Театрҳои пир, ҳунармандони пир, мӯҳтавои пир...

Саҳнаҳои Отелло, Шоҳ Лир ва Эдипи Софокл аз арҷмандатарин дастовардҳои театри тоҷик маҳсуб мераванд, ки ба феҳристи бузургтарин намоишномаҳои маъруф шомил шудаанд ва ба театри тоҷик шӯҳрати ҷаҳонӣ овардаанд.

Ҳамакнун дар кишвар 17 театри касбӣ ва беш аз 40 театри халқӣ ё ғайрикасбӣ фаъол аст, ки ба иттилоъи худи ҳунармандон толорҳои онҳо холист. Театри тоҷик бинандаи худро аз даст додааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилоъи санъатшиносон яке аз муҳимтарин костагӣ дар кори театр аз замона қафо мондани он аст. Нуруллоҳи Абдуллоҳ – драматург ва коргардони шинохташуда мегӯяд, театри тоҷик мутаассуф, дар ҳамон саҳнаҳои Шекспиру Софоклу Ғанӣ Абдулло дармонд ва ба тамошобини нав чизе диданӣ пешкаш накард. Муҳимтарин камбуди саҳнаи тоҷик ба иттилоъи оқои Абдулло ин аст, ки театр аз фановариҳои ҷадид - интернет, ТВ истифода набурд ва бар эффектҳои саҳнавӣ наафзуд.

Аз сӯи дигар, музди маъоши ночиз труппаи театриро пир кард. Санъатшиносон мегӯянд, дар тӯли 20 соли ахир тақрибан ҳунарманди ҷавоне ба театрҳои музофот ба кор нарафтааст. Дар театри касбии Кӯлоб ҳунармандони зери 80 сол то ҳанӯз нақши ҷавонро мебозанд.

Труппаи пир ба пир шудани репертуари театрҳо овардааст. Исо Абдуррашидов – ҳунарманд ва коргардони тоҷик мегӯяд, намоишномаҳоеро, ки дар он фавҷи ҷавонон бештар бошад, театрҳои касбӣ амдан ба саҳна намегузоранд, зеро ҳунарманди ҷавон надоранд.

Ба ин тартиб, на танҳо репертуар ва труппа, ки мӯҳтавои театрҳои тоҷик пир шудааст. То ҳанӯз дар театрҳо намоишномаҳои танз бар сарватмандон роиҷ аст, ба мисли Бой ва Батраки Ғанӣ Абдулло, ки дигар бинандаи ҷавон намефаҳмад, ки чаро сарватманд шудан камолияти саҳв аст.

Дар Тоҷикистон 3 театр барои хурдсолон – ду театри Лӯхтак мутаносибан дар Душанбеву Чкаловск ва як театри тамошобини ҷавон дар шаҳри Хуҷанд фаъоланд, вале бо иллати набуди фанноварии ҷадид, эффектҳои саҳнавӣ пиротехника ва ороиши навтарин кӯдакон бо як сомонӣ ба толорҳои онҳо намераванд, вале барои як соат бозӣ дар интернет то 10 сомонӣ харҷ мекунанд.

Ва аммо театри тоҷик бартарияти аслии худ – мураббӣ будан ва мубориза алайҳи миллатгароиро аз даст раҳо накардааст. Театри тоҷик ба дастаҷамъӣ танҳо дар соли пор 70 намоишномаро ба саҳна гузоштааст, ки дар онҳо адолат ва инсондӯстиро бар фашизм, нажодпарастӣ ва адоват тарҷеҳ додааст.