Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу қасд дорад, дар гуфтугӯ бо раисиҷумҳури Амрико ба масъалаи барномаи ҳастаии Эрон тамаркуз кунад.
Дар ин бора мушовири сарвари Исроил дар умури амнияти миллӣ Ази Арад хабар дод. Ин сафар дар ҳоле оғоз мегардад, ки Обама ва Нетаняҳу ба ташкили кишвари Фаластин ва истиқрори сулҳ дар Ховарӣ Миёна назари мухолиф доранд. Ази Арад дар остонаи парвози Бенямин Нетаняҳу ба Вошингтон гуфт, “сарвазир ба мавзуи барномаи ҳастаии Эрон тамаркуз хоҳад кард ва на танҳо ба хотири он ки хадамоти амниятии Исроил онро хатарӣ воқеӣ мешуморанд, балки бо сабаби он, ки Эрон дар самти наздик шудан ба қобилияти низомии ҳастаӣ ба пешравиҳои чашмрас ноил гаштааст”. Вай афзуд, ки ҷилавгирӣ аз дастёфтани Эрон ба ин тавоноӣ ҳадафи муштараки ҳам Исроил ва ҳам Амрико мебошад.
Ин дар ҳолест, ки дар мусоҳибааш бо маҷаллаи “Нюсвик” Обама, ки мехоҳад Эронро ба гуфтушунидҳо ба мавзӯъҳои мухталиф, сар карда аз барномаи ҳастаиаш то ба вазъи Афғонистон, ҷалб намояд, гуфт мехоҳад Нетаняҳуро мутмаин кунад, ки бархурди Амрико беҳтарин интихобест. Обама ба вижа иброз дошт, ки мехоҳад ба Исроил ҳамчун ҳампаймон муроҷиат намуда фаҳмонад, ки ба бархурди Амрико бояд шонсе дода шавад ва ин бархурд амниятро на танҳо ба ИМА, балки ба Исроил ҳам ваъда мекунад ва ин интихоби беҳтарин аст.
Дар авоили моҳи ҷорӣ вазири корҳои хориҷаи Исроил Авигдор Либерман гуфта буд, ки агар Эрон фаъолиятҳои ҳастаиашро то моҳи август хотима набахшад, қудратҳои ҷаҳонӣ бояд алайҳи Теҳрон иқдом кунанд. Мақомоти Исроил мегӯянд, агар аз роҳи дипломатӣ нашавад Эронро ба хотимаи ғанигардонии ураниум водор намуд, имкони ҳамлаи низомӣ ба Эонро ҳеҷ кас сарфи назар намекунад.
Мавқеи Нетаняҳу ба ташкили давлати мустақили Фаластин низ аз дидгоҳи Обама фарқ мекунад ва ҳангоме, ки хабарнигорон аз мушовираш суол карданд, ки оё Нетаняҳу ибораи “ду давлат барои ду миллат”ро истифода хоҳад кард ё хайр, Ази Арад ба савол посух надод. Ва ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои мақомдорони амрикоӣ зимни музокирот Обама барои эҳёи раванди музокироти сулҳи Ховари Миёна ба қабули ин усул пофишорӣ хоҳад кард.
Нетаняҳу баракс бар ин ақида аст, ки музокирот бояд бештар ба мавзӯъҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва сиёсӣ бахшида шавад. Ва аммо фаластиниҳо қотеона иброз намуданд, ки то замоне, ки Нетаняҳу алоқамандиашро ба нақшаи ташкили ду давлати мустақил эълом накунад ва ба бунёди шаҳрчаҳои яҳудинишин дар Канораи Бохтарии руди Урдун хотима надиҳад, онҳо бо вай сари мизи музокирот намешинанд.
Қарор аст, Нетаняҳу дар Воишнгтон се рӯз монда, рузи сешанбе дар конгресси Амрико, ки пуштибонии Исроил дар ин ниҳод хеле қавист, нишасти бузург баргузор кунад.