Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, Ҷумъабой Саидов, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ узви гурӯҳи Абдулло Раҳимов – мулақаб ба «Мулло Абдулло» буд, дар даст доштан ба ҷиноёти сангин муттаҳам карда мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Ҷумаъабой Саидов дар латукӯби шаҳрванд Табаров Н. дар моҳи майи соли 1996 ва ҳамлаи ғоратгарона ба истироҳатгоҳи «Оби Гарм» дар ноябри соли 1996 муҷрим маҳсуб мешавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки як ҳафта қабл мақомоти Тоҷикистон Музаффар Нуриддинов, сокини ноҳияи Нуробод ва узви гурӯҳи дигари мухолифи давлат - Фатҳулло Тоҷиддинов, мулақаб ба «Эшони дароз»-ро боздошт кардаанд. Тафтишот муайян кардааст, ки Музафар Нуриддинов низ ҳамроҳ бо Мулло Абдулло солҳои 90-ум ба ҷиноятҳои сангин даст задааст. Аз ҷумла вай дар куштани ду маъмури шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Файзобод дар соли 1998 муҷрим маҳсуб мешавад.
Манобеи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ироаи иттилои бештар дар бораи боздошти нафарони алоқаманд ба Мулло Абдулло худдорӣ мекунанд. Аммо ин боздоштҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки дар шарқи Тоҷикистон мақомоти ин кишвар амалиёти густурдаи низомиеро бо номи «Кӯкнор-2009» оғоз карданд. Ҳарчанд мақомот шоеот дар бораи вуруди дастаи Мулло Абдулло ба ноҳияи Тавилдараро рад карда, таъкид кардаанд, ки ин амалиёт ба боздошти Мулло Абдулло иртибот надорад. Дар гузашта, шоеоте дар бораи вуруди дастаи Мулло Абдулло ба ноҳияи Тавилдара аз Афғонистон паҳн шуда гуфта мешуд, ин амалиёт алайҳи гурӯҳи Мулло Абдулло нигаронида шудааст.
Сару садоҳое буд, ки Мулло Абдулло бо нишони норозигӣ аз сулҳи гурӯҳҳои мухолифи ҷанги шаҳрвандиии Тоҷикистон соли 1999 қаламрави Тоҷикистонро бо аъзои дастааш тарк карда, то кунун солҳои тулонӣ дар Афғонистон ба сар мебурдааст.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мегцяд, дар рафти амалиёти «Кӯкнор-2009» афроди зиёде дар кишвар, аз ҷумла дар шарқи Тоҷикистон, барои даст доштан ба гардиш ва кишти маводи мухадир боздошт шудаанд. Аммо ӯ дар мавриди боздошти афроди мутааллиқ ба дастаи Мулло Абдулло дар шарқи Тоҷикистон изҳори бехабарӣ кард.
Аммо коршиносон мегӯянд, боздошти нафарони алоқаманд ба Мулло Абдулло собит мекунад, ки эҳтимол ҳадафи аслии мақомот аз амалиёти «Кӯкнор-2009» фаротар аз танҳо маҳви майдонҳои кишти кӯкнор бошад.