Сармураббии тими миллии футболи Эрон Карлуш Кейруш билофосила баъди шикасти Эрон аз Босния ва Ҳерзеговина дар даври сеюм ва ниҳоии мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 бо ҳисоби 1:3 дар гурӯҳи F эълон кард, ки тарки ин мақом мекунад. Нашрияи Football Italia аз қавли ин мураббии португалӣ овард, ки гуфтааст: "Ман садоқати худ ба ин корро намоиш додам, вале тайи 11 моҳ ҳеҷ пешниҳоде дар бораи қарордоди нав нагирифтам."
Кейруш, ки аз соли 2011 раҳбарии тими миллии Эронро бар ӯҳда дошт, ҳамчунин гуфтааст: "Бароям кор бо тими Эрон як ифтихор буд. Ман ошиқи ин кишвар шудам. Вале оё мешавад аз "арӯсӣ" сӯҳбат кард, вақте танҳо як ҷониб розӣ бошад? Ман мунтазир будам, ки пешниҳоде бароям шавад, вале нашуд. Футболи Эрон, бозигарони ман ва мухлисони эронӣ абадан дар қалби ман хоҳанд монд."
Карлуш Кейруш ҳоло 53 сол дошта, дар поёни солҳои 80 ва оғози солҳои 90, вақте соли 1989 ва 1991 тими ҷавонони Португалияи қаҳрамони ҷаҳон кард, ҳамчун мураббӣ ном баровард. Луиш Фиго ва Руи Кошта аз ҳамон "насли тилоӣ"-и футболи Португалияанд, ки нахустин қадамҳояшон дар футболи ҷаҳониро таҳти раҳбарии Пейруш гузоштаанд.
Нокомиҳо дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 дар Бразилия алакай мунҷар ба истеъфои чанд мураббии тимҳои миллӣ шудааст. То имрӯз сармурабии итолиёии тими Ҷопон Алберто Дзакеррони, сармураббии худи Итолиё Чезаре Пранделли, сармурабии Кот дИвуар ё Соҳили Оҷ Сабрӣ Ламушӣ, сармурабии Ҳондурас Луис Суарес эълони истеъфо кардаанд. Нокомии Итолиё ҳатто президенти Федеросиюни футболи он кишварро аз мақом маҳрум кард. Аммо сармурабии Эквадор Рейналдо Руэда гуфтааст, бо вуҷуди нокомии тимаш умедвор аст, дар мақом бимонад.
То рӯзи 26 июн дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 дар Бразилия 6 ҷуфт аз 8 ҷуфти марҳалаи ҳаштякниҳоӣ маълум шудаанд:
Бразилия - Чили
Колумбия - Уругвай
Ҳолланд - Мексика
Коста-Рика - Юнон
Аргентина - Швейтсария
Фаронса - Нигерия.
Ду ҷуфти боқимонда дар 4 бозии имшаб мадар гурӯҳҳои G ва H байни тимҳои Олмон – Амрико, Португалия – Гана, Кореяи ҷанубӣ – Белгия ва Алҷазоир – Русия маълум хоҳанд шуд.
Аз байни онҳо шонси Олмону Амрико ва Белгияву Алҷазоир бештар ба назар мерасад, вале 4 тими дигар – Португалия, Гана, Кореяи ҷанубӣ ва Русия – шонси андак, вале ба ҳар сурат, шонсеро барои идомаи мубориза дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 ҳанӯз ҳифз кардаанд.
Аз ҷумла тими Русия, ки бо "шарофат"-и ду иштибоҳи дарвозабонаш Игор Акинфеев аз ду бозии аввал ҳамагӣ як хол ба даст овардааст, ҳоло тамоми умедашро ба пирӯзӣ бар Алҷазоир бастааст. Вале ин тим баъди 4 тӯбе ки ба дарвозаи Корея зад, Русияро барои худ "як луқмаи хом" мешуморад. Ҳақ бо кист, фардо шаб маълум хоҳад шуд.
