Назарбой Ҷангиев - сардори Хадамоти оташнишонии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, дар рузҳои наздик имкон дорад, сабаби аслии он эълон дошта шавад. Вай гуфт, феълан як кумиссиюни махсус ҷиҳати омӯзиши сабабҳои ин ҳодиса машғули кор ҳастанд ва ӯ наметавонад, ҳоло фарзияеро пеш орад.
Ва аммо бархе аз кормандони хадамоти оташнишонӣ фарзияи маъмул - истифодаи бухориҳо дар утоқҳои биноро пеш меоранд, ки гӯё сабаби рух додани ин ҳодиса шудааст.
Вале донишҷуён ва шоҳидони айнӣ дар ҷои ҳодиса мегуфтанд, ки суръати ба зудӣ паҳн шудани оташ ва ба якборагӣ фаро гирифтани он тамоми ошёнаҳои биноро монанди ба шарора гирифтани симҳои барқ надошт.
Убайдулло Қурбонов, раиси Донишгоҳи тиббӣ, ҳозир нашуд, пиромуни пайомадҳои оташсӯзӣ сӯҳбат кунад.
Рӯзи дуввум замоне, ки мо ба маҳали ҳодиса омадем, сӯхтор ҳамоно дар гӯшаҳои ин бино идома дошт. Назарбой Ҷангиев, сардори Хадамоти оташнишонӣ мегӯяд, бинобар чӯбӣ будани деворҳои бинои Донишгоҳи тиббӣ ва нарасидани об ҳангоми оташнишонӣ натавонистаанд, оташро саривақт хомуш кунанд. Вай гуфт, ки ин сӯхтор масоҳати беш аз 6 ҳазор метрро фаро гирифтааст.
Саид Қурбонов, муовини раиси Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мегӯяд, бо сабаби сӯхтор феълан тадриси донишҷӯёне, ки дар ин бино омӯзиш медиданд, ба биноҳои дигари донишгоҳ интиқол дода шудааст.
Як нафар корманди китобхонаи ин донишгоҳ, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт, агар вақти оташ оғоз шудан, устодон ва донишҷӯёнро ба хомӯш кардани оташ иҷозат медоданд, шояд ин бино ба тамом намесӯхт. Вай гуфт, иҷозаи оташхомӯшкунӣ ба онҳо танҳо вақте дода шудааст, ки аллакай оташ ошёнаҳои дувумму саввуми ин биноро фаро гирифта буд , вале як қисми китобҳои китобхона ва ҳуҷҷатҳои махфии донишгоҳро кормандони кафедраи ҳарбии донишгоҳи тиббӣ аз коми оташ наҷот додаанд.
Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, вазорати маорифи кишварро муваззаф кард, то якуми августи соли 2008 бинои харобшудаи Донишгоҳи тиббӣ дубора бозсозӣ шавад. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки бояд сохтмони нави Донишгоҳи тиббӣ аз тарҳи пешинааш беҳтар ва қавитар бошад.
Бинои Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли 1939 сохта шуда буд ва яке аз меъмориҳои нодири замони Шуравӣ ба шумор меомад. Ин донишгоҳ ягона мактаби олии тиббӣ дар кишвар маҳсуб меёбад. Соли равон дар ин донишгоҳ беш аз 5 000 донишҷу ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.