Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи фармондеҳи собиқ ба Радиои Озодӣ


Яке аз собиқ фармондеҳони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони тоҷик дар Бадахшон Имомназар Имомназаров ба Радиои Озодӣ занг зад ва гуфт, мехоҳад дар робита ба ҳаводиси ахир дар шаҳри Хоруғ назари худро иброз намояд. Вай гуфт, ки дар даргириҳои дохилии аввали солҳои навадуми асри гузашта аз миёнаш тир хӯрда ва давоми беш аз 15 соли ахир маҷрӯҳи барҷомонда мебошад.

Ӯ гуфт, зиндагии сангину беранги сокинони ин вилоят аз як су ва фасодкориву ришваситонии мақомоти давлат аз сӯи дигар ӯро нагузошт хомӯширо ихтиёр кунад. Вай гуфт:

«Фасоди густарда дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва сирояти он ҳатто ба созмонҳои ғайридавлатию байнулмилалӣ мардумро маҷбур сохтааст, ки додашонро ба дигар қувваҳое, ки то ҳадде қоидранд, ки ба доди мардум бирасанд, бигӯянд. Ҳамаи мушкилҳои зикршуда хоси як минтақа набуда, проблемаҳои тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.»

Имомназар Имомназаров бо баёни андешаи худ дар мавриди гирдиҳамоие, ки ҲСДТ дар назар дорад, дар Хоруғ баргузор намояд гуфт, матлаби худро ба раҳбарони ин ҳизб расонидааст, аммо дар гирдиҳамоӣ иштирок нахоҳад кард.

Ӯ ҳамчунин аз собиқ ҳамсафони худ дар Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин хоҳиш кардааст, ки аз ширкат дар ин гирдиҳамоӣ худдорӣ варзанд. Зеро, гуфт ӯ, ҳузури онҳо дар ин гирдиҳамоӣ метавонад ба гунаи дигар тавзеҳ бишавад. Воқеан, дархости иҷоза барои ин гирдиҳамоӣ аз ҷониби мақомоти шаҳри Хоруғ рад шуд.

XS
SM
MD
LG