Гирдиҳамоӣ баргузор мешавад ё намешавад?

Раиси бахши вилоятии ҲСДТ Алим Шерзамонов дар ҷараёни баргузории ҷаласаи васеъи Шурои ҷамъиятӣ дар Хоруғ изҳор дошт, ки ҳизби онҳо ва ҷонибдоронашон дар таърихи 8 апрел дар маркази устони Бадахшон гирдиҳамоӣ доир мекунанд. Ӯ гуфт, нодида гирифтани ҳуқуқи конститусионии Бадахшон - чун воҳиди мухтор дар ҳалли масоили сиёсӣ-ҳудудӣ ва фарҳангӣ аз суи мақомоти олии кишвар, ва аз суи дигар поймолшавии адолати иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти қудратӣ, ба вижа додситонӣ, онҳоро ба чунин иқдом водор сохтааст.


Ба гуфтаи ҷаноби Шерзамонов, ташкили ҳокимияти орӣ аз чунин зуҳуроте ба мисли фасод, фалаҷи иқтисодӣ, худкомагии сохторҳои қудратӣ бе мавҷудияти оппозитсияи солим ғайриимкон аст, аммо мақомот бо ҳарос аз гирдиҳамоии эҳтимолӣ тарғиботи густардаро алайҳи аҳзоби мухолиф, ба хусус сотсиал-демократ дар расонаҳои хабарии минтақа роҳандозӣ кардааст. Вай афзуд, таи рузҳои охир унвонии онҳо аз тариқи садо ва симо ва дар нишастҳо таҳқирҳои зиёде садо доданд.

Алим Шерзамонов гуфт, ки онҳо гирдиҳамоиро имконияти беҳтарини паст кардани шиддати авзоъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа ва кишвар шуморида, гирдиҳамоиро дар доираи қонун ва тамаддун баргузор хоҳанд кард.

Раиси вилоят Қодир Қосим дар ҷараёни мубоҳиса дар ҷаласа изҳор дошт, ки мақомот омода аст, бисёре аз эрод, таклифу пешниҳодҳои ҳизбро дастгирӣ кунад, аммо чунин мешуморад, ки баргузории гирдиҳамоӣ метавонад суботи сиёсиро дар минтақа барҳам бизанад. Ба ақидаи вай, аз ҷумла дахл намудан ба масоили марзӣ бо Чин дар гирдиҳамоӣ метавонад ба ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва минтақавии ду кишвар таъсири манфӣ расонад.

Муовини раиси бахши вилоятии Ҳизби наҳзат Сабзалиев Сабзалӣ мақомотро ба он муттаҳам кард, ки мақомот на бо ҳамаи 6 ҳизбе, ки дар минтақа фаъол ҳаётанд ҳамкории муттасил дорад ва ҳизби онҳо дар нишастҳои рузҳои ахир дар инзиво қарор гирифтааст.

Набот Додхудоева - роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Мадина" гуфт, ки вай ба кулли мушкилоти ҳалношуда айбдор намудани мақомотро беадолатӣ мешуморад, аммо иҷоза додан ба гирдиҳамоӣ ва бар души ташаббускорон гузоштани масъулияти наҳваи баргузории онро роҳи беҳтари муколама медонад.

Ҳамаи ин дар ҳолест, ки дар огоҳномаи додситонии Хоруғ ба раиси ҲСД гуфта шудааст, дар сурати баргузории гирдиҳамоии ғайриқонунӣ вай ба муҷозот кашида

хоҳад шуд.