Дар ин шумораи «Садои Ҳамватан»:
-Оё хатари ронда шудани муҳоҷирони кории тоҷик аз сохтмонҳое, ки дучори бӯҳрони молӣ шудаанд, вуҷуд дорад?
- Чаро муҳоҷирони кории тоҷик дар вилояти Свердлов мехоҳанд ба узвияи иттиҳодияҳои коргарӣ дароянд?
- Оилае дар Панҷакент мегӯяд, набуди мардон дар хонавода рӯзгори онҳоро ба душворӣ рӯбарӯ кардааст.
- Як мард аз деҳи Ғовосиёни ноҳияи Рашт, ки дар Русия гум шуда буд ва ӯро мурда мехонданд, пайдо шуд ва ба Ватан баргашт.
~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~
Вақтҳои ахир дар матбуоти Русия хабарҳое ба табъ мерасад, ки дар натиҷаи бӯҳрони молӣ баъзе корхонаҳои сохтмонӣ дар Маскав ва атрофи он муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва коргарони ғайриҳирфаиро аз кор кор меронанд. Гузашта аз ин, Сергей Кошман, муовини раиси вилояти Маскав гуфтааст, дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ гурӯҳҳои муҳоҷирони корӣ дар сурати маҳрум шудан аз ҷои кор ба осонӣ метавонад ба гурӯҳҳои ҷинояткор
пайванданд. Аммо Кароматулло Шарипов, раиси ҷунбиши умумирусиягии "Муҳоҷирони кории тоҷик" ба гурӯҳҳои ҷиноӣ пайвастани муҳоҷирони кории тоҷикро истисно донист:
"Чунин гуфтаҳо замина надорад. На танҳо муҳоҷирони Тоҷикистон, балки муҳоҷирон аз кишварҳои СНГ ҷиноят намекунанд. Махсусан, муҳоҷирони тоҷик бо музди хеле кам ҳам кор мекунанд. Сухан гуфтани рӯзноманигорони Федератсияи Руссия дар ин бора нодуруст аст" .
Баъзе корхонаҳои Русия ба баҳонаи бӯҳрони молӣ аз пардохти дастмузди муҳоҷирони кории тоҷик худдорӣ мекунанд ва ҳатто дар сурати саркашии муҳоҷирон пулисро даъват мекунанд ва ба баҳонаи надоштани ҳуҷҷати зарурӣ тавассути пулис онҳоро аз кор меронанд. Кароматуллоҳ Шарипов ин нуктаро таъйид мекунад ва мегӯяд, чунин муносибат бо муҳоҷирони корӣ ҳатто дар солҳои пеш низ вуҷуд доштааст:
"Соли 2007 зиёда аз 20 миллион рубли русӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд, баргардонида нашуд. Он вақт кризиси ҷаҳонӣ вуҷуд надошт. Лекин имсол зиёда аз 40 миллион рубл, яъне ду маротиба зиёд пардохт нашудааст. Раҳбарони корхонаҳо ва корфармоёни Русия, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон корро пешниҳод кардаанд, инро вобаста ба кризиси имрӯза медонанд".
Аз эҳтимол дур нест, ки пардохт нашудани музди кор аз сӯи корфармоёни рус дар оянда сабаби тарки ҷои кор ё ронда шудани муҳоҷирони корӣ шавад. Аммо Анатолий Кузнетсов, муовини раиси хадамоти муҳоҷиратии Руссия 6-уми ноябр дар як нишасти хабарӣ гуфт, то ҳол чунин намуна мушоҳида нашудааст ва бӯҳрони иқтисодӣ сабаби аз кор рондани муҳоҷирони кории хориҷӣ нашудааст.
Барномаи "Садои Ҳамватан" барои тавзеҳоти бештари вазъи воқеъӣ ба Бурӣ Каримов, коршиноси умури иқтисодии тоҷики муқими Маскав муроҷеъа кард ва вай дар мусоҳибае гуфт, ки бӯҳрони саросарии молӣ дар Русия ва кишварҳои дигаре, ки муҳоҷирони тоҷик кор мекунанд, то чӣ андоза таъсир гузоштааст. Мусоҳибаи Бӯрӣ Каримро метавонед бо пахши ишораи аудио дар кунҷи рости болоии ин сафҳа бишнавед. Ҳамон ҷо ҳамчунин шумо метавонед гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав Муҳаммадраҳими Сайдарро низ пайдо бикунед.
Гузориши дар он бора аст, ки дар шароити кунунӣ, ки ҳар корфармои рус метавонад муҳоҷири кориро худсарона ва бидуни пардохти дастмуздаш аз кор биронад, мумкин аст ташкили иттиҳодияҳои коргарӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ба нафъи муҳоҷир бошад. Чунин ба назар мерасад, ки ба ҷамъияти муҳоҷирони кории тоҷик дар вилояти Свердлов муяссар шудаст, то дар ин роҳ қадамҳои нахустинро бардоранд.
::::::::::::::::::::
Бисёре аз муҳоҷирони кории тоҷик дар солҳои муҳоҷират ба Русия хонаводаҳои худро дар зодгоҳашон танҳо гузоштаанд. Занон бо кӯдакон танҳо мондаанд ва бори рӯзгор комилан бар дӯши онҳост. Ба баъзе аз чунин хонаводаҳо бародарон ё падару модарон дар Ватан кӯмак мекунанд, вале хонаводаҳое низ ҳастанд, ки таку танҳо мондаанд ва бо назардошти зимистони сарди соли гузашта ва камбуди барқу гоз онҳо дар остонаи зимистони кунунӣ ба ташвиш афтодаанд. Ҳамкори мо Шоҳини Равшан дар Панҷакент дар шаҳр ба ҳолпурсии яке аз чунин хонаводаҳо рафт ва аз он ҷо барои ин шумораи барнома гузорише фиристод.
::::::::::::::::::::
Аз солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон ба ин сӯ шуморе аз сокинони ин кишвар барои наҷоти худ Тоҷикистонро тарк кардаанд ва касе дар бораи онҳо маълумот надорад. Сипас шуморе дигар дар ҷустуҷӯи кор ба Русия ё кишварҳои дигар рафтаанд ва аз худ дарак надодаанд. Фахриддини Салоҳ, сокини ноҳияи Рашт яке аз онҳост. Хешовандони вай 16 сол аз вай хабар надоштанд ва баъд аз ҷустуҷӯҳои тӯлонӣ, ба қавле "маросими хайру худоии даргузашти Фахриддин"-ро низ дода буданд. Вале барои хонаводаи онҳо "мӯъҷиза" рух дод. Чӣ "мӯъҷиза"? Ҳамкори мо Маҳмуди Шодӣ дар ноҳияи Рашт дар гузоришаш ин мӯъҷизаро боз мекунад.