ивази фоидаи молӣ барои убуру мурури ғайриқонунии шаҳрвандони тоҷику афғон шароит фароҳам сохта, ахиран боздошт шудаанд ва ва феълан ин хати убури марз баста шудааст. Ин 3 афсар дар пасманзари бурузи сарусадоҳо пиромуни пайдо шудани афроди ношинос ва шубҳабарангез дар маҳалҳои наздик ба Тавилдара ва фирори ду хонаводаи тоҷикистонӣ ба Афғонистон тавассути убури ғайриқонунии марз дар минтақаи Дарвоз боздошт шудаанд.

Дар 31 майи соли 2007 Муқимшоҳ Муҳаббатов, муовини фармондеҳи як қисми марзбонӣ дар минтақаи Дарвоз аз ҷониби афроди ношинос кушта шуда буд. Гуфта мешуд, ки ба ҷони ин афсари тоҷик маҳз қочоқбарони афғон сӯъиқасд кардаанд. Аммо бо вуҷуди гузашти ду сол аз он сӯъиқасд то ҳол хабари кашф ва ё боздошти қотилони Муқимшоҳ Муҳаббатов нашр нашудааст.

Талоши мусоидат ба убури ғайриқонунии марз дар гузаргоҳҳои марзии байни Тоҷикистону Афғонистон дар гузашта низ ҷой доштааст. Чанд сол қабл дар гузаргоҳи марзии Тем чунин як кӯшиши мусоидат ба тиҷорати ғайриқонунӣ пешгирӣ шуда, соли гузашта бо ҳукми додгоҳ як сержант ва ду сарбози қисми марзбонии мустақар дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим бо ҷурми сӯъиистифода аз ваколати хизматӣ муҷозот шуданд. Ин афрод ба мусоидат ба вуруди ғайриқонунии як мошин сигори бидуни аксиз тавассути гузаргоҳи марзии Лангар муҷрим дониста шуданд.
XS
SM
MD
LG