Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Театри тоҷик барои тамошобини худ бояд бо эффектҳои DVD ва CD рақобат кунад?


Дар ин бора дар мизи гирди Иттиҳоди арбобони театри тоҷик иттилоъ дода шуд. Мизи гирди мазбур бо ширкати намояндагони тамоми театрҳои касбии кишвар дар бинои театри Лоҳутӣ баргузор гардид. Гуландом Набиева - вобастаи фарҳангии Бунёди Сорос, сарпарасти молии ин ҷамъомад ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷаласаи арбобони театр мушкили рӯзмарраи театрҳои касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт:

«Дар ин дидор мушкили набуди кадрҳоро баррасӣ карданд, масалан оид ба он ҷавононе, ки дар Санкт- Петербургу Маскав таҳсил мекунанд, шарту шароити онҳо, болобардории стипендияи онҳо гап заданд. Баъд дар гирди масъалаҳои драматургияи имрӯза гап заданд.»

Нуруллоҳи Абдуллоҳ - муовини раиси Иттиҳоди арбобони театр меафзояд, мушкили рақами яки театри тоҷик адами тамошобин ва дар ин зимн набуди даромад аз фурӯши билетҳост:

«Пеш аз ҳама барои тамошобин бояд театр кор кунад, фалсафаронии аз ҳад зиёд ҳам лозим нест. Баъдан, ҳоло компютерҳо, Интернет, DVD, СD ва дигар васоити пешбари техникӣ пайдо шудаанд, ки бо театр рақобат мекунанд. Мо низ бояд техникаи замонавӣ дар саҳна дошта бошем, эффектҳои кампутерӣ дар саҳнаҳо бошанд, шӯру валвалаи DVD - ҳоро ҷойгир кардан лозим аст, ки мардум ба театр баргардад.»

Бар тибқи иттилоъи Нуруллоҳи Абдуллоҳ театри тоҷик ҳамакнун бояд аз саҳнаҳои фалсафӣ, дром, фоҷеаҳо худдорӣ кунад ва намоишҳое пешкаш кунад, ки тамомшобин барои дидани он аз кушодани ҳамён ор накунад. Ва аммо ин намоишномаҳо набояд кӯчагӣ ва пастсифат бошанд.

Маъруфшоҳ Мазҳабшоев - коргардони театри Лоҳутӣ мегӯяд, сабаби аз театр дур шудани тамошобин бо ҷурми худи театр аст, ки саҳнаҳои ҷаззоб ва замонавӣ рӯи кор намеорад ва ҳунармандон бо намоишномаҳои кӯҳнаи такрорӣ иктифо кардаанд.

Аз сӯи дигар, труппа ё гурӯҳи ҳунарии театрҳо пир мегардад. Раҷабмад Амиров-вазири фарҳанги кишвар пас аз дидор бо ходимони театр гуфт, ин вазоратхона барои рушди театр аз дигар тадобир кор мегирад. Ҳунармандони ҷавон ҳамакнун метавонанд, дар хориҷи кишвар таҳсил кунанд:

«Барномаи тайёр кардани кадрҳоро мо омода кардем, ки онро Вазорати молия дастгирӣ кард. Аз ин ба баъд, дар хориҷи кишвар тайёр кардани кадрҳо сурат мегирад. Мо дар Русия, Итолия, Укроина ва дигар кишварҳо барои тайёр кардани кадрҳо ҷораҳои зарурӣ меандешем»

Аз сӯи дигар, мушкили набуди асарҳои ҷадид роҳи ҳалли худро меёбад. Бар тибқи иттилоъи вазири фарҳанг, дар соли 2005 ин вазоратхона 23 асари дромнависони тоҷикро харидорӣ кард. Панҷ асари коргардонҳои тоҷик дар намоишгоҳи дроми ҳунармандони Осиёи Марказӣ ба театрҳои хориҷӣ ба фурӯш рафт.

Ин сару садо дар мавридест, ки масъулини Иттиҳоди арбобони театри тоҷик дар тӯли солҳои ахир аслан маъоши моҳона нагирифтаанд.
XS
SM
MD
LG