Дар моҳҳои охир ҷавонони тоҷик дар шумули хабарсозҳои раддаи аввал қарор гирифтанд. Ҳам дар ахбори ҷиноиву навидҳои варзишӣ ва фарҳангӣ ва ҳам дар сиёсату иҷтимоъ.
Радиои Озодӣ пурсарусадотарин хабарҳои марбут ба ҷавононро дар моҳҳои ахир ҷамъоварӣ ва дар мавриди зарфият ва вижагиҳои ин нерӯи серҳаракати ҷомеа бо коршиносони тоҷик гуфтугӯ кард.
Ифтихорофаринҳо
Пирӯзӣ ва шикаст, ноумедӣ ва хурсандӣ, ирода ба озодӣ ва мубориза барои ҳуқуқ – танҳо ҷузъе аз зиндагии ҷавонони тоҷик аст, ки мешавад дар моҳҳои ахир дар расонаҳои дохилу хориҷ мушоҳида кард. Зиёдтар шудани часпу талоши ин қишри шаҳрвандон, ки бештар аз 60 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд, тақрибан дар ҳама арсаҳои ҷомеа ба назар мерасад.
Моҳи октябри соли гузашта паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков мақоми аввали мусобиқоти Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳонро миёни ҷавонон ба даст овард ва нахустин қаҳрамони ҷаҳони ин ришта дар таърихи Тоҷикистон гардид. Баъди чанде овозхони 21-солаи тоҷик Чоршанбе Аловатов Шоҳҷоиза (Гран При)-и озмуни байналмилалии Central Asia's Got Talent-ро, ки дар пойтахти Қазоқистон, шаҳри Нурсултон, баргузор шуд, ба даст овард ва соҳиби ҷоизаи аслии ин озмун – 10 миллион тангаи қазоқӣ ($26 ҳаз.) гардид.
Моҳи январи имсол ҷоизаи ЮНЕСКО-ро дар Париж тарроҳи 29-cолаи муд Нафиса Имронова барои тарроҳӣ, навоварӣ ва фанновариҳои сӯзаниву зардӯзӣ ба даст овард. Тамоми ин дастовардҳоро ҷомеаи Тоҷикистон бо шоистагӣ истиқбол намуд.
Нозирон муваффақияти ҷавононро роҳе барои пирӯзӣ ба қолабҳои манфиву шахшуда медонанд, ки онҳо бо пуштибонии андаки давлат ё комилан бидуни он, ба даст меоранд.
“Ҷавонони тоҷик, сарфи назар аз ҳама душвориҳо дар воқеъ зарфият доранд, вале аксаран ин зарфиятҳои худро дар бахши ғайридавлатӣ сарф мекунанд", -- мегӯяд сиёсатшинос Сулаймон Шоҳзода.
Коргардон Аниса Собирӣ мегӯяд, ки бо роҳи боло бурдани тарзу сифати бознамоии кори худ мешавад ба комёбиҳои бештар даст ёфт. Ба унвони мисол ӯ аз комёбии овозхони русиягии тоҷиктабор Манижа мегӯяд, ки тавонист, хеле зуд маҳбубият пайдо кунад.
"Ҷавонон ҳуқуқ доранд..."
Дар баробари ин пешрафтҳо ҷавонон ҳамчунин барои ҳимоят аз ҳаққу ҳуқуи худ талошу истодагарӣ нишон доданд, ки пештар ба онҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон хос набуд.
Масалан, ҳодисаи бо хабарнигори “Азия-Плюс” Мӯсо Бобоҳоҷиев рухдода, ки пулис дар моҳи декабри соли 2019 барои ҳуқуқвайронкунии содирнашуда мехост ӯро ҷарима кунад, барҷаста аст, зеро баъди чопи сабти ин сӯҳбат, ки хабарнигор пинҳонӣ анҷом дода буд, корманди милиса аз кор ҷавоб дода шуд. Ва ё хабари пурсару садо дар мавриди қарори суди пойтахт аз 18 -уми декабр нисбат ба Нилуфар Раҷабова, ки ҳангоми рейди алайҳи ҳиҷоб боздошт шудаву барои майдаавбошӣ ва таҳқири корманди ҳукумати маҳаллӣ гунаҳкор гардида буд.
Худи Раҷабова изҳор дошт, ки ӯ аз ҷониби кормандони милиса мавриди таҳқиру таҳдид қарор гирифта, аз рӯйи қарори суд ба зинаи болоӣ шикоят бурд, аммо қарор бетағйир монд. Ҳарчанд дар Кумитаи кор бо занон баъдан изҳор доштанд, ки корманди онҳо барои рафтори ноҷо танбеҳ гирифтааст, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар рафтори кормандони худ ягон ҳаракати ғайриқонуниро надид. Сарфи назар аз ин, ба Раҷабова муяссар гардид, ки барои ҳифзи ҳуқуқи худ, аз ҷумла ҳуқуқи динӣ, ки аксаран баҳсҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд меорад, пешинагузорӣ намояд.
