Равобити байнибонкии СҲШ

Чаҳорумин нишасти Шӯрои иттиҳодияи байнибонкии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Хуҷанд дар рӯзи 26 – уми август бо имзои як санади ҳамкорӣ ва пазируфтани Бонки Авруосиёии Рушд ба узвият анҷом ёфт.

Иттиҳодияи байнибонкӣ дар чаҳорчӯби СҲШ бо намояндагии шаш бонк аз ҳар кишвари узви ин созмон аз соли 2005 ба ин сӯ арзи вуҷуд мекунад. Сагиндинов Муқан – раиси давраии иттиҳодияи мазкур, ҳамзамон, раиси бонки рушди Қазоқистон гуфт, тӯли ин муддат иттиҳодияи байнибонкӣ дар роҳандозии барномаҳои густардаи иқтисодӣ чандон муваффақ набудааст. Ба гуфтаи вай, ҳарчанд кишварҳои ғанӣ ва соҳибсармояи Русияву Чин ва Қазоқистон дар доираи ин иттиҳодия тарҳҳои муштаракеро рӯи даст даст доштанд, аммо кишварҳои ниёзманди Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистон аз дарёфти сармоя ва татбиқи барномаҳои муштарак барканор монданд.

Дар нишасти Хуҷанд Сагиндинов Муқанро намояндаи Русия Владимир Дмитриев, раиси корпоратсияи «Бонки рушд ва фаъолияти иқтисодии хориҷаи Русия» иваз кард ва ҳамин гуна, Русия сарварии ин ниҳоди муҳимро дар ихтиёри худ даровард. Зимнан, оқои Дмитриев зимни суханронӣ гуфт, ки ҷониби Русия аз фаъолияти ин иттиҳодия қонеъ нест ва ба зарурияти ҳамкорӣ ва рушди бисёрҷабҳаи кишварҳои узви Иттиҳодия таъкид кард.

Дар нишасти Хуҷанд сарони бонкҳои шомили иттиҳодияи байнибонкии СҲШ

умдатан зарурати такмили ин ниҳод ва роҳандозии ҳамкориҳои чандҷониба, ба вуҷуд овардани механизми ваколат ва бимаи сармоягузориро таъкид карданд. Тоҷикистонро дар иттиҳодияи мазкур то ҳамин сол Бонки миллӣ намояндагӣ карда, дар нишасти Хуҷанд онро «Амонатбонк» иваз кард.


Маҳмадамин Маҳмадаминов – раиси «Амонатбонк» гуфт, онҳо барномаҳое дар самти кишоварзӣ, инфрасохтор, роҳ, бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ пешниҳод намудаанд. Ӯ гуфт, яке аз ин барномаҳо, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод гардид, обёрии 15 ҳазор гектар замини ноҳияи Мастчоҳ бо усули қатраборон мебошад.

Чин сарони бонкҳои узви ин иттиҳодияро барои нишасти навбатӣ дар моҳи июни соли 2009 ба кишвараш даъват кардааст.