Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишгоҳи тиббӣ баъд аз сӯхтор


Бинои Донишгоҳи тиббӣ пас аз сухтор
Бинои Донишгоҳи тиббӣ пас аз сухтор

Аз бинои кӯҳан ва бузурги Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки яке аз меъмориҳои нодири замони Шӯравӣ низ ба ҳисоб мерафту аз як бинои 3 ошёна иборат аст, имрӯз фақат деворҳои сиёҳшудаву валангор боқӣ мондааст.

Ҳоли ҳозир ин бинои харобгашта бо кӯмаки устодону донишҷӯён аз партовҳо пок карда мешаванд. Дар пайи таҳияи ин гузориш нахуст ба саҳни биное, ки толори зимистонаи варзишии донишгоҳ буда ва хеле серодам буд, ворид шудем. Ин бино каме дуртар аз бинои марказӣ, яъне бинои сӯхташудаи донишгоҳ қарор дошта, дохили он пур аз китобу мадорик буд, ки донишҷӯён онҳоро дар рафҳо мегузоштанд. Саломат Хайруллоева, мудири китобхонаи донишгоҳи тиббӣ, мегӯяд, ин китобу аснод ба ҳангоми сӯхтори бинои марказӣ аз суи наҷотдиҳандагон аз таҳхонаи он берун карда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, баъд аз оташсӯзии ин донишгоҳ, ҳудуди 500 ҳазор китобу дастхат ва маводди бойгонии донишгоҳ ба толори варзишӣ интиқол дода шуданд. Ҳамакнун то барқарор шудани бинои нави донишгоҳ, толори варзишӣ китобхонаи донишҷӯён хоҳад буд. Ба гуфтаи хонум Хайруллоева барои ҷобаҷогузории ин теъдод китобҳо ҳамарӯза беш аз 100 донишҷӯён ҷалб шуда, аз субҳ то бегоҳ кор мекунанд. Хонум Хайруллоева афзуд, "ҳар рӯз ба навбат меоянд. Имрӯз 100 нафар оварданд аз шӯъбаи тайёрӣ, онҳо китобҳоро дар рафҳо мегузоранд ва баъдан мо худ ба тартиб медарорем".

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи иддае аз донишҷӯён, онҳо ба далели набуди ҷои тадрис, ҳамарӯза дар кори барқарорсозии донишгоҳи худ саҳм мегиранд. Як нафар донишҷӯ гуфт, "ҳозир китобу ҷиҳози донишгоҳро ба дигар бино мекашем. Хайр чи кор кунем, дигар ҷои хондан нест. Беҳтараш сари вақт кашем, ҷо ба ҷо кунем ва таҳсиламонро идома диҳем".

Ҳамзамон ба гуфтаи масъулини донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, дар кори ҷобаҷогузории китобҳо ва поккуннии донишгоҳи сӯхташуда аз донишгоҳҳои дигари кишвар, назири донишгоҳи миллӣ, донишгоҳи славянӣ ва техникӣ низ донишҷӯён ҷалб шудаанд. Вазорати маорифи кишвар муваззаф шудааст то моҳи августи соли равон бинои харобшудаи Донишгоҳи тиббиро дубора бозсозӣ кунад. Ва ба фармони раиси ҷумҳури кишвар сохтмони нави Донишгоҳи тиббӣ аз тарҳи пешинаи он беҳтар ва қавитар бояд сохта шавад.

Аммо то замони баркарор намудани сохтмони ин донишгоҳ донишҷӯэни он дар куҷо таҳсили худро идома хоханд дод? Убайдулло Қурбонов, раиси донишгоҳи тибии Тоҷикистон, мегӯяд, дар бинои марказӣ ва харобгардидаи донишгоҳ ҳамагӣ 7 шӯъба фаъолият мекард ва чун ҳоло мавсими таътил фаро расидааст, мушкили набуди ҷой барои таҳсил чандон эҳсос намешавад. Аммо дар мавсими дуввуми таҳсил, ба гуфТАИ, омӯзгорон ва донишҷӯён таълиму тадриси худро дар биное идома медиҳанд, ки ҳоло вазорати омӯзишу парвариши кишвар барои онҳо дар маркази Душанбе пешбинӣ кардааст.

Мақомоти расмии донишгоҳ мегӯянд, донишгоҳ бар асари сухтори бинои марказии он ба бештар аз 500 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 150 ҳазор доллари амрикоӣ хисорот дидааст. Ин дар ҳолест. Ки то ҳанӯз мақомоти кишвар иллатҳои сар задани оташсӯзии бузург дар бинои донишгоҳи тиббии кишварро дақиқ накардаанд.

Ба гуфтаи онҳо, то ҳанӯз як кумисиюни махсус ҷиҳати омӯзиши он машғули кор будааст. Феълан барои муаян намудани сабабҳои сӯхтор ҳамарӯза гурӯҳ – гурӯҳ донишҷӯён мавриди бозпурсии масъулини вазорати умури дохилаи кишвар қарор мегиранд. Вале бархе аз кормандони хадамоти оташнишонӣ фарзияи маъмул - истифодаи бухориҳо дар утоқҳои биноро пеш меоранд, ки гӯиё сабаби рух додани ин ҳодиса шудааст.

Бинои марказии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Сино дар соли 1939 бунёд гардида, ахиран дар пайи як оташсӯзӣ ба як вайрона табдил ёфт. Имрӯз бархе аз донишҷӯёни ин донишгоҳ гоҳе нимшухиву нимҷиддӣ мегӯянд, ки сухтор баҳонае гардид, ки донишгоҳи онҳо дубора ва бо шкғеваи мудерн сохта мшавад.

XS
SM
MD
LG