Зимни ҳифзи ҳуқуқи мушобеҳ шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон Шерзод Маҳмадҷонов, ки дар яке аз донишгоҳҳои Олмон таҳсил мекунад, машҳур шуд. Мавсуф зери тахаллуси "Abdurahmon 09" дар Интернет навори сӯҳбатҳои телефонии худро бо намояндагони ҳукумат нашр кард, ки дар он ӯ ҳуқуқи занҳоро барои пӯшидани ҳиҷоб ҳимоя мекунад. Чунин ташаббуси ӯ боис шуд, ки модараш аз ҷои кор маҳрум гардад, аммо Муҳаммадҷонов эълон кард, ки минбаъд ҳам фаъолияти худро идома медиҳад ва мақсади қатъ кардани талошҳояшро надорад.
14-уми декабри соли 2019 аз Германия Хосият Ёроваи 38-сола, хоҳари адвокати маҳбус Бузургмеҳр Ёров ҳамроҳи шавҳару фарзандонаш ба ватан баргашт. Ин оила се сол пеш аз кишвар ба мақсади пайдо кардани паноҳгоҳи сиёсӣ хориҷ шуда буд. Ба нигарониҳои Ёрова дар мавриди фишорҳои эҳтимолӣ дар ватан, ӯ изҳор дошт, ки ба хотири модари бемор ва мубориза ба мақсади озод кардани бародараш баргаштааст.
Дар охири декабр зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди 21-cолаи Русия Самариддин Раҷабов баъди ҷарима аз сӯйи додгоҳи Мешанскийи шаҳри Маскав озод шуд. Ӯро ба таҳдиди истифодаи зӯрӣ алайҳи се корманди милиса ҳангоми тазоҳуроти ғайриқонунӣ ба хотири интихоботи одилона ба Маҷлиси шаҳри Маскав муттаҳам карданд. Кормандони милисаро садои ба замин бархӯрдани зарфи пластикии обгирӣ тарсондааст. Суд қарор кард, ки Раҷабовро ба маблағи 100 ҳазор рубл ҷарима кунад. Дар айни ҳол, ин парванда Раҷабовро ҳамчун овозхони рэп ҳам дар Русия ва ҳам дар хориҷи он машҳур кард.
Блогнависи тоҷик Рустам Гулов дар бораи фаъолшавии ногузири насли ҳозир, ки хусусиятҳои хоси худро дорад, мегӯяд. “Онҳо аз насли қаблӣ аз рӯи параметрҳои зиёд фарқ мекунанд. Аммо хусусиёти фарқкунандаи насли нав мавҷуд набудани тарсест, ки ба он дигарон одат кардаанд, яъне тарс пеши ҷанг, “душманони халқ”, ва авторитетҳо. Албатта, на ҳамаи онҳо чунинанд, аммо дар миёни ҷавонони имрӯз ман лидерони ояндаи ҷомеаро мебинам”. Ӯ қайд мекунад, ки дар миёни ҷавонон ҳоло нафарони зиёде ҳастанд, ки аз гуфтани ҳақиқат намеҳаросанд. Дар сурати мавҷуд будани озодиҳо, таъкид мекунад Гулов, теъдоди чунин ҷавонон ба маротиб зиёд мебуд.
Фаъолони сиёсӣ
Кӯшишҳои ибрози назари худ моҳҳои қаблӣ ҳам ба чашм мерасиданд, аммо муваффақ набуданд. Иззати Амони 46-сола, ҳомии ҳифзи ҳуқуқ ва хабарнигори 43-сола Ҷонӣ Сафарзода дар охири соли гузашта эълон доштанд, ки нияти ширкат дар интихоботи порлумониро дар соли 2020 доранд. Амон ба ин мақсад эълон кард, ки нияти таъсиси ҳизби “Тағйирот, ислоҳот ва рушд”-ро дорад, аммо баъдан аз ин идея даст кашид. Ӯ ин гоми худро таҳдид ба унвони худ ва монеаҳое, ки дар қонунгузории кишвар дар ин иртибот вуҷуд доранд, эълон кард.
Бидуни муввафиқият талошҳои рӯзноманигори 35-cолаи тоҷик Завқибек Саидаминӣ, ки мехост ҳамчун номзади худпешбар аз ҳавзаи интихоботии №11 дар Файзобод номнавис шавад, ба поён расид. Мақомот дар радди номнавис кардани он гуфтаанд, ки ӯ зимни ҷамъ овардани имзоҳои лозим ба тақаллуб даст задааст, ҳарчанд худи Саидаминӣ инро рад мекунад.
Далели роҳ наёфтани номзадҳои ҷавонро ба қудрат сиёсатшинос Сулаймон Шоҳзода ба хосияти геронтократик (ҳукумати солхӯрдаҳо) доштани давлат медонад, ки дар он тасмимҳои асосиро мардуми солхӯрдатар мегиранд.
“Гироиш ба муҳофизакорӣ, набудани ирода барои ислоҳоти нав, метавонанд бо талошҳои насли калонсол барои ҳифзи пешбинӣ, қобили шарҳ бошад. Вале ин метавонад дорои як қатор пайомадҳои манфӣ бошад”, - мегӯяд коршинос. Ба гуфти вай, набуди нардбонҳои иҷтимоӣ ва имконоти баробар барои ҳама ҳолатҳои гуногун, аз ҷумлаи руҳияи радикалиро дар ҷомеа таҳрик медиҳад.
Қаҳрамонони сужаҳои ҳузнангез
Дар сархати хабарҳо фаъолиятҳои манфии ҷавонони тоҷик ҳам мунташир шуд. Дар охири январ хабари эҳтимоли истирдоди ҷангҷӯйи тоҷики ДОИШ Парвиз Саидраҳмонов бо тахаллуси “Абу Довуд” ба Тоҷикистон пайдо шуд. Охири моҳи декабр бо иттиҳоми куштани ҳамсабақи худ додгоҳи шаҳри Душанбе Убайдулло Қурбонови донишҷӯйро 24 сол зиндонӣ кард. Дар оғози моҳи январ хабари марги сарбози 21-сола Равшан Азизов расонаӣ гашт, ки ду моҳ пештар ба хидмати аскарӣ рафта буд. Мақомот далели марги ӯро бемории саратон унвон карданд, вале наздикон ин фарзияро рад мекунанд.
Дар оғози сол Додситонии кулл алайҳи руҳонии ҷавон Хайриддин Абдулло (Хайриддин Достаков) бар пояи моддаи “ифротгароӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кард, ки ҳангоми бозгашт аз Маскав дар фурудгоҳи Душанбе 29-уми декабр боздошт шуда буд. Наздиконаш бар инанд, ки ӯро туҳмат кардаанд ва таъйид мекунанд, ки худи ин руҳонӣ дар солҳои ахир фаъолона алайҳи ифротгароӣ дар миёни муҳоҷирон дар Русия мубориза мекард.
Ҳамчунин 28-январи соли 2020 рӯзноманигори 32-cолаи тоҷик Далер Шарифов, ки бо навиштаҳои интиқодияш дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф аст, ба шуъбаи КДАМ ҶТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даъват шуд ва баъди ду рӯз ба раёсати ин Кумита дар шаҳри Душанбе бурда шуд. Дар ин раёсат нисбат ба ӯ парванди ҷинойӣ бар асоси моддаи 189 КҶ ҶТ “Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” боз карданд ва дар сурати исботи иттиҳом ӯро то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад. Баъди боздошти Шарифов дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо матолибе бо имзоҳои мустаор пайдо шуд, ки боздошти ӯро ба нашри китоби “Муҳаммад (С) ва терроризм” марбут медонистанд. Баъдан Додситонии кулли Тоҷикистон дар як изҳорот Далер Шарифовро ба нашри ин китоб ва навиштани 200 мақолаи дорои мазмуни экстремистӣ муттаҳам донист. Наздикони Далер Шарифов ин иттиҳомро беасос медонанд ва боздошти ӯ вокуниш ва эътирозҳои бепешинаеро аз сӯйи ҷомеаи шаҳрвандиву рӯзноманигории Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ дар пай дошт. Ҳоло созмони Афви байналмилал бо ирсоли як нома ба Эмомалӣ Раҳмон хостори раҳоии фаврии ин рӯзноманигор шудааст.
Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ таъкид мекунанд, ки дар шароити рушди интернет, дар тамоми ҷаҳон фаъолшавии ҷавонон ба назар мерасад ва ин таъсири худро ба Тоҷикистон ҳам мегузорад. Ба гуфтаи онҳо пешрафти давлат дар ин замина ба он вобаста аст, ки то куҷо метавонад ин энержии ҷавононро ба самти дуруст равона кунад.
"Агар имкони дарёфти таҳсилоти босифат ба таври ҳамагонӣ вуҷуд надошта бошад, пас, омилҳои харобиовар бартарӣ пайдо мекунад. Ҷавононро намешавад дар чаҳорчӯбаҳо пойбанд кард, онҳо дер ё зуд энержии худро бармало мекунанд, аз ин рӯ, онҳо ба як таҳдобе ниёз доранд то битавонанд худро дар як намунаи мусбат нишон бидиҳанд", -- мегӯяд Аниса Собирӣ.