Freedom House дар гузориши "Шохиси озодии матбуот - 2009" мегӯяд, бӯҳрони саросарии иқтисодӣ ба озодии матбуот таъсири манфӣ мегузорад.
Созмони ҳомии озодии матбуот Freedom House ё худ Хонаи Озодӣ дар қароргоҳи марказиаш дар шаҳри Ню - Йорк натиҷаи таҳқиқоти вазъи матбуот дар соли 2009-умро, ки бо номи Индекси озодии матбуот маъруф мебошад, ба табъ расонд. Ба қавли муаллифони гузориш бӯҳрони саросарии молӣ ба муҳити расонаҳои хабарӣ дар тамоми олам зиён расонд, ки он дар шакли коҳиши маблағгузорӣ ва назорати шадидтари матбуот зуҳур намуд.
Freedom House таъкид кардааст, ки бузургтарин маҳдудшавии озодии матбуот дар Аврупои Марказиву шарқӣ ва ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ ҷой доштааст.
Freedom House индекси озодии матбуотро бар пояи мизони дастрасӣ ба матбуоти чопӣ, расонаҳои электронӣ ва интернет дар давоми сол таҳия намуда, кишварҳоро ба се гурӯҳ - озод, қисман озод ва ғайриозод ё худ маҳрум аз озодӣ - тақсим кардааст.
Дар танзими индекс фазои ҳуқуқии фаъолияти матбуот, фишорҳои сиёсӣ, ки таҳияи гузоришҳо таъсир мегузоранд ва ҳамчунон омилҳои иқтисодӣ, ки ба дастрасии иттилоъ таъсир мегузоранд, мадди назар гирифта шудаанд.
Ҳамин тариқ ,ба ақидаи созмони Freedom House, соли 2008-ум тақрибан 56% мардуми сокини кишварҳои Аврупои марказиву шарқӣ ва собиқ ҷамоҳири Шӯравӣ ба истинои кишварҳои соҳили Балтик дар фазои ғайриозод ба сар бурдаанд. Муаллифони гузориши Freedom House мегӯянд, ки сарфи назар аз таърихи муштарак, яъне ҳокимиятдории коммунистон дар қарни гузашта, кишварҳои ин минтақаи бузург дар масъалаи эҳтироми ҳуқуқи сиёсӣ ва озодии маданӣ аз ҳам фарқ доранд.
Кристофер Волкер(Christopher Walker) ,мақоми баландпояи созмони Freedom House, ки яке аз муаллифони Индекси озодии матбуот ба шумор меравад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бӯҳрон ба кишварҳои собиқ коммунистии Аврупои марказиву шарқӣ ба монанди Маҷористон, Полша ва ё Лаҳистон ва Ҷумҳурии Чех ҳеҷ асаре нагузоштаву дар ин мамолик озодии матбуот ба таври комил ҳифз шудааст. Вале ба қавли Волкер дар аксари ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ вазъи бӯҳронӣ ба мақомоти худкома имкон дод, ба воситаи кумакҳои молӣ баъзе расонаҳои мустақилро ба худ наздик кунаду садоҳои мухолифро хомӯш.
Волкер меафзояд, дар таъқиби матбуоти озод дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ шаш сол инҷониб Русия пешдастӣ дорад ва Freedom House сар аз соли 2003-ум Русияро аз гурӯҳи кишварҳои қисман озод ба гурӯҳи ғайриозод интиқол дод: "Он чизе ки дар Русия ба чашм мехӯрад, ин фишори муназзаму собит рӯи расонаҳои хабарии ин кишвар дар давоми чанд соли ахир ва ҳамчунон соли гузашта аст, ки сабабҳои гуногун дорад: аз ҷумла набудани додгоҳи мустақил, ки озодиҳои матбуотро ҳимоя кунад, ва бар илова худсонсурии расонаҳо, ки сол то сол афзоиш меёбад. Хулласи калом, система имкон намедиҳад, ки баҳси бамаънии масъалаҳои алтернативии Русия доир гардад."
Созмони Freedom House аз миёни 12 кишвари собиқ шӯравӣ, ба истинои се ҷумҳурии соҳили Балтик ,10 кишварро ғайриозод унвон додааст, ки аз ин байн се кишвар - Беларус, Узбакистон ва Туркманистон - дар миёни даҳ кишвари поймолкунандаи озодии матбуот ҷои намоён доранд. Волкер изҳор намуд, ки Узбакистону Туркманистон чандин сол боз дар рӯйхати поймолкунандагони озодиии матбуот ва ҳуқуқи башар ҷой доранд, вале соли гузашта муаллифони гузоришро поиншавии мизони озодии матбуот дар Қирғизистон ба ҳайрат овардааст: "Усулан, ин қарори берун кашидани пахши барномаҳои Радиои Аврупои Озод Радиои Озодӣ аз шабакаи давлатӣ мебошад, ки баъд аз он фишор рӯи расонаҳои мустақили ин кишвар бештар ба мушоҳида мерасид."
Зимнан, соли 2008-ум мақомоти Озарбойҷон низ пахши барномаҳои расонаҳои электронии хориҷӣ дар қаламрави ин кишварро манъ карда, чандин дафъа рӯзноманигорони мустақилро боздошту ҳабс, вале баъдан раҳо намудаанд. Freedom House дар поёни гузоришаш таъкид кардааст, ки адами мавҷудияти додгоҳи мустақил ва набудани шароити ҳифзи рӯзноманигорон дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҳамоно мояи нигаронии ин созмони ҳомии озодиҳои башар боқӣ мемонад.