Рӯзҳои наздик театри "Офтоб"-и Кобул барои нахустин бор озими Фаронса хоҳад шуд, то тамошобинони ин кишварро бо ҳунари театрӣ дар Афғонистони баъди суқути Толибон ошно кунад. Интизор мерафт, ки дар Фаронса яке аз ҷавонтарин театрҳои Афғонистон намоишномаи "Ромео ва Ҷулетта"-ро пешкаши тамошогарон гардонад, зеро он соли гузашта бо кумаки таҳиягарони фаронсавӣ рӯи саҳна омада буд. Ва аммо ахиран театри "Офтоб" тасмим гирифт, ки дар Париж намоишномаи "Тарс" аз рӯи асари драмнависи тоҷик Нур Табаровро низ ба маърази тамошо гузорад. Ин намоишномаро моҳе қабл ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Мирзоватан Миров дар Кобул рӯи саҳна овард.
Нур Табаров, муаллифи намоишномаи "Тарс", ки ҳамроҳ бо Мирзоватан Миров ва ҳунарпешаи театри ба номи Маяковский Юлия Ойматова чанде пеш аз сафари Кобул баргашт, дар сӯҳбат бо мо гуфт, тайи қариб як моҳ онҳо ба ҳунарпешагони ҷавони афғон аз санъати театрӣ сабақ гуфтанд. Тасмим дар бораи сафари гурӯҳи устодони санъати театрии тоҷик ба Афғонистон баъди маҳфили байналмилалалии ходимони театрии Осиёву Аврупо дар дараи Варзоб дар тирамоҳи соли гузашта гирифта шуд. Дар ин маҳфил барои нахустин бор театри "Офтоб" - театри донишгоҳи ҳунарҳои зебои Кобул низ ширкат дошт ва намоишномаи онҳо "Ромео ва Ҷулетта" аз сӯи тамошобинон ва устодони театр хуб пазируфта шуд. Нур Табаров мегӯяд, дар баробари андӯхтани сабақи ҳунари волои театрӣ ҳунармандони ҷавони афғон хостори рӯи саҳна овардани намоишномае низ шуданд ва асари "Тарс"- ро интихоб карданд:
Мо хостем аз худ ёдгоре бимонем. Якчанд асари худро ман бурда будам ва барои онҳо хондам, ки миёни онҳо ҳамин фоҷиаи "Тарс" ҳам буд. Ту огаҳӣ дорӣ, ки соли 1994 Ҳабибулло Абдураззоқов ин асарро дар саҳнаи театри Лоҳутӣ гузошта буд. Ва гуфтанд, ки агар барои бо бачаҳо чизеро рӯи саҳна овардан рағбат дошта бошед, "Тарс" ба дарди имрӯзи мо мехурад.
Нур Табаров меафзояд, ҳунармандони театри "Офтоб" соатҳо машқ мекарданд аз аз ин рӯ таҳияи намоишнома ҳамагӣ андаке бештар аз ду ҳафтаро фаро гирифт. Ҳунармандон Умеди Раванда, Наҷиб Ато, Сайид Муҳаммад Шарифӣ, Тоҳири Афғонбек, Шикебо Ризоӣ нақшҳои худро он қадар самимӣ офариданд, ки тамошобинон ҳатто мушкили ороиши саҳнаро эҳсос накарданд. Достони оҳангсози маъруфи тоҷик Толиби Шаҳидӣ мавсум бо "Садо" намоишномаро рангинтар кард. Зимнан, ҳунармандони театри "Офтоб" мехоҳанд баъди бозгашт аз Фаронса ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ дошта бошанд.
Аз Нур Табаров, драмнависи тоҷик суол кардам, ки вазъи театрҳои пойтахти Афғонистон, аз ҷумла, театри маъруфи Кобул Нондариро чӣ гуна дарёфт?
Албатта, дар он гурӯҳҳои эҷодӣ ҳастанд, каму беш ҷойи машқ ҳам доранд, аммо театр ҳоло фаъол нест. Театрҳои дигар ҳам ҳастанд, театрҳои ғайридавлатӣ ҳам ҳастанд. Онҳо бори савум дар Афғонистон фестивалҳои театрӣ баргузор мекунанд. Бо кумаки Бунёди фарҳанг ва ҷомеъаи маданӣ. Ин созмон кӯшиш мекунад, шогирдҳои донишгоҳи ҳунарҳои зебо, ки имрӯз-фардо онро хатм мекунанд, бекор намонанд. Аз ҷумла, ташкили театри "Офтоб" ҳам ибтикори ҳамин бунёд аст.
Зимнан, дар чаҳорчӯби сафари ҳайати устодони театри тоҷик ба Кобул ҳамчунин барои нахустин бор консерти ҷолиби муштараке низ баргузор шуд. Дар толори театри "Офтоб" таблакнавози маъруф Муҳаммад Осиф, ки солҳои ахир дар Ландан ба сар мебарад, устоди рубоб Ғулом Ҳусейн, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Мирзоватан Миров ва собиқ овозхони дастаи "Гулшан" Абдулшаҳид Саодатбеков барои садҳо алоқамандони мусиқӣ таронаҳои шодравон Одинаи Ҳошимро тараннум карданд.