Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи нишасти сарони СҲШ


Қабл аз нишасти сарони кишварҳо, моҳи июл дар Душанбе нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонҳой баргузор шуда буд.
Қабл аз нишасти сарони кишварҳо, моҳи июл дар Душанбе нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонҳой баргузор шуда буд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой масоили таъмини амнияти минтақа, авзоъ дар Афғонистон, мубориза муқобили қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ ва ҳамчунин фаъолияти минбаъдаи созмон мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Вале бо таваҷҷӯҳ ба нақш ва мавқеи Русия дар ин созмон ва рӯёрӯии вай бо Гурҷистон интизор меравад, қазияи Гурҷистон рӯи нишасти мазкур соя афканад. Ба хусус Русия, ки барои низоъ бо Гурҷистон аз сӯи кишварҳои аврупоӣ ва НАТО таҳти фишор қарор гирифтааст, талош хоҳад кард, барои пуштибонӣ аз худаш дар саҳнаи ҷаҳонӣ садоҳоеро аз ин нишаст баланд кунад.

Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ва Ӯзбакистон аз кишварҳои узви Шонгҳой ва ҳамзамон ИДМ ва аз шарикони суннатии Русия дар ин маврид тақрибан, ки сукут ихтиёр карда буданд, дар ин нишаст бо роҳбарияти Русия рӯбарӯ хоҳанд шуд ва бо дарназардошти берун шудани Гурҷистон аз ин ИДМ бештари коршиносон ҳадс мезананд, ки ин мавзӯъ ҳам дар сӯҳбатҳо хоҳад чархид.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба тавофут аз НАТО созмони низомӣ нест ва роҳбарони кишварҳои узви он низ пайваста ба ин нукта таъкид кардаанд, ки созмон алайҳи кадом кишвар ва ё созмоне дигар ҳадафи ҷабҳагирӣ карданро надорад.

Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон - раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар ин навбат раҳбари даврии ҷаласоти Шонгҳой низ мебошад, дар сӯҳбат ба хабаргузории Синҳуаи Чин ба ин нукта таъкид кардааст. Оқои Раҳмон аз ҷумла гуфтааст: «Муносибатҳои байнидавлатии навъи нав дар фазои СҲШ аз мафкураи «ҷанги сард» комилан озоданд. Ин барномаи нави амният асоси бунёди Созмон мебошад».

На Русия, на Чин ва на давлатҳои дигари узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба бунёди иттифоқи ҳарбии худ кӯшиш намекунанд. Дар ҳамаи ҳуҷчатҳои Созмон таъкид мешавад, ки «дӯстии мо ба муқобили ягон мамлакати дигар равона нашудааст.»

Дар нишасти матбуотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин гуфта шуд, ки дар оғози нишасти роҳбарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой сафари давлатии раисҷумҳури Чин ва дар хатми он сафари расмии Дмитрий Медведев – раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт.

Равобити миёни Чин ва Тоҷикистон дар ду соли ахир ба таври қобили мулоҳиза пеш рафта ва Чин дар ҳоли ҳозир бо тахсиси ҳудуди 900 миллион доллар дар тарҳҳои мухталифи Тоҷикистон, сохтмони ҷодаҳо, туннел ва хутути баландшиддати барқ фаъолона ширкат дорад. Қарор аст, дар ҷараёни сафари раисҷумҳури Чин асноди ҳамкорӣ дар заминаи бунёди неругоҳҳои барқӣ ба имзо бирасад.

Дар доираи нишасти роҳбарони созмони Шонгҳой дар Душанбе мулоқоти як ба яки роҳбарони кишварҳои узв ва давлатҳои нозир, аз ҷумла, дидор ва мулоқоти Маҳмуди Аҳмадинажод ва раисҷумҳури Русия дар назар дошта шудааст.

Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой соли 1996 ташкил шудааст ва дар он Чин, Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбакистон шомиланд. Эрону Афғонистону Муғулистон ва Покистон дар созмони мазкур мақоми нозирро доранд.

XS
SM
MD
LG