Ин дар ҳолест, ки аксари ин навоҳӣ навоҳии аслии пахтапарвари кишвар маҳсуб мегарданд.
Хайрулло Назриев, сардори идораи оташнишонии Хатлон, дар ин иртибот гуфт, навоҳии Бохтар, Хуросон, Қабодиён, Носири Хусрав, Шуробод, Ховалинг, Балҷувон, Темурмалик ва Мўъминобод феълан қисмҳо ва машинаҳои оташнишонӣ надоранд ва барои мисол, агар дар ноҳияи Хуросон оташсўзӣ сар бизанад, барои хомўш кардани он оташнишонҳои Душанбе ё Қўрғонтеппа аз масофаи беш аз 50 километр даъват мешаванд. Оқои Назриев афзуд, таъсиси воҳидҳои оташнишонӣ дар навоҳии номбурда ногузир аст, чун эҳтимоли сар задани оташсўзӣ дар ин маҳалҳо афзун будааст.
Аммо ҳукумати Тоҷикистон, ҳукумати вилояти Хатлон ва вазорати корҳои дохила ба тақозоҳо ва дархости батакрори идораи оташнишонии Хатлон ҷиҳати мусоидат дар таъсиси воҳидҳои оташнишонӣ дар 9 ноҳияи минтақа вокунише нишон надодаанд. Х. Назриев мегўяд, қарор аст то соли 2012 дар 5 ноҳияе, ки алъон қисмҳои оташнишонӣ надоранд, ин воҳидҳо таъсис дода шаванд, аммо маболиғи зиёде барои сохтмони ингуна иншооти махсус ва техникаи оташнишонӣ лозим аст.
Хайрулло Назриев, сардори идораи оташнишонии Хатлон, афзуд, дар соли ҷорӣ беш аз 80 ҳодисаи оташсўзӣ дар қаламрави ин минтақа сар зада ва ҳаҷми хисороти ворида баробар ба чоряк миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад. Зимнан, мавориди оташсўзӣ дар қиёс бо як соли пеш 12,5 дар сад афзун шуда ва низ се сокини вилоят дар пайи оташсўзиҳо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар соли равон ҳамчунин 10 ҳодисаи оташсўзии биноҳои давлатӣ сабт шудааст ва зимнан, алайҳи 8 масъули баландпояи ин муассисаҳо барои риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.
Ва аммо нарасидани оташнишонҳои ҳирфаӣ ва машинаҳои оташнишон ва гаронии қимати сўзишворӣ аз мушкилоти аслии хадамоти оташнишонии Хатлон унвон мешавад. Воҳидҳои оташнишонии навоҳии Хатлон дорои ҳадди аксар 2 машинаи оташнишон буда ва барои фаъолияти муназзами онҳо низ камбуди сўзишворӣ гоҳе монеъ мешудааст. Имсол идораи оташнишонии Хатлон бар ивази 80 ҳазор доллари амрикоӣ 2 машинаи нави оташнишонии тавлиди Чинро харидорӣ кардааст, аммо барои ворид намудани он ҳам ба қаламрави минтақа, мушкили фаннию ҳуҷҷатнигорӣ дар миён будааст.