Эрон - Босния 1:3. "Шерони Эрон" тарки Ҷоми ҷаҳонӣ мекунанд
Дар даври сеюм ва ниҳоии мусобиқоти гурӯҳӣ дар гурӯҳи F дар Ҷоми ҷаҳонӣ Босния бо ҳисоби 3:1 бар Эрон ғолиб омад. Аргентина Нигерияро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод.
Тими Босния дар бозии даври сеюм ва ниҳоии мусобиқоти гурӯҳӣ дар гурӯҳи F дар Ҷоми ҷаҳонӣ бо Эрон баъди голи Эдин Ҷеко ҳисобро кушод. Ин гол дар нимаи аввали бозӣ голи ягона буд ва умеди бе он ҳам ночизи Эрон барои роҳхат ба даври ҳаштякниҳоиро боз ҳам камтар кард.
Талошҳои Эрон барои тағйири ҳисоб нафақат дар қисми якуму дуюм натиҷа надод, балки Пянич дар дақиқаи 59 голи дувуми Боснияро ба дарвозаи Эрон зад. Ризо Ғучонинажод дар дақиқаи 82 як голи ҷавобӣ зад, вале ин гол метавонад танҳо барои тасаллии дили бозигарони эронӣ кумак кунад. Баъди як дақиқаи ин ягона голи Эрон дар ин Ҷоми ҷаҳонӣ Вршаевич голи сеюми Боснияро вориди дарвозаи Эрон кард. Кори Эрон бо ҳамин тамом шуд ва "Шерони Эрон" бо Ҷоми ҷаҳонӣ алвидоъ мегӯянд.
Дар бозии Аргентина бо Нигерия ҳисоб 3:2 аст. Голи якумро дар ин рақобат дар дақиқаи алакай 3 Лионел Месси зад. Алакай баъди як дақиқа Аҷмад Мӯсо бо як зарба хеле зебо ҳисобро баробар кард. Аммо дар сонияҳои поёнии қисми аввал Месси зарбаи ҷаримавиро бо як зарбаи хотирмонд ба самар расонд ва Аргентинаро пеш баровард. Ин алакай голи чоруми Месси дар Ҷоми ҷаҳонӣ -2ғ14 дар Бразилия аст ва ӯву Неймар аз Бразилия, ки низ 4 тӯб задааст, дар ҳоли ҳозир нишонрасҳои беҳтарини ин мусобииқот ба шумор мераванд.
Дар дақиқаи 47 Аҳмад Мӯсо голи дуюмашро вориди дарвозаи Аргентина кард, вале дар дақиқаи 50 Марко Рохо боз Аргентинаро пеш баровард.
Ба ин тартиб, аз ин гурӯҳ Аргентина ва Нигерия ба марҳалаи ҳаштякниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Босния баъди пирӯзӣ бар Эрон ба ҷои сеюм баромад, вале Эрон бо ҳамагӣ як имтиёз дар мақоми охирин қарор гирифт.
Ҷадвали ниҳоии гурӯҳи F чунин шуд:
Гурӯҳи «F» |
Б |
Ғ |
М |
Ш |
Тӯбҳо |
Имтиёз |
---|---|---|---|---|---|---|
1. Аргентина |
3 |
3 |
0 |
0 |
6-3 |
9 |
2. Нигерия |
3 |
1 |
1 |
1 |
3-3 |
4 |
3. Босния ва Ҳерзеговина |
3 |
1 |
0 |
2 |
4-4 |
3 |
4. Эрон |
3 |
0 |
1 |
2 |
1-4 |
1 |
Дар гурӯҳи Е бозии Фаронса бо Эквадоро бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфта, Швейтсария ба дарвозаи Ҳондурас 3 тӯби беҷавоб зад. Аз ин гурӯҳ ба ҳаштякниҳоӣ Фаронсаву Швейтсария роҳ ёфтанд.
Ё-ё: Шаби ҳалкунанда барои тими Эрон дар Ҷоми ҷаҳонӣ
Имшаб барои тими миллии Эрон дар Ҷоми ҷаҳонӣ шаби ҳалкунанда аст. Танҳо пирӯзӣ бар Босния ва бо ҳисоби ҳарчӣ бузургтар ва он ҳам дар сурати шикасти Нигерия аз Аргентина метавонад “Шерони Эрон”-ро ба даври ҳаштякниҳоӣ барорад.
