Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари "Абу Мусаъаб Тоҷикӣ": Барои таҳсил ба Миср рафта буд


Муҳаммад Давлатализода (Абу Мусаъаб Тоҷикӣ).
Муҳаммад Давлатализода (Абу Мусаъаб Тоҷикӣ).

Мақомоти Тоҷикистон шахсияти як ҷангҷӯи тоҷики гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро, ки аз тарафи нерӯҳои курд дар Сурия дастгир шуд, мушаххас кардаанд.

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон рӯзи 10-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "Абу Мусаъаб Тоҷикӣ" Муҳаммад Давлатализода, сокини деҳаи Тоҷикободи шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон аст. Бино ба иттилои расмӣ, ӯ 24 сол дошта, аз моҳи апрели соли 2015 бо иттиҳоми зархаридӣ (моддаи 401-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) таҳти ҷустуҷӯст.

Муҳаммад Давлатализода
Муҳаммад Давлатализода

Меҳрӣ Қурбонова, модари Муҳаммад Давлатализода, рӯзи панҷшанбе январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам мехонд ва соли 2014 барои идомаи таҳсил ба Миср рафта буд. Ӯ гуфт, ҳамон сол писараш дар Миср бедарак шуд ва баъдан хабараш аз майдонҳои ҷанг дар Ироқ омад.

Қурбонова нақл кард, ки бо Муҳаммад Давлатализода ду моҳ пеш телефонӣ суҳбат дошт ва аз писараш хостааст, ки бо хоҳиши худ ба Тоҷикистон баргардад ва афв шавад.

"Худаш ҳам гуфт, ки сахт пушаймон шудааст ва ба ватан баргаштанист. Нақл кард, ки ӯро фиреб дода ба онҷо бурдаанд ва агар ба кишвар баргардад, номи ҳамон одамро мегӯяд. Мо ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳия муроҷиат кардем. Вале ӯ дигар тамос нагирифт", - афзуд ӯ.

Нерӯҳои курд дар Сурия рӯзи 9-уми январ аз боздошти Абу Мусаъаб Тоҷикӣ (Муҳаммад Давлат) шаҳрванди Тоҷикистон ва узви гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" хабар доданд. Ҳамроҳ бо ӯ ҳафт ҷангҷӯи дигари ДИИШ дастгир шудаанд.

Муҳаммад Давлатализода
Муҳаммад Давлатализода

Вебсайти нерӯҳои худдифои курдҳои Сурия рӯзи 9-уми январ навишт, ҷангҷӯёни гуруҳи "Давлати исломӣ" қасди ҳамла ба мардуми осоиштаро доштанд ва "рӯзҳои 6 ва 7-уми январ дар ҷараёни амалиёт дар шаҳри Ҳаҷини Дейр-аз-Зор ба даст афтоданд".

Бино ба феҳрасте, ки курдҳои Сурия нашр карданд, дар қатори Муҳаммад Давлат, номи Одил Раҳимов (Абу Оминаи Узбекӣ) Фарҳод Қодиров (Абу Билоли Узбекӣ) аз Узбекистон, Аскар Зарманбетов (Абу Довуд) аз Украина, Сотибек Ошибоев (Абу Руқия) аз Қазоқистон, Бекҷон Бимурзаев (Абу Соро) аз Русия, Сулай Нӯҳ Су (Абу Сулаймон Ал Амрикӣ) аз Амрико ва Лукас Глеб (Абу Иброҳим Ал Олмонӣ) аз Олмон сабт шудааст.

Дар ин миён Абу Сулаймон Ал Амрикии 16-сола ноболиғ буда, боқимонда аз 22 то 58-солаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бино ба ҳисоби онҳо то моҳи сентябри соли гузашта тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар ба Ироқу Сурия рафта, ба сафи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд. То кунун даҳҳо нафари онҳо дар ҷараёни даргириҳо кушта шудаанд.

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар соли 2014 дар Сурия ва Ироқ иддаои хилофат кард ва замоне назорати аз се як ҳиссаи қаламрави Ироқ ва бахшҳои калоне аз Сурияро дар ихтиёр дошт.

Соли гузашта нерӯҳои ироқӣ дар амалиётҳои пайдарпай онҳоро аз минтақаҳои зери назорат берун ронданд ва дар Сурия низ нуфузи онҳо ба шакли қобили мулоҳиза коҳиш ёфт.

XS
SM
MD
LG