Ширкати ҷангиён аз кишварҳои мухталиф дар “ҷиҳод” дар Сурияву Ироқ нигаронии кишварҳои зиёдеро аз Амрикову Аврупо то Узбакистону Чин ба бор овардааст. Мақомоти тоҷик низ батакрор мегӯянд, нигарони тоҷикони аксаран ҷавонеанд, ки таҳти таъсири ақидаҳои ифротӣ ба ҷангҳои бегона ҷалб шудаву ҷони ҷавони худ, вале дар ниҳояти амр амнияти кишвари худро ҳам ба хатар меандозанд.
Бахтиёр Шеров, сокини 26-солаи шаҳри Кӯлоб, ки хабари кушта шуданаш дар Сурия моҳи март расид, як сол пеш ба қасди мардикорӣ дар Русия аз хона берун рафта буд. Ҳамсояҳояш ӯро як бачаи камгапу беозор, вале дар зиндагии шахсӣ бебарор ва бебахт тасвир мекунанд. Давлат Мирзоев, яке ҳамсояҳои Бахтиёр Шеров гуфт: «Бачаи хуб буд. Ба ягон кас кор надошт. Як бор хонадор шуд, вале ҷудо шуданд, чунки фарзанд наёфтанд. Зиндагӣ бо ҳамсари дуюмаш ҳам хуб нашуд. Дигар ҳамин мушкилии рӯзгор сар шуд ва ӯ ба Русия рафт. Мо намедонем, ки ӯро кӣ ва чӣ хел куштааст? Фақат сураташро дар Интернет дидем.»
Хосият, модари Бахтиёр, ки ин фарзанди ягонаашро танҳо ба воя расондааст, мегӯяд, т о ҳол ба марги ӯ бовар надорад: “Аз амният омаданд, пурсиданд, ки чӣ тавр ба он ҷо (Сурия) рафтааст. Охир агар медонистам, магар розӣ мешудам? Масква як бори дигар худаш танҳо рафта омада буд ва дубори дигар бо худам рафта буд. Ӯ дар сохтмон кор мекард, ман дар хонаҳо. Ин дафъа намедонистам, ки дар он ҷо бо кӣ кор мекунад. Ягон бор ки телефон мекард, рақамҳояш номаълум буд. Охирин бор моҳи феврал занг зада буд. Маслиҳат кардем, ки ман ҳам наздаш меравам. Гуфтам, ки меоям ва дар ягон хона дар Масква кор меёбам ва пешатон кор мекунам. Зиёд ҳаваси зиёрати Хонаи Худоро доштам ва ба Бахтиёр гуфтам, ки меоям ва панҷ шаш моҳ кор мекунему якҷо Ҳаҷ меравем. Ӯ розӣ шуд ва ягон гапи дигар нагуфт.” Сомонаҳои ҷиҳодӣ бо нашри хабари кушта шудани Бахтиёр Шеров навиштанд, ки ӯ дар байни ҷангиён “Абӯ Аҳмади Тоҷикӣ” лақаб дошт.
Гузориши вижаи Озодӣ бо номи "4444 км роҳи Бахтиёр Шеров аз Кӯлоб то Сурия ва ё қиссаи "Абӯ Аҳмади тоҷикӣ" инҷост:
Аммо Нусратулло Назаров, сокини маҳаллаи Чармгарони поёни шаҳри Кӯлоб, ки дар зодгоҳаш ҳамчун “Махсуми Нусрат” маъруф будаву дар “ҷиҳод” "Абӯ Холиди Кӯлобӣ" лақаб дорад, танҳо нафаре аз ҷангиёни тоҷик дар Ховари Миёна аст, ки нафқат рӯи худро ошкор кард, балки аз онҷо тавассути Интернет ба Ҳоҷӣ Мирзо, як рӯҳонии маъруф дар Тоҷикистон, ки фарз шудани ҷиҳод дар Сурияро зери суол бурд, як паёми тунди видеоӣ ҳам фиристод. Онҳое ки ӯро мешиносанд, мегӯянд, “Махсуми Нусрат” дар гузашта ба маводи мухаддир “сарукор” дошт ва мӯътод ҳам буд.
Бародари ӯ - Хайрулло Назаров – низ дар як паёми ҷавобӣ ба “Махсуми Нусрат” гуфт, ӯ дар Кӯлоб чунон ба қарз ғӯтида буд, ки ҳатто барои кандани қарзаш хонаи падариашонро фурӯхт. Ӯ хитоб ба бародараш, ки зану 3 кӯдакашро дар Кӯлоб партофта, “ҷиҳод” рафтааст, дар ин навор гуфт: “Охир ту гуфта будӣ, ки Русия меравам, таксӣ мезанам... Шумо чӣ хел рафтед онҷо? Шуморо онҷо магар ҳероин медиҳанд? Ё сӯматон медиҳанд? Агар сӯматон диҳанд, бифиристед ба зану кӯдакатон, дар гушнагӣ намуранд инҷо. Занат мегӯяд, ки бозор мебароям, нон мефурӯшам. Чӣ корашон мекунӣ? Дар каллаи кӣ партофтӣ онҳоро? Худо розӣ мешавад ба ҳамин корат?”
Паёми бародараш ба "Махсуми Нусрат"-ро дар саҳифаи Ozodivideo дар Youtube дар ин нишонӣ тамошо кунед:
Баҳриддин Мӯъминов ва 4 донишҷӯи дигари донишгоҳи байналмилалии Димишқ, пойтахти Сурия, дар моҳи декабри соли 2013 бо ҷурми ширкат дар ҷангҳо алайҳи режими Башор Асад дусолӣ ҳукми зиндон гирифтанд. Бо вуҷуди нашри барномаи мустанади муфассале дар телевизионҳои давлатӣ, ки Баҳриддин Мӯъминовро узви ҳизби наҳзати исломӣ ва додарарӯси яке аз фарзандони Саид Абдуллоҳи Нурӣ муаррифӣ мекард, то ҳол кадом далели қотеъи ширкати онҳо дар “ҷиҳод” то ҳол гуфта нашудааст ва волидони Баҳриддин исрор меварзанд, ки ӯ бо оғози даргириҳо тарки Сурия кардаву таҳсилашро дар Миср идома додааст.
Мақомоти Тоҷикистон ҷамъи тоҷиконеро, ки дар Сурияву Ироқ ва аксаран дар ҳайати танзимҳои “Давлати исломии Ироқу Шом” меҷанганд, ҳудуди 200 нафар тахмин мезананд. То кунун дар мавриди дар Сурия ҷон бохтани дастикам 6 шаҳрванди Тоҷикистон – 3 сокини Кӯлоб, як сокини Восеъ, як нафар аз Исфара ва якеи дигар аз Истаравшан – гузориш шудааст. Ҳоло тафтиши парвандаи Давлат Чолов, бародари фармондеҳони собиқи Фронти халқӣ Султон, Қурбон ва Сулаймон Чоловҳо идома дорад. Ӯ моҳи феврал бо гумони ҷалби ҷавонон аз минтақаи Кӯлоб ба “ҷиҳод” дар Сурия боздошт шуда буд.
Мақомоти Душанбе аммо бар инанд, ки ҷавонони тоҷик умдатан дар Русия ба ақидаҳои “ҷиҳодӣ” ҷалб шуда, асосан аз тариқи Русияву Туркия, ки бо Тоҷикистон низоми раводид надоранд, ба Сурия мераванд. Ахиран ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банде илова шуд, ки муҷозотро барои ширкат дар низоъҳои бегона шадидтар мекунад.
Вале Шариф Қурбонзода, додситони вилояти Суғд рӯзи 7 июл гуфт, агар ҷавонони тоҷики шомил ба ҳизбу созмонҳои террористиву эктремистӣ аз амалҳои худ даст кашида, ихтиёран аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон баргарданд, гуноҳи онҳо бахшида мешавад: “Аз матбуот хоҳиш менамоям, бирасонанд, ки ҳар ҷавоне, ки гумроҳ гашта, ба ҳизбу ҳаракатҳои эктремистиву террористӣ шомил шудаанд, агар онҳо ихтиёран ба ватан баргашта, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баёнот диҳанд, парвандаҳои нисбати онҳо мавҷуди ҷиноӣ боз карда намешавад.”
Гузориши вижаи Озодӣ бо номи "Военкомат"-е ки тоҷиконро ба Сурия мебарад"-ро инҷо тамошо кунед:
Аз Узбакистон ба Сурия
Маълум мешавад, ҷангиён аз Узбакистон низ аз ҳамин масири Русияву Туркия роҳҳои “ҷиҳод” дар Сурия мешаванд. Баҳром Ҳамроев, як фаъоли узбак мегӯяд, “дастикам 10 узбакеро медонад, ки баъзеаш ҳатто ҳамроҳи хонаводаҳои худ “дар чанд моҳи охир ба Русия омада, аз инҷо ба Туркия рафтаанд, то худро ба нуқтаи ниҳоии сафарашон – Сурия – бирасонанд. Вақте ман ҳадафи онҳоро пурсидам, гуфтанд, ки мо шаҳодат дар ҷанги Сурияро аз марги пуразоб дар зиндони бадноми Ҷаслиқ авло медонем.”
Ҳалимаи 17-сола, ки ҳоло бо кӯдаки 3-моҳааш дар Туркия аст, достони ба “ҷиҳод” кашида шудани хонаводаашро чуни қисса кард: “Шавҳари маро додситонии Узбакистон ба далели эътиқоди диниаш таъқиб мекард. Аз ин рӯ, мо роҳи бозгашт надорем. Ман узбакҳоеро, ки барои ҷиҳод ба Сурия мераванд, мефаҳмам. Чунки режими ваҳшиёнаи Узбакистон онҳоро ба ин роҳ тела медиҳад. Вале худи ман ҳанӯз тасмимамро нагирифтаам. Шояд иродаи ман барои пой гузоштан ба ин роҳи муқаддас кофӣ нест.”
Мақомоти Узбакистон ҳар навъ талоши ҷалби атбояш ба ҷангҳои хориҷиро шадидан муҷозот мекунад ва маъмулан нафақат даъваткунандаҳо, балки тамоми аҳли оилаи онҳо таҳти таъқиб қарор мегиранд. Бо ин вуҷуд, ба ҳисоби Адам Челик, як фаъоли турк, дар ҷангҳо алайҳи режими Башор Асад дар Сурия аз 700 то 3000 узбакҳо аз Узбакистону кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ меҷанганд. Яке аз онҳо бо лақаби “Абӯ Усмони Узбак” ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, “шумори ҷангиёни узбак дар Сурия аз ҳисоби онҳое, ки “аз Узбакистон аз роҳи Туркия ва Русия меоянд, пайваста меафзояд.”
Қирғизистониҳо дар “ҷиҳод”-ҳои бегона
Ба ҳисоби мақомоти қирғиз, дастикам 80 шаҳрванди Қирғизистон, бо шумули 10 зан, дар қатори ҷангиёни дигари исломӣ дар Сурия “ҷиҳод” мекунанд ва то имрӯз дар бораи ҳалокати ҳудуди 6 нафар аз Қирғизистон дар ҷанги Сурия гузориш шудааст. Аммо бовар меравад, ки як бахши аъзами “муҷоҳидон” аз Қирғизистон аз узбакҳоеянд, ки маъмулан дар вилоятҳои ҷанубии Бодканд ва Ӯшу Ҷалолобод ба сар мебаранд. Танҳо аз шаҳри Қизил-Кия, ки ҳамчун шаҳри ангиштканон маъруф аст, 44 нафар ба Сурия рафтаанд.
Дар моҳи май мақомоти қирғиз хабар доданд, ки ахиран ду духтари қирғиз – Асали 24-сола ва Шоҳинури 17-соларо аз Сурия пас овардаанд. Дар як барномаи мустанаде, ки мақомоти амниятии Қирғизистон таҳия кардаанд, Асал қисса кард, ки ӯ баъди аз тариқи Интернет ошно шуданаш бо як ҷавонмард ба Сурия рафтааст: “Ӯ ба ман аз Сурия аксу видеоҳои мухталиф мефиристод. Қисса мекард, ки мусалмонҳо дар онҷо чӣ азобу уқубат мекашанд. Бо дидани ин видеоҳо гуфтам, ки ман ин ҳамаро бояд бо чашми худ бубинам. Ӯ ба ман дар харидани чипта кумак кард ва ман аз роҳи Туркия ба Сурия рафтам. Ӯ онҷо ба дасти ман силоҳ дода, видео гирифт ва гуфт, ба хешу таборам фиристам. Ман баъди ин дар фикри бозгашт шудам ва як миёнравро пайдо кардам, ки барои гузаштан аз марз кумакам кард. Ман барои ин ноутбук ва телефонамро фурӯхтам ва пулашро ба ин марди миёнарав додам. Дар Туркия пулис маро дастгир кард ва сипас ба Қирғизистон ихроҷ шудам.Ман ҳоло афсӯс мехӯрам, ки онҷо рафтам. Ҳоло фаҳмидам, ки фиреб хӯрдаам.”
Яке аз 2 ҷавони дигар аз вилояти Ӯш, ки тоза аз Сурия баргаштаанд, қиссаи ҷалби онҳо ба ин “ҷиҳод”-ро чунин тасвир мекунанд: “Як дӯстамон аз Маскав пул фиристод ва мо то Истамбул чипта гирифтем. Дар онҷо як марди турк пешвозамон гирифт ва ба автобусе савор кард, ки моро то марзи Сурия овард. Дар мавзеи Райҳона марди дигаре ба пешвози мо омад ва моро то хатти марз бурд. Як араб барои гузаштан аз марз кумакамон кард. Сипас мо ба урдугоҳе рафтем, ки ҷангиёни навро онҷо ҷамъ меоварданд. Гуфтанд, ки 3 ҳафта мунтазир бошед, ки урдугоҳ холӣ шавад ва шумо ба тамрин сар кунед. Вале ман ба онҳо гуфтам, ки мехоҳам ба Ватанам баргардам.”
Дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон ҳудуди 25 нафар, бо шумули рӯҳониёну устодони мадрасаҳо, бо гумони ширкат дар ҷанги Сурия ваё ташвиқи мардум барои ширкат дар ин ҷанг дар боздошт қарор доштаанд.
Қазоқистон: Аз Сурия – рост ба зиндон
Бино ба аксу наворҳое, ки соли гузашта дар Интернет нашр шуданд, танҳо дар як урдугоҳи ҷангиёни хориҷӣ дар Сурия то 150 нафар аз Қазоқистон қарор доранд. Ҷамъи ҷангиён аз Қазоқистон дар он кишвари дури арабӣ ба маротиб бештар гуфта мешавад. Дар Интернет наворҳое ҳаст, ки ҷангиёни қазоқро дар Сурия ҳамроҳ бо аҳли оилаи онҳо ва ҳатто бо кӯдакони ширмакашон нишон медиҳад.
Мақомоти қазоқ бо чунин ҷангиён маъмулан ягон муросо намекунанд ва ахиран дар Кодекси ҷиноии кишвар бандеро илова карданд, ки ҷазои сахттаре барои ширкат дар “ҷиҳод”-ҳоро пешбинӣ мекунад.
Аммо волидони ҷавононе, ки дар Сурия меҷанганд, мегӯянд, мақомот бо чунин шева роҳи бозгаштро барои онҳое, ки “ба доми фиреб афтодаанд”, пурра мебанданд. Оинагул Аскарова, номи шартии модари ҷавоне аз шаҳри Сатпаеви вилояти Қарағанда аст, ки писараш бехабар ба Сурия рафтааст. Ӯ мегӯяд: “Ба ҷои онки барои бозгардондани фарзандони мо талош кунанд, онҳо нишон медиҳанд, ки дар сурати бозгашт онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашонанд. Чанде пеш боз ду нафар, ки аз Сурия баргашта буданд, ба додгоҳ кашида шуданд. Ин хабар ба гӯши фарзандони мо ҳам мерасад.”
Дар поёни моҳ май додгоҳе дар Алма-Ато сокини маҳаллӣ Комил Абдуллинро бо ҷурми “даст доштан дар фаъолиятҳои гурӯҳи террористӣ дар Сурия ва ширкат дар ҷиҳоди мусаллаҳона” ба 7,5 соли зиндон маҳкум кард. Қаблан ду сокини шаҳри Экбастуз бо айни ҷурми “даст доштан дар фаъолиятҳои гурӯҳи террористӣ дар Сурия” ва ҳам барои таблиғи терроризм 7-солӣ ҳукми зиндон гирифта, ду тани дигар бо ҷурми таъмини молӣ ва ҳимоят аз созмони террористӣ ба ду соли шартии зиндон маҳкум шуданд.
Аммо рӯҳониёни қазоқ мегӯянд, принсипи “Аз Сурия – рост ба зиндон” ба нафъи кор нест. Ҳаитҷон Оққӯшқоров, ноиби имоми масҷиди шаҳри Жеҷқозған мегӯяд: “Шак дорам, ки дар сурати бозгашт ба ҷавобгарӣ кашидани ин мардум натиҷае бидиҳад. Бояд онҳоро бо мавъизаҳо тарбия кард.”
Ҷангиёни тамоми олам, як шавед?
Агар дар гузашта имкони тавсиаи ақидаҳои ифротиву ҷиҳодӣ тавассути онҳое, ки дар Сурия меҷанганд, мояи асосии нигаронии кишварҳои Осиёи Марказӣ буд, ҳоло мояҳои ин нигаронӣ хеле бештар шудааст. Қарори маълум, гурӯҳи ҷангии мавсум ба “Давлати исломии Ироқу Шом”, ки аксари ҷангиёни хориҷӣ, аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ дар ҳайати нирӯҳои он меҷанганд, ахиран дар сарзаминҳои даро Ироқу Сурия бадастовардааш “хилофат” таъсис доду раҳбараш Абӯбакри Бағдодиро “халифа” эълон кард. Аммо аз нақшаи панҷсолаи ин созмон, ки расонаҳои ғарбӣ нашр кардаанд, зоҳиран чунин бармеояд, ки дағдағаҳои ин гурӯҳ танҳо бо Ироқу Сурия маҳдуд намешавад, балки онҳо дар сар андешаи эҳёи хилофати исломиеро, ки дар асрҳои миёна вуҷуд дошт ва қариб ҳамаи сарзаминҳои мусалмоннишинро муттаҳид мекард, дар сар доранд. Дар ҳар сурат, дар нақшаи солҳои наздики ин созмон барқарор кардани ҳукми хилофат бар паҳнои бузурге аз минтақаи дар гузашта мусалмоннишини Андалузи Испания дар ғарб то Осиёи Миёнаву Ҳинд дар шарқ истодааст. Дар ин нақша Арабистони Саудӣ бо номи Ҳиҷоз, қаламрави тамоми кишварҳои Балкан бо номи Оробпа, шарқи Эрон якҷо бо бахши аъзами Осиёи Марказӣ(бо шумули Тоҷикистон) ва Покистону Ҳинд бо як номи умумии Хуросон меоянд.
Ин нақша, албатта, ҳукуматҳои кишварҳои мавҷударо нигарон накарда наметавонад. Аммо аз афзоиши шумори ҷангиёни хориҷӣ дар “ҷиҳод”-ҳои Ироқу Сурия нафақат давлатҳои Осиёи Марказӣ, балки ҳатто кишварҳои ғарбӣ, ки атбои онҳо низ барои ширкат дар “ҷиҳод” ба Сурияву Ироқ зиёд мераванд, ҳам нигарон ҳастанд. Ахиран Интернетро навори видеоии ҷавони мусулмоне аз Бритониё тарконд, ки дар Ироқ дар ҳайати нирӯҳои “Давлати исломии Ироқу Шом” меҷангад ва дар дар ин навор дар бораи “лаззат”-и ширкат дар “ҷиҳод” нақл мекунад. Ин ҷавон дар риштаи тибби донишгоҳ мехонд ва модараш ҳеҷ гумон намекард, ки садои ӯро аз Ироқ хоҳад шунид.
Рӯзи 24 май дар як ҳамла ба синагогаи яҳудиёни Брюссел 3 нафар кушта ва якеи дигар захмӣ шуданд. Пулиси Фаронса ҳафтае баъд дар бандари Марсел Меҳдӣ Немушӣ, як араби 29-солаи зодаи Алҷазоирро дастгир кард. Маълум шуд, ки Немушӣ низ муддате дар Сурия “ҷиҳод” кардааст.
Ба ҳисоби мақомот, дар ҷангҳои зидди режими Башор Асад дар Сурия ва зидди давлати Нурӣ Моликӣ дар Ироқ, ки ҳарду аз мазҳаби шиъаянд, ҳазорон ҷангии аксаран суннитабор аз кишварҳои мухталифи дунё меҷанганд. Ба “ҷиҳод” рафтани донишҷӯи бритониёӣ ва ба маъбади яҳудиён ҳамла кардани як собиқадори “ҷиҳод” боис шуд, ки дар ин масъала сарвазири Бритониё Девид Камерон ва раисиҷумҳурони Фаронсаву Амрико Франсуа Ҳолланд ва Барак Обама садо баланд кунанд. Аммо чунин ба назар мерасад, ки на ин ҳама изҳори нигарониҳо дар сутуҳи ҳарчӣ баландтару баландтар ва на ин боздошту зиндонӣ карданҳо пеши роҳи сели онҳоеро, ки мехоҳанд, ба таъбири он ҷавони донишҷӯи бритониёӣ, “лаззат”-и “ҷиҳод”-ро бичашанд ва ҳатто омодаанд, то ҷоми “шаҳодат”-ро дар ин ҷангҳои аз Ватани худи онҳо ин қадар дуру бегона бинӯшанд, гирифта натавонистааст.
Дар моҳи апрел– алакай баъди аз Сурия расидани хабари кушта шудани Бахтиёр Шеров - дар Интернет боз наворе нашр шуд, ки дар он як гурӯҳе, ки гӯё тоза аз Тоҷикистон ба “Давлати исломии Ироқу Шом” расидаанд, ҳамчун нишонаи омодагии худ барои “ҷиҳод” ва “шаҳодат” ва буридани тамоми роҳҳои бозгашти худ ба дунёи, ба ақидаи онҳо, “пур аз куфр” шиносномаҳои тоҷикиашонро оташ заданд. Яъне ин “сериал” бо номи, барои мисол, “Ҷиҳод” ҳанӯз идома дорад ва маълум нест, ки кай, дар куҷо ва бо чӣ гуна саҳнаи финалӣ ба поён хоҳад расид...