Барандаи интихобот ҳукумати навро таъсис хоҳад дод ва намояндаи он ба курсии сарвазир хоҳад нишаст. Хабаргузориҳо мегӯянд, дар интихоботи имрӯза рақобат асосан байни ду ҳизб - Ликуд ва Кадима ба мушоҳида расид.
Вазъият ва рӯҳияе, ки имрӯз дар Исроил ҳоким аст, ба онҳое дар интихоботи порлумонӣ кӯмак мекунад, ки хостори бартарии ҳарбии ин кишваранд. Душман дар паси дар ба маънии иттиҳод ва зӯргӯӣ таблиғ мешавад. Бенямин Нетаняҳу, сарвазири собиқи Исроил ва пешвои ҳизби Ликуд мегӯяд, "дар 24 соати гузашта як мушаки Қасам ба шаҳраки Сдерот бархӯрд. Магар нав аст? На! Тағйир куҷост? Куҷост ҷавоби ваъдагии мо? Ҷавоби дандоншикан! Аммо ҷавоб танҳо хомӯшист."
Ин ишораҳо ба рақиби Ликуд дар интихобот - ҳизби ҳокими Кадима аст, ки раҳбари он, вазири умури хориҷӣ Тзипӣ Ливнӣ тамоми ҳассосияти интихоботро ба хубӣ дарк мекунад: "ин як сабқати нӯг ба нӯг аст. Мубориза барои ояндаи давлати Исроил аст. Набарди шадиде барои ҳар як овоз. Бархе аз таҳдидҳо ҳарф мезананд. Ман ба ҳокимияте бовар надорам, ки бар тарс асос ёфта бошад. Ман ба ташхиси таҳдид ва ҳалли он бовар дорам."
Низоми интихоботии Исроил аз як сӯ бисёре аз воқеъиятҳои сиёсии ин кишварро бозтоб медиҳад, аммо аз сӯи дигар сабаби асосии шикасти ҳукуматҳо дар ташкили эътилофҳои устувор аст. Дар ин интихоботи порлумонӣ на номзадҳои алоҳида, балки фақат ҳизбҳо бо ҳам сабқат мекунанд. Ҳизбҳое, ки аз монеаи дударсадӣ гузаштанд, ба порлумон роҳ меёбанд ва ҳизбе, ки беш аз ҳама раъй гирифт, ҳукуматро таъсис медиҳад.
Порлумони Исроил ё кнессет 120 курсӣ дорад ва ҳанӯз ба ягон ҳизб муяссар нашудааст, ки аксарият, яъне 61 курсиро дар ин маҷлис ишғол кунад. Дар натиҷа, ҳар ҳизби пирӯз маҷбур аст, аз роиҳ гуфтушунид ва додуситад, ҳукумати эътилофӣ таъсис диҳад.
Ҳарчанд ҳар дафъа зиёда аз 30 ҳизб барои ҳузур дар порлумон вориди сабқати интихоботӣ мешаванд, танҳо аз як ҳиссаи онҳо монеаи қонуниро убур мекунанд. Чунончи, 31 ҳизб дар интихоботи соли 2006 мубориза карда, танҳо 12-тои онҳо аз пуштибонии кофии раъйдиҳандагон бархӯрдор шуд. Рақобати асосӣ байни ду ҳизби бузургтарини Исроил ба амал меояд, ки яке Ликуди ростгаро ва дигаре ҳизби феълан ҳоким ва марказгарои Кадима мебошад.
Тафовути аслии байни ин ду ҳизб муносибат ба фаластиниҳост. Кадима хостори гузашт ва сулҳи воқеъӣ бо фаластиниҳо буда, аз андешаи таъсиси ду давлати Исроил ва Фаластин дар паҳлуи якдигар пуштибонӣ мекунад. Аммо Ликуд мегӯяд, фаластиниҳо ба сулҳ омода нестанд.
Ҳизбҳои дигари хурдтар аз мазҳабгароёни яҳудия, бознишастагон, ҳомиёни муҳити зист ва арабҳои сокини Исроил иборатанд. Нақши ин аҳзоб дар худи порлумон метавонад, чандон назаррас набошад, аммо дар таъсиси ҳукумати эътилофӣ ҳар кадоме аз онҳо метавонад гоҳе нақши ҳалкунанда касб намояд.
Дар интихоботи 10-уми феврал, гуфта мешавад, чунин нақш насиби ҳизби "Йисроил Бейтену" шуда метавонад. Муассиси он, муҳоҷир аз шӯравии собиқ Авигдор Либерман бо шиорҳои шадиди зиддиарабӣ ба саҳна омада, ҳоло дар ҷои савум қарор дорад. Таҳлилгарон мегӯянд, Либерман метавонад, раҳбари ҳукумати ояндаро муайян кунад ва эҳтимолан дар фазои ғуборолуди баъд аз ҷанги Ғазза ин ҳизб аз Ликуди сахтрав пуштибонӣ кунад ва Кадимаи мӯътадилро канор гузорад. Дар сурате ки агар Ликуд ва Кадима бо ҳам муросо накунанд.