Сайдалӣ Алимов, муовини раиси ҷамоъаи тоҷикони вилояти Красноярск, воқеъ дар бахши сибирии Русия мегӯяд, 50 дар сад кам кардани квота ба вазъи кору зиндагии муҳоҷирони сершумори тоҷик метавонад таъсири сахт бирасонад. Намояндаи ҷамоъаи тоҷикони Красноярск гуфт, бештари тоҷикон дар сохтмонҳо кор мекунанд. Корфармоён ҳам акнун бо баҳонаи бӯҳрони молӣ 30 дар сади музди кори моҳҳои ахири онҳоро надоданд ва коҳиши квота дар ин раванд таъсири бештар хоҳад дошт.
Путин рӯзи 4 декабр тайи гуфтугуи мустақими телевизионӣ дар посух ба саволи як хонуми маскавӣ дар мавриди хатари афзоиши бекорӣ дар Русия гуфт, эҳтимоли афзоиши бекорӣ то ду миллион нафар дар миён аст ва бо назардошти вазъи мураккаб дар бозори кор квотаро ҳадди аккал то 50 дар сад коҳиш бояд дод.
Дар тавзеҳ ба дидгоҳи Путин намояндаи Созмони ҷаҳонии кор дар Русия Наталия Шербакова мегӯяд, агар квота ба ҳамин шакли пешниҳодии Путин тасдиқ шавад, барои миллионҳо мардуме, ки бо доштани ҳуқуқи рафту омади бидуни раводид ба Русия дар талаби кор меоянд, дарди сари зиёд эҷод хоҳад кард. Ба ҳамин манзур, коршинос ба мақомоти кишварҳое, ки шаҳрвандонашон ба Русия барои кор мераванд, машварат дод, то бо назардошти тақозои ҷониби пазиранда тадбирҳои мушаххас биандешанд, то мардуми овора ҷабр набинад.
Раиси Бунёди созмонҳои муҳоҷирини Русия Лидия Графова дар ишора ба корпартоии бинокорони тоҷик дар Екатеринбург ба ин назар аст, ки бояд барои дарёфти квота мақомоти маҳаллӣ талош намоянд, зеро муҳоҷирон танҳо дар заминаи квота ҳуқуқи кор ба даст меоранд.
Бино ба омори як конфронси хос, ки ахиран дар Маскав баргузор шуд, 650 ҳазор нафар аз Тоҷикистон феълан муҳоҷиранд. 93 дар сади онҳо дар Русия ба сар мебаранд. Солона онҳо аз Русия ба Тоҷикистон то 2 миллиард доллар мефиристанд. Дар ин конфрос гуфта шудааст, дар Тоҷикистон пойгоҳи низоми Русия мустақар аст ва сармояи Русия дар он ҷо муҳофизат мешавад. Ва агар Русия сармоягузории худро ба иқтисодиёти Тоҷикистон фаъол намояд, муҳоҷирон ба ватанашон боз хоҳанд гашт, навиштааст рӯзномаи маскавии «Комсомолская правда».