Ин талошҳо таҳти сарпарастии Иёлоти Муттаҳида ҷараён доранд ва қарор аст, то поёни имсол байни исроилӣ ва фаластинҳо созиш ҳосил гардад.
Аммо таҳлилгарон бар инанд, ки истеъфои Олмурт ва тағйири ҳукумат дар Исроил метавонад, чунин созишро халалдор кунанд ва ҳатто ба таъхир гузоранд.
Тасмими истеъфо, ки сарвазири Исроил Эҳуд Олмурт гирифтааст, ба андешаи таҳлилгарон, имкониятҳои бе ин ҳам заъифи сулҳи Ховари Миёнаро ба маротиб коҳиш медиҳад. Зери фишори иттиҳомоти фасод ва пажӯҳиши ҷиноӣ, Олмурт изҳор дошт, ки дар моҳҳои наздик ва бо интихоб шудани раиси нави ҳизбаш аз мақоми сарвазир истеъфо хоҳад дод. Интихоботи ҳизбӣ ба 17-уми сентябр таъин шудааст. Олмурт ҳамзамон ишора кард, ки тасмими ӯ ба гуфтушунид бо фаластинӣ ва суриёниҳо таъсире нахоҳад дошт.
Ин ақидаи Олмуртро музокиракунандаи аршади фаластиниҳо, Сойиб Ареқот низ тасдиқ кард: "Мо ба талошҳои расидан ба созиш то поёни сол идома медиҳем. Мо хоҳони тавофуқоти нимаӣ, миёнабур ё ҳар чизе камтар аз созиши комил дар ҳамаи масъалаҳо нестем."
Иёлоти Муттаҳида низ гуфтааст, талоши хешро дар ин самт тағйир намедиҳад ва мутмаин аст, ки истеъфои Олмурт ба музокирот таъсир нахоҳад дошт.
Аммо чандин коршиноси исроилӣ ва фаластинӣ мегӯянд, аз саҳна поин шудани Олмурт гуфтушунидҳои Исроилу фаластиниҳо ва Исроилу Сурияро ба мушкил рӯбарӯ хоҳад кард. Аз нигоҳи онҳо бо вуҷуди дастовардҳои ками воқеъӣ дар музокироти Исроил бо фаластиниҳо, Олмурт шахсест, ки дарвоқеъ расидан ба чунин сулҳро мехоҳад.
Профессори Донишгоҳи Бар Илани Тел Авив, Менаҳем Клейн мегӯяд, "Олмурт иродаи инро нишон дод, ки мехоҳад ба пеш ҳаракат кунад. Чунин ҳолат ба Бенямин Нетаняҳу нисбате надорад."
Ин таҳлилгар беҳуда номи Нетаняҳуро ба забон наовард, зеро дафъатан пас аз изҳороти Олмурт, раҳбари ҳизби Ликуд, рақиби сарсахти ҳизби Қадимаи Олмурт, ба интихоботи зудҳангом даъват кард ва мутмаъин аст, ки дигарбора ба курсии сарвазир хоҳад нишаст. Назарсанҷиҳо ниишон медиҳанд, ки Нетаняҳу ва ҳизби ӯ шадидан мухолифи ба арабҳо бозгардондани қисме аз қаламравҳо мебошанд.
Бархе аз таҳлилгарон бар инанд, ки мумкин аст, сиёсати ҳизби Олмурт низ дар пайванд бо раҳбари ояндаи он дастхуши тағйирот шавад.
Коршиноси фаластинӣ, Ҳанӣ ал-Масрӣ мегӯяд, агар Олмуртро вазири умури хориҷии ҳукуматаш, Тзипи Ливнӣ иваз кунад, ҳанӯз метавон ба ҳаракат дар роҳи сулҳ умед баст, вале агар вазири нақлиёт Шоул Мофаз пирӯз гардад, гуфтушунид ба маротиб мушкилтар хоҳад гашт.
Талҳилгари дигари фаластинӣ. Абдулмаҷид Суаллим, устоди улуми сиёсӣ дар Донишгоҳи Қудси Ромуллоҳ гуфтааст, истеъфои Олмурт оғози марҳилаи сиёҳе дар раванди сулҳ хоҳад буд. Аммо Суаллим ин эҳтимолро рад намекунад, ки дар фурсати боқимонда ва махсусан давраи гузор Олмурт метавонад, раванди сулҳро чандин қадам пештар баранд, зеро қонунҳои Исроил барканории сарвазирро дар давраи гузор салоҳ намедонанд.
Сафири пешини Исроил дар Амрико, Итамар Рабинович гуфт, ин гуна хушбин нест. Вай гуфт, дар фурсати боқимонда дар беҳтарин ҳолат танҳо чаҳорчӯби гуфтушунид сохта хоҳад шуд, лекин тавофуқ ба даст нахоҳад омад. Дар моҳҳои гузашта гуфтугӯ бо фаластиниҳо ва суриёниҳо натиҷа надод, акнун гумон аст, бидиҳад, гуфт Рабинович.