Як узви гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ аз Тоҷикистон аз зиндони зери назорати Туркия ғайб задааст. Парвиз Саидраҳмонов бештар бо номи Абу Довуд машҳур аст ва дар маҳбаси Африни Сурия нигоҳдорӣ мешуд.
Телевизиони TRT-и Туркия моҳи ноябри соли гузашта дар барномае ӯро дар зиндони Африн нишон дод ва як порча суҳбаташро пахш кард.
Мақомоти Тоҷикистон он вақт гуфтанд, ки талоши ба кишвар овардани "ҷангҷӯи хатарноки ДОИШ-ро доранд". Африн, шаҳраке дар Сурия аст, ки ҳоло аз ҷониби нерӯҳои туркӣ назорат мешавад.
Феълан маълум нест, ӯ фирор кардааст ва ё ба зиндони дигар интиқол ёфтааст. Ду мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки бо ӯ тамос доштаанд, гуфтанд, зоҳиран Абу Довуд дар озодӣ аст.
Мақомоти зиндони Африн ин мавзуъро шарҳ надодаанд, вале як зани тоҷик, ки ҳамроҳ бо ҳамсари осетинии Абу Довуд дар зиндон қарор дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, "бештар аз як моҳ боз дигар дар ин маҳбас нест".
Ин зан, ки бо далелҳои амниятӣ аз ӯ ном бурда намешавад, гуфт, "ҳамсараш моҳе ду бор бо ӯ вомехӯрд, вале дигар зиёда аз як моҳ боз надидааст".
"Зиндонбонҳо гуфтанд, ки ӯ дигар нест, вале шарҳ надоданд, ки куҷо шудааст. Овозаҳо ҳаст, ки гӯё гурехтааст, лекин мо намедонем" - илова кард ӯ.
Як зани тоҷики дигар, ки дар паноҳгоҳи "Ал-Ҳол"-и Сурия қарор дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, аввали моҳи июн ногаҳонӣ Абу Довуд ба ӯ занг зада, аз аҳволи як фарзандаш пурсидааст, ки дар ҳамин паноҳгоҳ нигаҳ дошта мешавад.
"Гуфтам, дар куҷоӣ, ҷавоб надод. Фақат гуфт, ки ҳама кор хуб аст", - нақл ин зани тоҷик.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, овозаи гӯё фирор кардани Абу Довуд ба гӯши онҳо расидааст, вале инро ҳоло тасдиқ ё рад карда наметавонанд. Қаблан мақомоти тоҷик гуфта буданд, талош доранд, ки Абу Довудро аз зиндони Африн ба кишвар биоранд.
Як мақомои интизомӣ дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ навишт, ҳанӯз посухе аз Туркия нагирифтаанд: "Вақте бӯҳрони коронавирус пеш омад, дигар ин масъала баррасӣ нашуд. Ба мақомоти Туркия мактуб фиристодем, ки ба мо шарҳ диҳанд, шаҳрванди Тоҷикистон Парвиз Саидраҳмонов дар куҷо қарор дорад. Ҳоло ҷавоби расмӣ наомадааст."
Парвиз Саидраҳмоновро мақомоти тоҷик узви хатарноки созмони ба ном “Давлати исломӣ” ё ДОИШ медонанд. Пулиси байналмилалии Интерпол бо дархости Русия ӯро таҳти ҷустуҷӯ қарор додааст. Дар амалҳои террористӣ дар Шветсия, Русия, Тоҷикистон аз нақши ӯ ном мебаранд.
Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, Парвиз Саидраҳмонов, сокини 33-солаи шаҳри Душанбе охири соли 2018 дар шаҳри Бағуз, охирин такягоҳи ДОИШ дар вилояти Идлиби Сурия дастгир шуда буд.
Телевизиони TRT-и Туркия рӯзи 23-юми ноябри соли гузашта гузориши муфассалеро дар бораи зиндоне дар шаҳраки Африн намоиш дод, ки дар он Парвиз Саидраҳмонов дида мешуд. Ӯ дар ин гузориш ба забони арабӣ суҳбат мекард ва мегуфт, ки аз Тоҷикистон аст ва ба Сурия, "барои ҷанг омадааст". Ӯ худро ба хабарнигори дигари турк Фирдавс ва аз Тоҷикистон муаррифӣ кард.
Моҳи июни соли гузашта хешовандони Парвиз Саидраҳмонов гуфтанд, ки ӯ бо модару хоҳараш тамос гирифта, 6 ҳазор доллар хостааст, то ӯро "аз дӯзах халос кунанд". Парвиз Саидраҳмонов дар гузориши телевизиони туркӣ мегуфт, ки дар Русия видеоҳоро дар бораи ҷанги Сурия тамошо карда, аз онҷо ба ин кишвари Ховари Миёна рафтааст.
Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, аз Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор нафар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гуруҳҳои тундраву террористӣ ба мисли ДОИШ пайвастаанд. Бисёре аз онҳо кушта ва қисме ҳам ба Тоҷикистон баргашта, ба зиндон маҳкум шуданд ё мавриди афв қарор гирифтанд.