Шаби 25 ба 26 июн дар даври сеюми мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразилия дар гурӯҳи F Аргентина бо Нигерия ва Эрон бо Боснияву Ҳерзеговина вориди майдон мешаванд. Ин бозиҳои соати 21 00 ба вақти Тоҷикистон оғоз мешаванд. Имшаб ҳамчунин дар гурӯҳи E Фаронса бо Эквадор ва Ҳондурас бо Швейтсария қувва хоҳанд озмуд. Ин ду бозӣ замоне шурӯъ мешавад, ки дар Душанбе алакай соат яки шаби 26 июн аст.
Таваҷҷӯҳи аксари мухлисони футбол дар Тоҷикистон, албатта, ба гурӯҳе равона шудааст, ки ар он тими миллии кишвари бо мо ҳамзабону ҳамфарҳанги Эрон бозӣ мекунад. Эрон, ки дар ду бозии аввал ҳамагӣ як имтиёз ба даст овард, худро дар вазъи мушкиле қарор додааст. Босния, ки ҳарду бозии аввалашро бохт, дигар шонси баромадан ба марҳалаи ҳаштякниҳоиро аз даст додааст ва шояд дар бозии сеюмаш нирӯи зиёде барои як пирӯзии барояшон беҳуда харҷ накунад. Вале ҳам шояд ки ин тим ки барои бори аввал дар таърихи 22-солаи давлатдории Босния ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳ ёфтааст, бихоҳад дари ин Ҷомро ба истилоҳ башаст пӯшида биравад ва ҳама қасди ду шикасти аввалашро аз Эрон биситонад.
Эрон ба фарқ аз Босния шонси андаке барои роҳ ёфтан ба даври баъдӣ ҳанӯз дорад. Албатта, агар бар Босния бо фарқи дастикам ду тӯб ғолиб ояд ва дигар умед ба тими пешсафи гурӯҳи F - Аргентина бандад, ки дар бозии сеюм ва барояшон беаҳамият Нигерияро шикаст диҳад. Барои Аргентина муҳим танҳо ин аст, ки дар гурӯҳаш ҷои аввалро бигирад ва худро аз эҳтимоли рӯёрӯӣ бо тими Фаронса – пешсафи гурӯҳи Е- дар марҳалаи ҳаштякниҳоӣ бираҳонад.
Агар Нигерия бо фарқи дастикам ду тӯб шикаст бихӯрад, пас барои Эрон ҳатто пирӯзӣ бо фарқи ҳамагӣ як тӯб бар Босния кофист, ки ба даври баъдӣ роҳ биёбад. Вале агар Эрону Нигерия бо натиҷаи ҳамсон мутаносибан пирӯз ё мағлуб шаванд, пас имкон дорад, ки барандаи роҳхати дуюм аз ин гурӯҳро бо қуръаккашӣ муайян кунанд, чунки эҳтимоли баробар шудани ҳам холҳо ва ҳам таносуби тӯбҳои ин ду тим хеле зиёд аст.
Аммо Нигерия ин бозиро бо Аргентина ҳатто мусовӣ кунад, барояш кофист, чунки дар ин сурат бо 5 имтиёз ҷои дувумро барои худ тазмин мекунад ва ба даври баъдӣ роҳ меёбад. Онки барандаи роҳхати дуюм аз ин гурӯҳ - Эрон ё Нигерия - дар марҳалаи ҳаштякниҳоӣ ба дидори тими тавонои Фаронса хоҳад рафт, ин алакай як масъалаи дигар аст.
