Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲСДТ митинг кардан мехоҳад


Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дар шаҳри Хоруғ - маркази идории ВМБК гирдиҳамоии эътирозӣ барпо кунад.

Раҳматулло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон тайи як нишасти матбуотӣ бахшида ба 10-солагии ҳизб гуфт, ба мақомоти кишвар ҷиҳати гирифтани иҷозатнома барои баргузории гирдиҳамоӣ ҳанӯз 13 март нома фиристодааст. Вай афзуд, дар гирдиҳамоии Бадахшон ҳудуди 500 узви ҳизб ва ҷонибдоронаш ширкат хоҳанд кард. Оқои Зойиров афзуд, гирдиҳамомадагон ба ҷуз аз тақозоҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла камбуди барқ, болоравии нарху наво ва ғайра, ки дар Бадахшон дар қиёс бо дигар гӯшаҳои Тоҷикистон таъсири бештар расонидааст, талабҳои сиёсӣ низ садо хоҳанд дод:

«Бахусус як талаб ин аст, ки чаро 1 ҳазор километри мукааб замини Тоҷикистон ба Чин дода шуд? Ва дигар норизоиятӣ рӯйи додани 6 деҳаи ноҳияи Дарвоз ба ноҳияи Тавилдара бидуни ризоияти маҷлиси вакилони халқи Бадахшон аст. Ҳамчунин масъалаи ҷилавгирӣ аз беназмиҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Бадахшон, ки мардум дар ин бора аллакай садо баланд карданд»

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон соли 2002 дар мавриди додани 96 ҳазор гектар замини ин кишвар ба Чин қарор ба тасвиб расонида буд. Ва ҳамчунин ахиран парлумон қарор кард, ки 6 деҳаи ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшонро ба Тавилдара, ки ноҳияи тобеи марказ аст, ҳамроҳ карда шавад.

Оқои Зойиров гуфт, ин қарорҳои парлумони Тоҷикистон хилофи Қонуни асосии кишвар ба тасвиб расидаанд. Вай афзуд, дар ин маврид мақоми ҳуқуқии вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба инобат гирифта нашудааст. Оқои Зойиров гуфт, қарорҳои парлумони Тоҷикистон бидуни ризоияти маҷлиси вакилони халқи вилояти Бадахшон ба тасвиб расидаанд.

Кӯшишҳои мо барои ба даст овардани вокуниши парлумони Тоҷикистон ба далели он ки намояндагон ба навоҳӣ сафар кардаанд, натиҷа надоданд.

Дар ҳамин ҳол, Сайфулло Сафаров, муовини раиси маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ба ихтиёри Чин вогузоштани ҳазор метри мукааб замин бар асоси баҳсҳои ҳудудии замони Шӯравӣ сурат гирифтааст ва комилан қонунист. Вай афзуд:

«Дар оғоз Чин аз Тоҷикистон 27 ҳазор километри мукааб даъво дошт, аммо дар охир бо 1 ҳазор маҳдуд шуд ва 26 ҳазори дигар дар Тоҷикистон монд. Баҳсҳои марзӣ муносибати моро тира медошт. Ҳамин буд, ки муносибати Чин бо мо хуб шуд ва ҳоло дигар даъво надорад. Баъди мусбат ҳал шудани баҳсҳои марзӣ сармоягузории Чин ба кишвари мо ҳам зиёд шуд»

Тибқи иттилоъи расмӣ, Чин дар ҳоли ҳозир яке аз кишварҳои умдаи сармоягузори Тоҷикистон аст, ки ҳудуди 700 миллион доллар барои роҳандозии пружаҳои иқтисодии ин кишвар маблағ ихтисос додааст.

XS
SM
MD
LG