Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муносибат ба мушкилоти мардикорон


Оё «Шаҳраки муҳоҷирин» дар канори Екатеринбург ва як сарпаноҳ дар Хуҷанд кулли машокили мардикорону бепарасторонро бароварда мекунад?

Даҳҳо созмонҳои ҷамъиятӣ аз Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (ба ҷуз Туркманистон) 16-уми сентябр дар шаҳри Хуҷанд доир ба мавзӯъи ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирин ва мубориза бо қочоқи инсон як ҳамоиши байнулмилалӣ доир карданд.
Дар ин ҳамоиш, ки се рӯз идома кард, созмонҳои ҷамъиятии Русия, ба сифати як кишвари аслии воридкунандаи муҳоҷирин, Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон, ҳамчун кишварҳои содиркунандаи мардикорон, ва Қазоқистон, умдатан ба ҳайси кишвари дорои роҳи убурии муҳоҷирин, ширкат доштанд. Аксари ҷамъомадагон бар ин буданд, ки беҳуқуқӣ ва мушкилиҳои зиёди будубош дар Русия ҳанӯз гиребонгири муҳоҷирин аз Осиёи Марказӣ аст.
Созмонҳои ҷамъиятии ба ҳамоишомада изҳор доштанд, ки метавонанд дар ҳалли мушкилот ва таъмини ҳуқуқи муҳоҷирон нақши муассир бигиранд. Вале, ба гуфтаи сарвари намояндагии Созмони байнулмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон Зайнал Гоҷиев, ҳалли масоъил ва мушкилоти умдаи муҳоҷирин аслан тавассути шартномаҳои байнидавлатӣ ва барномаву чорабиниҳои ҳукуматӣ, инчунин бо кӯшиши созмонҳои ҷамъиятӣ муяссар мешавад. Ба бовари ӯ, созмонҳои ҷамъиятӣ дар матраҳ кардани мушкили муҳоҷирин, ҳимоят аз ҳуқуқҳои онҳо, омӯзиши касбу кор ва забонҳои кишварҳои муҳоҷират метавонанд хидматҳое ба анҷом расонанд.
Лаҳзае аз ҳамоиш. Оё ин семинарҳо мушкилоти мардикоронро осон карда метавонанд?
Иштирокдорони ҳамоиш ишора намуданд, ки аз таҷрибаи кумак ба муҳоҷирин ва таъмини ҳуқуқи онҳо бархурдоранд. Леонид Гришин, сарвари созмони ҷамъиятии «Уральский дом» (Русия) изҳор намуд, ки аз ҷониби ин созмон ба муҳоҷирини корӣ силсилаи хадамоти гуногунро пешниҳод мекунад. Ба гуфтаи ӯ, даъват, сабти ном, қабул, таҳияи санади иҷозаи кор ва таъмин бо ҷойҳои кору зистро ҳам созмони «Уралский дом» бар дӯш гирифтааст. Дар ҳамин ҳол, Л. Гришин мутазаккир шуд, ки чунин таҷрибаи ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирини тоҷик барои қисмати бисёр ками онҳо дахл дорад ва теъдоди умдаи муҳоҷирини тоҷик дар Русия ҳамоно дар ҳолати беҳуқуқӣ ва маҳрумият аз одитарин ҳуқуқҳои инсонӣ дар шароити сахту сангин, аз ҷумла дар таҳхонаву гаражҳо, ба сар мебаранд.
Бо назардошти чунин вазъ, маркази хадамоти муҳоҷирати шаҳри Екатеринбург дар садади бунёди як шаҳраки муҳоҷирин, бо фароҳам сохтани хобгоҳҳо барои 6 000 мардикор аз Осиёи Марказист, ки сохтмони он бояд то охири соли оянда анҷом ёбад.
Дар Тоҷикистон фаъъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ умдатан аз доираи нашри брошурҳои ҳуқуқи муҳоҷир, қоъидаҳои муҳоҷират ба Русия ва ҳушдорҳо аз амрози ҷинсӣ ва гузаранда берун нарафтааст.
Ҳарчанд ҳар сол, бино бар маълумоти расмӣ, аз вилояти Суғди Тоҷикистон ҳудуди 300 000 кас ҷиҳати мардикорӣ ба хориҷи кишвар мераванд, аммо ягон хадамоти муҳоҷират, ки воқиъан аз ҳуқуқи онҳо дифоъ кунад, вуҷуд надорад.Ва ин ҳам дар ҳолест, ки, ба гуфтаи Рафоат Бобоева, сарвари созмони «Чашмаи ҳаёт»-и шаҳри Хуҷанд, дар дохили Тоҷикистон низ ҳуқуқи кӯдакон ва калонсолони мардикор риъоят намешавад. Ва созмони мазкур, ба таъйиди ӯ, ба наврасоне, ки дар ватани худ ночор ба мардикориву талбандагӣ рӯ овардаанд, дасти мадад дароз крдааст. Ӯ инчунин ишора кард, ки созмони «Чашмаи ҳаёт» 48 навраси мардикор ва талбандаро аз кӯчаву бозор зери як сарпаноҳ гирд оварда, пас аз нигоҳубин ва таълим онҳоро ба хонаҳои кӯдакон ва ё манзилҳои худашон баргардонидааст. Хонум Бобоева афзуд, ки ин созмон имкони бо ҷои зист таъмин кардани на ҳама чунин наврасонро дорад.

Рафоъат Бобоева ҳамчунин мутазаккир шуд, ки муҳоҷирини кории тоҷик дар ҳоле аз давлати Тоҷикистон таъмини ҳуқуқи худро чашмдор шуда метавонанд, ки кӯдакони мардикор ва бесаробону талбандаи тоҷик дар ватанашон барои худ паноҳгоҳи амн ва, ҳадди ақалл, дорои шароити одии зиндагӣ пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG