Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қозии парвандаи бозори "Ином" иваз нашуд


Додгоҳи олиии иқтисодии Тоҷикистон дархости моликони бозори "Инонм"-и ноҳияи Шаҳритӯсро, ки мехостанд додраси парванда иваз шавад, рад кард. Масъулони бозори «Ином» дар мурофиаи касcатсионии Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар нисбати додраси додгоҳ, ки парвандаи баҳси ин бозорро пеш мебурд аризаи радди эътимод дода буданд ва аз додгоҳ хостанд, ки додраси дигар барои ин баҳс мансуб намояд. Бурҳон Абдуллоев, раиси бозори «Ином» имрӯз ба Радиои "Озодӣ" гуфт, ки дар нисбати додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ Ховар Ширинова, ки баҳси додгоҳии бозори «Ином» воқеъ дар ноҳияи Шаҳритусро пеш мебурд, расман изҳори нобоварӣ карданд ва додгоҳ феълан тасмими дорад додраси дигарро мансуб кунад. Бурҳон Абдуллоев афзуд, ки додраси додгоҳ ноодилона баҳси додгоҳиро пеш бурд ва 50 дарсади саҳмияи бозорро ғайриқонунӣ ба ихтиёри Муҳибулло Саъдуллоев ва ҳамшарики ӯ Холназар Достиев дод. Вай мегуяд, барои онҳо фарқ надорад, ки Додгоҳи олии иқтисодӣ кадом додрасро барои идомаи баҳс таъйин хоҳад кард, вале ҷараёни ин кашмакашҳои додгоҳӣ нишон додааст, ки додрас Ховар Ширинова таҳти фишор буд ва то андозае манофеи тарафи дигарро нодида нагирифтааст, зеро дар оинномаи ин бозор аз соли 2006 ин ду нафар Муҳибулло Саъдуллоев ва ҳамшарики ӯ Холназар Достиев аслан ба унвони саҳомдор зикр нашудаанд ва ҳаққе дар бозори “Ином” надоранд.

Аммо Қосим Қосимов, вакили мудофеи Холназар Достиев ва Муҳибулло Саъдуллоев қаблан ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муваккилони ӯ бар асоси моддаи 606 ва 610-уми Кодекси шаҳрвандии Тоҷикистон даъвои 50 дарсади бозори “Ином”-ро кардаанд. Ин ду моддаи Кодекси шаҳрвандӣ шароит ва тартиби ҳадя додани молумулкро танзим мекунад. Қосим Қосимов гуфт: “Мувофиқи моддаҳои мазкури Кодекси шаҳрвандӣ, “шахсе, ки ҳадя дарёфт мекунад, ҳуқуқи моликият пайдо мекунад.”

Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 14 май ҳукм кард, ки 50 дарсади саҳмияҳои бозори марказии Шаҳритус ба Саъдуллоев ва Достиев дода шавад. Ин ҳукм ба вокуниши тунди саҳмдорони асосии “Ином” – зану шавҳар Санавбар ва Бурҳон Абдуллоевҳо рӯбарӯ шуд, ки ҳоло бо шикоят аз ин ҳукм хостори барқарор кардани саҳмияҳои худ шудаанд.

XS
SM
MD
LG