Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зодаи Тоҷикистонро дар Русия 12,5 сол зиндонӣ карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи ҳарбӣ дар Русия рӯзи 26-уми июн зодаи Тоҷикистон Ташриф Соҳибназаровро бар асоси ду банди қонуни ҷиноии ин кишвар, аз ҷумла "даъват ба фаъолияти террористӣ", ба дувоздаҳуним сол зиндон маҳкум кард.

Ин ҳукми дувуми ӯ дар шаш соли охир аст.

Ташриф Соҳибназаровро соли 2018 дар Маскав ба ҷурми "ғоратгарӣ" ҳафтуним сол аз озодӣ маҳрум карда буданд.

Тибқи иттилои расонаҳои Русия, ӯ давраи ҷазоро дар вилояти Омск адо мекард ва дар онҷо маҳбусонро барои пайвастан ба ҷунбиши "Толибон" ва "фаъолиятҳои террористӣ" даъват кардааст.

Тасдиқи он ба воситаи манбаъҳои дигар имконпазир нест. Мавқеи Ташриф Соҳибназаров ва ё наздикону вакили мудофеяш низ дастрас нашудааст.

Гуруҳи "Толибон", ки се сол боз зимоми қудратро дар Афғонистон ба даст дорад, то ҳол дар аксар кишварҳои дунё созмони ифротгаро ва террористӣ мондааст.

Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати адлияи Русия дар моҳи майи имсол ба президент Владимир Путин пешниҳод карданд, ки номи ҷунбиши исломии “Толибон” аз феҳристи созмонҳои мамнуъ дар ин кишвар бардошта шавад.

Созмону кишварҳои дунё “Толибон”-ро барои поймоли ҳуқуқи сокинони Афғонистон, ба вижа занону духтарон танқид карда, ҳанӯз ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтаанд, аммо дар масъалаҳои иқтисодӣ ҳамкорӣ доранд. Аз ҷумла, Тоҷикистон ба Афғонистони зери итоати “Толибон” барқ содир мекунад.

XS
SM
MD
LG