Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақши муҳоҷирин дар равандҳои сиёсии кишвар


Чунин ба назар мерасад, ки ҳам ҳукумат ва ҳам аҳзоби сиёсии Тоҷикистон барои касби нуфуз ва тавсеаи пойгоҳи иҷтимоии худ миёни муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия ба рақобат пардохтаанд.

Раванди муҳоҷирати васеи тоҷикон ба хориҷ аз замони ҷанги шаҳрвандии кишвар дар солҳои 90 оғоз мешавад. Дар ин давра бахши умдаи муҳоҷирин барои ҳифзи ҷону тани худ кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Туркманистон, Қазоқистон ва ниҳоят Русияро макони амну осуда дарёфтанд. Вале дар ниҳояти амр маҳз ҳамин омили муҳоҷирин дар хориҷ, ки пойгоҳи иҷтимоии яке аз нерӯҳои сиёсии кишварро таъмин ва ташкил мекард, боис шуд, ки ҳар ду ҷониби даргир ба сулҳу созиш даст ёбанд.

Мушоҳидаҳо ҳокист, ки афзоиши раванди муҳоҷират ба хориҷ , ки ҳоло аслан ва амалан хислати иқтисодӣ касб карда, ва ба худ номи

муҳоҷирати кориро гирифтааст, таваҷҷӯҳи ҳукумати кишвар ва аҳзоби сиёсиро беш аз пеш ба сӯи худ мекашад. Ва метавон гуфт, ки ин навбат муҳоҷирон на ҳамчун василаи таъмини суботу оштӣ ва эҳроми фишор ба ҷониби дигар, балки ҳамчун сармояи сиёсӣ ва ё пойгоҳи иҷтимоӣ ҷалби таваҷҷӯҳ кардаанд.

Соли гузашта бархе аз роҳбарони иттиҳодияҳои иҷтимоии тоҷикони Русия ҷиҳати таъсиси як ҳизби алоҳидаи муҳоҷирини тоҷик талош карданд, ки мояи ташвишҳо дар Душанбе шуд ва мақомот таъсиси чунин ҳизберо, ки дар хориҷ аз қаламрави кишвар фаъолият кунад, аз пеш ғайриқонунӣ қазоват карданд. Дар ин миён масъулони бахше аз диаспораҳои тоҷикони муқими Русия бо ҳадафи таъсиси як Иттиҳоди воҳид Анҷумани тоҷикони муҳоҷир дар ин кишварро созмон дода, ва муваффақ ба сабти расмии он низ шуданд, ки аз сӯи бахши дигари диаспораҳои тоҷикии Русия эътироф нагардид ва ин гурӯҳ аз муҳоҷирин ҷониби сабтиномшударо кори дасти ҳукумат арзёбӣ карданд. Талошҳои мушобеҳ аз сӯи сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон низ бо ҳадафи таъсиси Созмони тоҷикони Қазоқистон сурат гирифт, аммо ахбори расида аз он ҳикоят мекунад, ки ин иқдом номуваффақ ба анҷом расидааст.

Эмомалӣ Раҳмон - раисҷумҳури Тоҷикистон ва роҳбари ҲХДТ низ зимни мусофираташ ба Русия дар баҳори соли равон бо намояндагони Иттиҳоди тоҷикони Русия мулоқотҳо анҷом дод. Дар моҳи гузашта бошад Муҳиддин Кабирӣ-раиси ҲНИТ ва вакили порлумони Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия, ки шумори зиёди муҳоҷирони корӣ ба сар мебаранд, мусофират карда, бо онҳо дидору мулоқотҳо анҷом дод. Вале як чунин мусофират ва мулоқот ва ба истилоҳи мардумӣ «аҳволпурсиҳо»-ро бо муҳоҷирини тоҷики муқими шаҳрҳои Русия ҳанӯз Муҳаммадрӯзӣ Искандаров - раиси дар банди ҲДТ ва Раҳматулло Зоиров-раиси ҲСДТ дар арафаи интихоботи порлумонии соли 2005 анҷом дода буданд.

Ба ин тартиб, ҳоло, ки барои баргузории интихоботи нави порлумонӣ дар кишвар чизе бештар аз як сол боқӣ мондааст, ба тахмини коршиносон, талошҳо барои дарёфти ҳимоят ва пуштибонии муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ аз сӯи ҳукумат ва неруҳои сиёсӣ афзоиш меёбад. Зеро муҳоҷирин на танҳо сармояи рӯзгори хонаводаҳоро таъмин мекунанд, балки мавқеъ ва назари онҳо дар чунин маъракаҳои муҳимми сиёсӣ ба мисли интихобот муҳим ва муфид хоҳад буд. Ва агар ин нуктаро ҳам ба назар бигирем, ки шуморе аз ин муҳоҷирин соҳиби сармояи чашмгире шудаанд ва дар сурати дастёбӣ ба пуштибонии онҳо

аҳзоб метавонад аз онҳо истифода кунад, пас муҳоҷирини тоҷик ҳам пойгоҳи иҷтимоии қавӣ, ҳам сармояи сиёсӣ ва ҳам сармояи иқтисодӣ дар ояндаи наздик хоҳанд шуд.

Барои баррасии паҳлӯҳои мухталифи мавзӯъ мо сӯҳбати мизи гирдеро бо ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва таҳлилгарони тоҷик ташкил кардаем. Ва дар ин сӯҳбат: Мӯсо Асозода- раиси ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ҳикматулло Сайфуллозода-узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ, Давлатшо Шонусайриев-узви раёсати ҲСДТ ва Абдуғаффори Камол- таҳлилгари тоҷик ширкат карданд.

XS
SM
MD
LG