Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаи зане ки додарарӯси президентро гунаҳкор мекунад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Зане ки дар як навори видеоӣ додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар таҷовуз ба номуси духтари ноболиғаш айбдор кардааст, мегӯяд, ин навор танҳо барои сарвари давлат буд ва намебоист, паҳн шавад.

Сокини ноҳияи Шаҳритӯс, ки видеои шикояти ӯ аз дастдарозии додарарӯси раисиҷумҳури Тоҷикистон, Муҳибулло Саъдуллоев ба номуси духтари ноболиғаш гирди ҷаҳонро гашт, мегӯяд, қарор набуд, шикояти ӯ расонаӣ шавад ва обрӯи хонаводаашро ба замин занад.

Ин зан рӯзи 15 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, аз соддагии ӯ сӯиистифода карда, сӯҳбаташро сабт карданд, вале ӯ ҳеҷ гоҳ розӣ набуд, то шахсияташ ва ҳодисаи ба сари фарзандаш омада, барои ҳамагон ошкор шавад.

Ӯ мегӯяд, пеш аз сабти сӯҳбат барояш ваъда додаанд, ки суханонашро ба президент Эмомалӣ Раҳмон равон мекунанд ва дигар касе аз ин қазия огоҳ намешавад. Аммо бархилофи ин ваъда, навор дар Интернет нашр ва бо ҳадафҳои дигар истифода шудааст. Ин ҳолат сабаби афсурдагии сахти зан гаштааст: «Се рӯз аст, аз хона баромада наметавонам. Фишорам баланд шудааст ва бо фарзандонам дар кунҷи хона нишаста намедонем, чӣ кор кунем. Шарманда шудем. Мо баҳсамонро танҳо ба Ҷаноби олӣ расониданӣ будем. Мо намехостем, ки дар бораи ҳодисаи ба сари мо омада ҳама огоҳ шавад. Илтиҷо мекунам, хоҳиш мекунам, ки ин наворро дигар истифода накунанд. Фикри маро кунанд. Кадом модар мехоҳад, ки дар бораи чунин ҳодисаи ба сари фарзандаш омада ҳама огоҳ шаванд?»

​Ин дар ҳолест, ки рӯзи 13 июл дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навори видеоие нашр шуд, ки дар он як зан худро сокини ноҳияи Шаҳритӯс муаррифӣ карда, бо муроҷиат ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд, додарарӯси ӯ Муҳибулло Саъдуллоев дар соли 2005 дар вақти набудани ӯ духтарашро маҷбуран аз хонааш бурда, ба номусаш таҷовуз кардааст. Ӯ мегӯяд, Саъдуллоев баъдан ҳам пайваста пеши духтараш меомад, вале мақомоти интизомӣ дар посух ба муроҷиати вай иқрор кардаанд, ки коре бо додарарӯси президент карда наметавонанд.

Дар ҳамин ҳол, Қосимҷон Қосимов, намояндаи Холназар Достиев ва Муҳибулло Саъдуллоев, рӯзи 14 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин иддаои сокини Шаҳритӯсро тӯҳмат ва ва кори дасти раиси бозори «Ином» Бурҳон Абдуллоев номид. Ӯ гуфт, нашри чунин наворҳо нишон медиҳад, ки ҷониби дигар дар баҳсҳои додгоҳӣ дигар ҳеҷ асоси қонуние дар даст надорад, аз ин рӯ, бо истифода аз чунин занҳо ба шантаж рӯй овардааст:

«Ҳама коре, ки дар нисбат ба бозор шудааст, аз рӯи қонунҳои ҷорӣ сурат гирифтааст. Мо гуфтем, ки шумо ҳар далеле доред, биёред то мо ҳам бидонем, аммо онҳо ҳеҷ далеле надоранд. Мо барои гирифтани 50 дар сади бозор тамоми асосро дорем ва дар ҳама гуна мурофиаи судӣ ҳозирем, ки инро исбот кунем. »

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъ
Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъ

Аммо Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои Абдуллоевҳо мегӯяд, ҳарчанд навори ин зан ва боз 20 навори дигарро, ки аз қонуншикании Муҳибулло Саъдуллоев ҳикоят мекунад, дар даст дошта бошанд ҳам, ба нашри ин навор даст назадаанд. Ӯ мегӯяд, замоне, ки онҳо даъвои додгоҳиро бар зидди Саъдуллоев шурӯъ карданд, сокинони зиёде, ки аз ин нафар ҷабр дида буданд, барои машварат наздашон омаданд. Ва тавре аз сӯҳбат бо ҷабрдидагон маълум шудааст, ягон ниҳоди ноҳия ба арзи онҳо гӯш намедодааст, зеро ҳама аз хешигарии ҷавобгар бо президент ҳарос доштаанд.

Ёров мегӯяд, ӯ ҳамчун вакили дифоъ ба ин сокинон машварат додааст, ба додгоҳ ва додситонӣ шикоят баранд: «Мо гуфтем, ки барои даъво бояд далел дошта бошед. Ҳоло онҳо 20 наворро ҷамъоварӣ кардаанд, ки дар дасти мо низ ҳастанд. Инҳо наворҳое ҳастанд, ки оиди қонуншикании Муҳибулло Саъдуллоев нақл мекунад. Маъмурияти бозори «Ином» бо ин наворҳо нишон доданианд, ки нафаер, ки чунин кирдорҳоро содир мекунад, ҳатман тақалубу дигар корҳоро метавонад анҷом диҳад.»

Навори моҷаробарангез дар ҳоле нашр шуд, ки баҳси додгоҳӣ байни хонаводаи Абдуллоевҳо ва Муҳибулло Саъдуллоеву шарики тиҷории ӯ Холназар Достиев бар сари бозори “Ином”-и ноҳияи Шаҳритӯс идома дорад.
Навори моҷаробарангез дар ҳоле нашр шуд, ки баҳси додгоҳӣ байни хонаводаи Абдуллоевҳо ва Муҳибулло Саъдуллоеву шарики тиҷории ӯ Холназар Достиев бар сари бозори “Ином”-и ноҳияи Шаҳритӯс идома дорад.

Навори моҷаробарангез дар ҳоле нашр шуд, ки баҳси додгоҳӣ байни хонаводаи Абдуллоевҳо ва Муҳибулло Саъдуллоеву шарики тиҷории ӯ Холназар Достиев бар сари бозори “Ином”-и ноҳияи Шаҳритӯс идома дорад. Саъдуллоев ва Достиев бо ин иддао ки нисфи ин бозорро моликони кунуниаш ба онҳо тӯҳфа кардаанд, бо талаби 50 дарсади саҳмияҳояи “Ином” ба додгоҳ даъво бурданд ва Додгоҳи олии иқтисодӣ дар миёнаҳои моҳи май бо судури як ҳалнома 50 дарсади саҳмияҳои бозори "Ином"-ро ба Муҳибулло Саъдуллоев ва Холназар Достиев дод.

Аммо Абдуллоевҳо ин иддаоро, ки гӯё нисфи бозорро ба додарарӯси президент ва шарики ӯ ҳадя кардаанд, комилан рад мекунанд. Ҳоло ин шикояти саҳҳомони бозори «Ином» - Бурҳон Абдуллоев ва зану писари ӯ - Санавбар ва Ином Абдуллоевҳо дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG