Пайвандҳои дастрасӣ

 
Тоҷикистон дар мавриди Қорӣ Усмон ва Абу Аюби Кӯлобӣ дархост нагирифтааст
Хабари нав

Тоҷикистон дар мавриди Қорӣ Усмон ва Абу Аюби Кӯлобӣ дархост нагирифтааст


Шаҳбози Музаффар ва фарзандаш дар як маҳалли номаълум
Шаҳбози Музаффар ва фарзандаш дар як маҳалли номаълум

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар бораи иштироки ду шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳамлаи Стокҳолм дар соли 2017 аз мақомоти Шветсия ягон муроҷиате нагирифтааст. Қаблан Хадамоти Амниятии Шветсия гуфта буд, ду шаҳрванди Тоҷикистон бо лақабҳои Қорӣ Усмон ва Абу Аюби Кӯлобӣ (Шаҳбози Музаффар) бо Раҳмат Оқилов, созмондиҳандаи ҳамлаи Стокҳолм робита доштанд.

Таҳқиқи маъмурони амниятии Шветсия маълум кардааст, ки Қорӣ Усмон ба Раҳмат Оқилов, роҳҳои омода кардани бомбро нишон додааст ва Абу Аюби Кӯлобӣ чанд соат пеш аз ҳамла ӯро рӯҳбаланд кардааст, то ҳамларо дуруст анҷом диҳад.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 23-юми январ дар ҷавоби расмӣ ба Радиои Озодӣ навишт, давоми солҳои 2018-2019 аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Шветсия ягон дархост нагирифтаанд.

Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон
Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Аммо мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар нома гуфтаанд, ҳамкориашон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Шветсия "дар асоси санадҳои байналмилалии универсалӣ, аз қабили конвенсияҳо ва созишномаҳои бисёрҷониба ба роҳ монда шудааст."

Ин посухи Додситонии кулли Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки қаблан як мақоми интизомии Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, онҳо "роҳҳои ба Тоҷикистон баргардонида ва ба ҷавобгарӣ кашидани Парвиз Саидраҳмонов ва Тоҷиддин Назаровро баррасӣ мекунанд."

Ин ду нафар дар Тоҷикистон ба тундгароӣ, узвият дар созмонҳои террористӣ ва зархаридӣ муттаҳам мешаванд. Мақомоти Шветсия мегӯянд, ин ду шаҳрванди Тоҷикистон бо Раҳмат Оқилов, ташкилкунандаи аслии ҳамлаи Стокҳолм дар алоқа будаанд. Дар ин ҳамла дар рӯзи 7-уми апрели соли 2017 панҷ нафар кушта ва даҳ тани дигар захмӣ шуданд.

Моҳи декабри соли гузашта таҳқиқи Радиои Озодӣ ва телевизиони ТВ4 -и Шветсия маълум кард, ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки гуфта мешавад, дар ҳамла дар Cтокҳолм даст доранд, дар зиндоне дар Сурия нигаҳ дошта мешаванд.

Майкл Дамберг, вазири умури дохилии Шветсия, рӯзи 20-уми декабри соли гузашта гуфт, мехоҳад, тамоми онҳое, ки дар ҳамлаи террористии Стокҳолм робита доштанд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.

Раҳмат Оқилов
Раҳмат Оқилов

Дар таҳқиқи Хадамоти Амниятии Шветсия омадааст, ки ин афрод бо лақаби Қорӣ Усмон ва Абу Аюби Кӯлобӣ (Шаҳбози Музаффар) бо Раҳмат Оқилов пеш аз ҳамлаи ӯ дар шаҳри Стокҳолм дар тамос буданд. Дар ин ҳамла дар рӯзи 7-уми апрели соли 2017 панҷ нафар кушта ва даҳ тани дигар захмӣ шуданд.

Пеш аз ҳамла ба маҳаллаи Дроттингатан Раҳмат Оқилов бо теъдоди зиёде дар иртибот будааст ва яке аз онҳо Қорӣ Усмон, як ҷавони тоҷик аз шаҳри Ваҳдат будааст. Маъмурони амниятӣ дар телефони Раҳмат Оқилов дастури мукаммали омода кардани бомбро пайдо кардаанд. Ин дастурро ба ӯ Қорӣ Усмон фиристода будааст. Номи воқеии ин фард ҳанӯз ба Радиои Озодӣ маълум нест.

Манобеи Радиои Озодӣ баъди тамошои гузоришҳои телевизионҳои Туркия дар бораи зиндони Африн кӯдакони Қорӣ Усмонро шинохтаанд. Дар гузоришҳои телевизионҳои туркӣ фарзандони чанде аз ҷангҷӯёни гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ-“ро нишон доданд ва манобеи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомӣ онро тамошо кардаанд. Хешовандони Қорӣ Усмон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки худи ӯ дар зиндони Африн будааст.

Абу Аюби Кӯлобӣ рӯзи 7-уми апрел бо Раҳмат Оқилов дар тамос будааст. Дар парвандаи тафтиши ҳамла дида мешавад, ки Оқилов тавассути паёмрасони Zello ҳадди аққал 19 дафъа бо Абу Аюби Кӯлобӣ дар тамос буда ва дар як паёме дар рӯзи 7-уми апрел ӯ ба Раҳмат Оқилов навиштааст: «Саросема нашав хушру бин корота.”

Номи аслии Абу Аюби Кӯлобӣ, Шаҳбози Музаффар будааст. Як манбаъ дар мақомоти интизомии Кӯлоб бо дидани акси ӯ гуфт, Шаҳбози Музаффар сокини маҳаллаи Борбади Кӯлоб, соли 1992 ба дунё омада ва бе падар бузург шудааст. Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ афзуд: "Ҳамсараш Лутфия Мадиева ном дорад. Ин зан аз Шаҳбоз бузург аст, аммо баъди марги шавҳараш бо Шаҳбоз издивоҷ кардааст ва се кӯдак дорад. Ҳоло ин зан дар яке урдӯгоҳи Ал-Ҳасака аст ва ва шавҳараш дар зиндони Африн.”

Ба қавли ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, Лутфия Мадиева бо мақомоти интизомии Тоҷикистон дар тамос будааст ва хостааст, ки ӯву шавҳарашро баргардонанд. Модари Шаҳбози Музаффар рӯзи 21-уми декабр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки 6 моҳ боз аст, бо фарзандаш тамосе надоштааст. Ӯ гуфт, ки писараш аз Русия ба Сурия рафтааст ва бо вуҷуди талабҳои модар барои бозгашт ба Тоҷикистон гуфтааст, ки азми бозгашт надошт. Анорбӣ Асоева гуфт: "Ҳар қадар таъкид мекардам, баргардад, ба гардан намегирифт."

Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, ки то кунун бо ҳамсари писараш дар тамос аст ва ҳам "тамоми маълумотро дар бораи писараш ба мақомоти милиса додааст." Анорбӣ Асоева гуфт, аз корҳои писараш хабар надошт, чун ба ӯ "чизе намегуфт."

Парвиз Саидраҳмонов дар зиндоне дар Африни Сурия
Парвиз Саидраҳмонов дар зиндоне дар Африни Сурия

Абу Аюби Кӯлобӣ асосан ба Раҳмат Оқилов паём мефиристодааст ва онҳо чаҳор дафъа телефонӣ сӯҳбат кардаанд, ки аз 16 то 117 сония тӯл кашидаанд. Ӯ низ дар зиндони Африн нигаҳ дошта мешавад. Радиои Озодӣ саъй дорад, номи воқеии ҳарду ҷангҷӯро ошкор кунад. Вазири умури дохилии Шветсия гуфт: "Агар афроде ҳастанд, ки ба ин амали террористӣ иртибот доранд, мардум Шветсия мехоҳанд, ки онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Барои ҷазо додани террористон ва онҳое, ки кӯмак кардаанд, ҳеҷ маҳдудияту мӯҳлате вуҷуд надорад." Додгоҳи Стокҳолм моҳи июни соли 2018 Раҳмат Оқиловро бо гуноҳи терроризм ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард.

Аз ин пештар Радиои Озодӣ маълум кард, ки дар ҳамин зиндон Парвиз Саидраҳмонов, мулаққаб ба Абу Довуд, яке аз мубаллиғони асосии ДОИШ аз Тоҷикистон нигаҳ дошта мешавад. Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ, Қорӣ Усмон бо Парвиз Саидраҳмонов ҳамроҳ дастгир шудаанд. Хабарро Радиои Озодӣ баъди таҳқиқи як гузориши телевизиони TRT- haber телевизонии давлатии Туркия ва суҳбат бо наздикони Парвиз Саидраҳмонов ва мақомоти интизомии Тоҷикистон ошкор кард.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG