Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таслими як узви «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ба мақомоти тоҷик баъди бозгашт аз Сурия


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як узви «Ҷамоати Ансоруллоҳ», ҳамзамон узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро боздошт кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти вазорат, ин нафар дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд боздошт шудааст, ки дар гузашта аз сӯи раҳбари созмони ҲНИ дар ин ноҳия ба Сурия эъзом шудааст.

Бино ба ин манбаъ, Комил Шукуров, дар гузашта Сотиболдиев, сокини 31 – солаи ноҳияи Спитамен соли 2010 узви ҲНИТ шудааст. Мавсуф ба тафтишот иқрор кардааст, ки соли 2013 Сайфиддин Тоҷибоев, собиқ раиси созмони ҲНИТ дар Спитамен дар Сурия қарор дошт ва ӯро ба он кишвар барои таҳсил даъват кард. Вай гуфтааст, дар Сурия дар як пойгоҳи мухолифини ҳукумати Башшор Асад ба сар мебурд.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, бо баҳонаи илмомӯзӣ ин ҷавон ба иттиҳодияи ҷиноӣ шомил шуда, ӯро ба ҷиҳоду хунрезӣ, таркишу дигар амалҳои террористӣ ва ширкат дар ҷангҳои Сурия омода мекарданд, аммо дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ аз сӯи кормандони ШКД ноҳияи Спитамен Комил Шукуров ба Тоҷикистон омада, ба мақомот таслим шудааст.

Манбаъ мегӯяд, бино бар моддаи 187-и Кодекси ҷиноӣ шахсе, ки бо ихтиёри худ аз иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ ба мақомот хабар дода, барои ҷилавгирӣ аз фаъолияти он мусоидат мекунад ва агар дар кирдори ӯ таркиби ҷиноят набошад, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда мешавад.

Илҳом Ёқубов.
Илҳом Ёқубов.

Дар ҳамин ҳол, Илҳом Ёқубов, раиси созмони ҲНИТ дар вилояти Суғд, мегӯяд, Комил Шукуров воқеан соли 2010 узви ҲНИТ шуда, соли 2014 бо аризаи худ тарки саф кардааст. Вай афзуд, Сайфиддин Тоҷибоев соли 2010 ҳашт моҳ иҷрокунандаи вазифаи раиси созмони ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен буд ва пас аз он аз ӯ хабаре нест.

Раиси созмони ҲНИТ дар Суғд мегӯяд, ба Сурия рафтани Комил Шукуров як бофтаи мақомот аст ва эътирофаш тибқи муомила бо мақомот сурат гирифта, бино бар ин, ба Русия рафтааст.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ҳоло ҳудуди 80 узви ифротиву террористӣ расман дар кофтукови ҷиноӣ қарор доранд.

Соли 2013 31 узви созмонҳои террористӣ - 10 узви Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, 18 узви «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва 3 узви «Ҷундуллоҳ» танҳо аз сӯи кормандони милиса боздошт шудаанд. Ҳамон сол 25 парвандаи ҷиноии марбут ба терроризму экстремизм алайҳи 69 нафар, аз ҷумла 5 узви “Ҳизб-ут-таҳрир”, 18 узви “Ҳизби исломии Туркистон”, 44 узви “Ансуроллоҳ” ва 2 узви “Ҷундуллоҳ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Аъзои ин ҳизбу ҳаракатҳо асосан сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ашт ва Мастчоҳ буда, 60 тани онҳо ҷавонони аз 20 то 40 солаанд.

Соли 2013 17 парвандаи ҷиноӣ нисбати 40 нафар ба суд ирсол шуда, ҳамагӣ ҳукм гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG