Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии СММ аз таъсиси давлати фаластиниҳо


Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ва дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ва дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун

Шӯрои амнияти СММ дар як овоздиҳии шоми душанбе бо иттифоқи оро барои ташкили давлати мустақили Фаластин мувофиқат кард.

Раъйдиҳӣ дар Шӯрои Амният як ҳафта пеш аз шурӯи боздиди расмии нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу бо раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама дар Вашингтон баргузор шуд. Сафири Амрико дар СММ Сюзан Рейс гуфт, Обама тааҳҳуд кардааст, ки дар моҳҳои оянда бо азми қавӣ дар самти эҷоди сулҳи миёни ду давлати Фаластину Исроил кор кунад. Вазири хориҷии Русия Сергей Лавров, ки раҳбари феълии Шӯрои амнияти СММ мебошад, аз ҳарду ҷониб - ҳам Исроил ва ҳам Фаластин даъват кард, ки барои расидан ба ин ҳадаф ҳамкорӣ кунанд.

Шӯрои амнияти СММ ба тадбирҳои сареъ дар амри воқеӣ шудани ташкили як давлати мустақили Фаластин ва инчунин дастёбӣ ба сулҳи куллӣ дар Ховари Миёна даъват кард. Дар изҳороте, ки аз ҷониби ҳамаи 15 вазири хориҷии кишварҳои узви ин шӯро дар охири нишаст қабул шуд, ба зарурати бо азми қавӣ андешида шудани тадбирҳои сареъ дар амри ҳамзистии ду давлати мустақил таъкид шуд.

Вазири хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки изҳороти мазкур аломати он аст, ки СММ барои эҷоди сулҳ дар минтақа хоҳиши хеле зиёд дорад. Вай гуфт: "Шӯрои амният дар ин изҳороти худ омодагии қатъиро барои идомаи кӯмакҳо дар амри пешравии ҷонибҳо ба самти сулҳ баён кард. Маълум аст, ки фақат дар ҳамкорӣ, бар пояи ҳуқуқии ҳамаҷониба эътирофшуда, ки ба таври мушаххас дар изҳорот таъкид шудааст, ба муваффақият даст ёфтан мумкин аст. Аъзои Шӯро ҷонибҳоро даъват мекунанд, ки музокираҳоро на аз сифр, балки бар пояи қарорҳои мавҷудаи Шӯро ва созишҳову машваратҳои дар миёни онҳо ҳосилшуда дубора шурӯъ кунанд".

Аз Лавров инчунин мавқеи Русия дар заминаи даъватҳои Либия ва Туркия суол шуд, ки оё бо масъалаи Ҳамос чӣ гуна бархӯрд хоҳад шуд. Ӯ гуфт: "Иртиботи мо бо Ҳамос идома дорад ва мо онҳоро фаъолона водор мекунем, ки ба таври бунёдӣ болои иқдомҳои ҷавобгӯи масоили мардуми Фаластин тамаркуз кунанд. Ин масъала пеш аз ҳама ба барқарории ваҳдати миллии миёни мардуми Фаластин марбут аст, ки ҳамчунон ба гунаи нав садо медиҳад, чунки то дирӯз баъзе кишварҳо аз баррасии ин масъала худдорӣ мекарданд ва мегуфтанд, ки фақат бо як қисмати ҷомеаи Фаластин кор хоҳанд кард".

Дар изҳороти Шӯрои амнияти СММ даъват мешавад, ки дигар тавсеаи шаҳракҳои яҳудинишин дар манотиқи Яҳудия, Самария ва Ғазза хотима ёфта ин манотиқ ба қаламрави давлати нави арабӣ, яъне Фаластин гузаранд. Исроил то ин вақт мудохилаи Шӯрои амниятро ба он чи ки "умури дуҷонибаи кишварҳо" арзёбӣ мекунад, рад кардааст. Лавров инчунин гуфт, ки як пешравии сиёсӣ бояд на танҳо дар равобити Исроилу Фаластин, балки инчунин дар масоиле, ки Сурияву Лубнонро дар бар мегирад, ҳосил шавад.

Маъмурияти пешини Исроил ба раҳбарии нахуствазир Эҳуд Олмерт аз ҳамзистии ду давлати мустақили Исроилу Фаластин ҷонибдорӣ кардааст, яъне ҳамонгуна ки эъломияҳои Шӯрои амният тақозо мекунад. Аммо ба фарқ аз ин, сарвазири кунунии ин кишвар Бенямин Нетаняҳу дар заминаи бунёди як давлати соҳибистиқлоли Фаластин ҷиддан шубҳа кардааст. Лавров дар ин замина гуфт, ки ин масъаларо бо аҳзобу ҷумбишҳои мухталифи сиёсии Исроил баррасӣ мекунад ва аз ҳизби миллатгарои Авигдор Либерман ба унвони мисол ёд кард.

Сафири Амрико дар СММ Сюзан Райс гуфт, ки фурсати дастёбӣ ба ин ҳадафҳо набояд аз даст равад ва талошҳо барои бунёди ду давлати мустақил аз ҳамин ҷиҳат ҳам бояд дучанд бештар шавад. Дар ҳамин ҳол, дабири кулли СММ Бан Ки Мун ва Вазири хориҷаи Фаронса Бернар Кушнер Исроилро барои ҷилавгирӣ аз вуруди ғизо ва маводи тиббӣ ба Ғазза интиқод карданд. Дар нишасти ахири Шӯрои амният намояндаи Исроил иштирок накард.
XS
SM
MD
LG