Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СҲШ – рақиби нави NАТО


Таҷовузи ахири Русия ба қаламрави Гурҷистон тамоми ҳамкориҳои он бо мамолики ғарбиро зери суол гузошт.

Вазири мудофиъаи ИМА Роберт Гейтс, бо ишора ба ҳузури сарбозони Русия дар Гурҷистон, гуфт, ки ин амал ба равобити амниятии миёни Русияву ИМА ва ҳамчунон равобити Русия бо кишварҳои узви паймони Нато таъсири манфӣ мегузорад.
Вале шореҳи маҷаллаи "National Interest" Ҷ. Питер Фам (J. Peter Pham) менависад, буҳрони кунунӣ ошкор намуд, ки акнун Ғарб ягона нерӯ дар саҳнаи ҷаҳонӣ намебошад. Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ), ки ҳафтаи оянда дар пойтахти Тоҷикистон нишасти солонаи раҳбаронашро доир хоҳад кард, тадриҷан ба як созмони бонуфузи амниятӣ табдил меёбад.
Ҷ. Питер Фам, раиси Пажӯҳишгоҳи ба номи Нелсони Донишгоҳи Медисони ИМА, менависад, сарфи назар аз раддияҳои баъзе раҳбарони воломақом ҳамкориҳои сиёсиву низомӣ ба нишонаи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой табдил меёбад. Ин созмон соли 2001-ум ташкил шуда, дар он Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон узвияти комил доранд. Муғулистон, Ҳиндустон, Эрон ва Покистон дар СҲШ мақоми нозир доранд, вале Эрону Покистон кӯшиши ба харҷ медиҳанд, то ба узвияти он пазируфта шаванд.
Кишварҳои узви СҲШ 8%-и захираҳои собити нефт ва 31%-и захираҳои ҷаҳонии гази табииро дар ихтиёр доранд ва агар Эрон ба ин гурӯҳ шомил шавад, 18%-и нафт ва 37%-и гази табиъии рӯи олам зери назорати сомзон хоҳад буд.
Нерӯҳои низомии Русия дар Гурҷистон
Соли 2004-ум пас аз ташкили дафтари доимии созмон дар шаҳри Пекин ва бунёди маркази мубориза бо терроризм дар Тошканд фаъолиятҳои он рушд кардаанд. Дар баробари тамринҳои муштарак дар қаламрави кишварҳои узв соли 2007-ум СҲШ бо Созмони паймони амнияти дастаҷамъии кишварҳои муштаракулманофеъ: ниҳоди дифоъии ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ, ёддошти ҳамдигарфаҳмӣ имзо кард. Ҳар ду гурӯҳ уҳдадор шудаанд, ки ҳамкориҳояшонро тавсеа мебахшанд.
Бар пояи оинномаи СҲШ кишварҳои узв бояд бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизм мубориза баранд. Созмони мазкур худро ҳамчун алтернативае ба яккаҳукмронии ИМА ҷилвагар мекунад. Соли 2005-ум вақте ИМА дархости мақоми нозир дар ин созмнро матраҳ намуд, он рад шуд.
Соли гузашта бо ташаббуси президенти онвақтаи Русия Владимир Путин дар шаҳри Маскав мулоқоти ҳайъатҳои кишварҳои узви созмон доир гашт, ки дар он сиёсати муштарак дар соҳаи энергетика баҳс шуд. Ҳадаф ташкили созмони шабеҳи Муассисаи кишварҳои содиркунандаи нефт (OPEC) дар соҳаи гази табиӣ буд, ки дар ниҳояти амр бояд рақобатҳои Русияву Чин барои дастрасӣ ба захираҳои табиъии Осиёи Марказиро аз байн барад. Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод аз ташкили чунин OPEC дар соҳаи газ пуштибонӣ мекунад ва агар Эрон ба СҲШ қабул шавад, ин пешниҳоди Путин имкони бештари татбиқ хоҳад дошт.
СҲШ дар СММ ва як идда паймонҳои осиёӣ мақоми нозир касб кардааст ва, ба ақидаи шореҳ Питер Фам, СҲШ метавонад барои кишварҳои минтақа барномаҳои шабеҳи "Ҳамкорӣ баҳри сулҳи паймони NАТО" тартиб диҳад.
Александер Стубб, вазири хориҷаи Финляндия, ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи NATO
Рӯзи душанбе Русия дархости мулоқот дар чорчӯби Шӯрои Русия-NАТО-ро бозхонд. Сарнавишти ин Шӯро то ҳанӯз равшан нест. Дабири кулли Паймони NАТО Яап де Ҳооп Схеффер мегӯяд: " Ман ҳозирам бо Русия ҳар масъаларо баҳс намоям, вале на дар шароите, ки Русия бахше аз Гурҷистонро забт кардааст".
Вале суъол ин аст, ки оё феълан танюбеҳи дипломатӣ чӣ арзише дошта метавонад. Муаллифи мақола дар маҷаллаи "National Interest" менависад, дар давоми 7 сол СҲШ аз як ниҳоди ҷилавгир аз низоъҳои марзӣ ба як воҳиди минтақавии мубориза бо терроризм ва сипас ба паймони алтернативии байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Ҷ. Питер Фам хулоса мекунад, ки дар ҳоли ҳозир наметавон гуфт, ки ҳамаи аносири паймони NАТО дар СҲШ мушоҳида мешаванд, вале ин ниҳод аллакай омили тағйирдиҳандаи манзараи Авросиё мебошад.
XS
SM
MD
LG