Зимнан тӯби ягонаи Нигерияро дар Бразилия Питер Одемвингие задааст, ки танҳо футболбоз аз Осиёи Марказӣ дар ин Ҷоми ҷаҳонист. Одемвингие соли 1981 аз падари нигерӣ ва модари тотор дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон ба дунё омада, то 12-солагӣ дар инҷо ва баъдан дар Тотористони Русия ба воя расидааст. Ӯ хоҳаре бо номи тотории Алсу ҳам доштааст. Ин ҳамлагари кунунии тими “Сток Сити”-и Инглистон чандин сол дар тими “Локомотив”-и Маскав ҳам бозӣ кардааст.
Ин Ҷоми ҷаҳонӣ як силсила ситораҳои футболи Эронро ҳам ба дунё муаррифӣ кард, вале тими Алиризои Ҳақиқӣ, Ҷаводи Накӯном, Ризои Ғучонинажод Ашкони Дижогаҳ ва Ондроник Темуриён ба раҳбарии мураббии португалӣ Карлуш Пейруш имшаб дар Бразилия як шаби дар воқеъ ҳалкунандае дар пеш дорад, ки Ё-Ё: Пирӯзӣ ҳам тими Эронро сарбаланд кардаву дари даври баъдии Ҷоми ҷаҳониро барояш мекушояду нархи ситораҳояшро дар бозор низ боло мебарад, вале ҳар натиҷаи дигар ҳам тиму ҳам ситораҳояшро сарпасту ноком мекунад.
Ҷадвали гурӯҳи F қабл аз даври сеюм ба ин қарор аст:
Гурӯҳи «F» |
Б |
Ғ |
М |
Ш |
Тӯбҳо |
Имтиёз |
---|---|---|---|---|---|---|
1. Аргентина |
2 |
2 |
0 |
0 |
3-1 |
6 |
2. Нигерия |
2 |
1 |
1 |
0 |
1-0 |
4 |
3. Эрон |
2 |
0 |
1 |
1 |
0-1 |
1 |
4. Босния ва Ҳерзеговина |
2 |
0 |
0 |
2 |
1-3 |
0 |
Дар гурӯҳи Е низ дар даври сеюм муборизаҳо асосан барои роҳхати дуюм ба марҳалаи ҳаштякниҳоӣ сурат хоҳанд гирифт. Фарпонса, ки дар ду бозии аввал асосан бо шарофати 3 гол ва 3 паси Карим Бензема ба дарвозаҳои Ҳондурасу Швейтсария 8 тӯб (!) зад, амалан ҷои якумро барои худ мехкӯб кардааст. Дар даври сеюм ин тим бо дастаи Эквадор, ки умедвори даст ёфтан ба роҳхати дуюм аст, вориди рақобат мешавад. Эквадор мисли Швейтсария 3 имтиёз дорад, вале рақобати миёни ҳарду дар даври аввал ба фоидаи Швейтсария анҷом ёфта буд.
Аз тарафи дигар, ба фарқ аз Эквадор, ки имшаб бозии сахтеро бо тими қавии Фаронса дар пеш дорад, Швейтсария дар даври ниҳоӣ бо Ҳондурас сарбасар хоҳад шуд, ки ҳарду бозиашро бохта, умедашро барои идомаи ширкат дар Ҷоми ҷаҳонӣ дигар кандааст. Дар ҳар сурат, бовар меравад, ки шонси Швейтсария барои гирифтани роҳхати дуюм аз гурӯҳи Е бештар аст ва ҳамин тим ғолибан дар марҳалаи ҳаштякниҳоӣ бо Аргентина – тими Лионел Мессӣ , Серхио Агуэро ва Гонсало Игуаин – рӯбарӯ хоҳад омад.
Ҷадвали гурӯҳи Е қабл аз даври ниҳоӣ чунин аст:
Гурӯҳи «Е» |
Б |
Ғ |
М |
Ш |
Тӯбҳо |
Имтиёз |
---|---|---|---|---|---|---|
1. Фаронса |
2 |
2 |
0 |
0 |
8-2 |
6 |
2. Эквадор |
2 |
1 |
0 |
1 |
3-3 |
3 |
3. Швейтсария |
2 |
1 |
0 |
1 |
4-6 |
3 |
4. Ҳондурас |
2 |
0 |
0 |
2 |
1-5 |
0 |