Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ояндаи сиёсии Озода Раҳмон


Эмомалӣ Раҳмон ва Озода Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон ва Озода Раҳмон

Пешбарии номзадии Озода Раҳмон ба вакилии Маҷлиси Миллӣ фарзияҳои мухталифро дар бораи ояндаи сиёсии духтари президент ба миён овардааст

Пешбарии номзадии Озода Раҳмон - раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурӣ ва духтари президент Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагии Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ӯро ба сиёсати воқеӣ наздиктар ва нақши ӯро дар тасмимгириҳои ояндаи кишвар боризтар мекунад. Зина ба зина боло рафтани Озода Раҳмон ин пешгӯиҳоро ба миён овардааст, ки эҳтимолан президент ҳоло дар масъалаи ҷойгузини худ баъди соли 2020 ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидааст ва шояд интихоб сари Озода Раҳмон қарор бигирад.

Бисёре аз коршиносон шубҳа надоранд, ки раҳбари ояндаи кишвар аз доираҳои наздик ба раиси ҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон берун ояд. Бархе ҳам писари раиси ҷумҳур Рустами Эмомалиро ҷойгузини ӯ мешуморанд. Аммо бо назардошти зуд-зуд аз зинаҳо боло рафтани Озода Раҳмон дар сиёсат аксари коршиносон мегӯянд, ки ин номзадро низ набояд кам гирифт. "Албатта, фарзандони раиси ҷумҳур ҳам мисли шаҳрвандони дигар метавонанд номзад шаванд. Аммо ба шарти ин ки аз ваколатҳои падараш ва аз ваколатҳои мақомоти наздик ба падараш дар фаъолияти худ истифода накунад, яъне аз ресурсҳои давлатӣ ҳеҷ кас ҳақ надорад истифода барад. Тарбияи фарзандон ба ҷои падарони раҳбар дар давлатҳои минтақа падидаи нав нест. Қазоқистон ҳам ба ҳамин роҳ қадам ниҳодааст. Фарзандони раҳбарон мехоҳанд депутат мешаванд ё мехоҳанд вазир мешаванд”: - мегӯяд Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони “Перспектива Плюс” .

Вале хонум Бобоназарова шак дорад, ки Озода Раҳмон дар сурати интихоб метавонад раиси Маҷлиси Миллӣ интихоб шавад, зеро дар ин сурат ду мақоми раҳбарӣ ба ихтиёри аъзои як хонавода мегузарад. Ҳоло ин мақомро Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе бар дӯш дорад ва тибқи қонун баъд аз раисиҷумҳур шахси дуввум дар раҳбарии Тоҷикистон дониста мешавад. Раҳбари “Перспектива Плюс” ин имконро низ баъид медонад, ки дар оянда бародару хоҳар - яке раиси ҷумҳур ва дигарӣ мақоми раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистонро бар ӯҳда бигиранд.

Ҳайдар ва Илҳом Алиевҳо
Ҳайдар ва Илҳом Алиевҳо

Брюс Паннир - таҳлилгари умури Осиёи Миёна дар Радиои Озодӣ мегӯяд, раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна ва Озарбойҷон нақши раҳбари ояндаи кишварро бештар дар симои аъзои хонаводаи худ мебинанд. Озарбойҷон ин роҳро паймудааст ва баъд аз сари Ҳайдар Алиев писараш Илҳом Алиев акнун 13 сол мақоми раёсати ҷумҳуриро бар ӯҳда дорад.

Қазоқистон ҳам ба ҳамин роҳ пеш меравад. Дариға Назарбоева -духтари калонии раиси ин ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев ҳоло муовини нахуствазири Қазоқистон аст ва дар гузашта муовини раиси Маҷлиси поёнии порламони кишвараш низ буд.

Ба гуфтаи ин таҳлилгари Радиои Озодӣ, на танҳо дар Озарбойҷону Қазоқистон, балки дар Узбакистон ҳам дар гузаштаи наздик сару садоҳо дар бораи талоши Гулнора Каримова - духтари калонии раиси ҷумҳур Ислом Каримов ба мақоми раҳбарӣ мушоҳида мешуд. Вай дар берун аз Узбакистон мақомҳои дипломатӣ дошт. Вале бо ифшои муомилаҳои ғариқонунии молӣ ҳоло номи Гулнора “аз даҳон афтодааст.” Баръакс баъзеҳо акнун Лола Каримова-Тилоева - духтари дувуми Ислом Каримовро чун меросбари падар истисно намедонанд.

Ба ақидаи Брюс Паннир, ҳоло раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна солманд шудаанд ва дар бораи оянда фикр мекунанд, то баъд аз сари худ эътиборашон дар ҳамин сатҳ боқӣ бимонад. Чунин эътиборро танҳо аъзои хонаводаи онҳо метавонанд замонат диҳанд. Дар баъзе кишварҳои ҷаҳон намунаҳое вуҷуд дорад, ки як рӯз баъд аз омадани шахси “бегона” бар сари қудрат таърих бознависӣ шудааст.

Нотиқ Ҷаъфарлӣ - таҳлилгари масоили сиёсии Озарбойҷон дар бораи меросгирии мақоми раҳбарӣ аз падар лаҳни шадидтар дорад ва бо назардошти таҷрибаи кишвари худ мегӯяд, вақте ки дар кишвар тиҷорату соҳибкорӣ берун аз чаҳорчӯбаи қонун пайрезӣ мешавад, ҳукуматҳо дар фикри тарбияи шахсе мешаванд, ки ҳокимият ба истилоҳ ба “дасти одами бегона” наравад. Ба ин далел ин як навъ “эҳтиёткорӣ” ё “кафолат” ба оянда аст. Маъмулан, ҳукуматҳо барои худ “кафолат” дуруст мекунад, то дар оянда мушкиле пеш наояд ва ҳукумати оянда аз ҳукумати пешӣ чизе суол накунад. Ин масъала на танҳо дар кишварҳои пасошӯравӣ, балки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ низ вуҷуд дорад.

Дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ роҳ ба сӯи мақоми раҳбарии сиёсӣ тақрибан яксон аст. Фарзандони раҳбарон дар зинаҳои мухталиф аз мақомҳои поён то ба боло таҷриба меомӯзанд. Нотиқ Ҷаъфарлӣ мегӯяд, дар чунин ҳолатҳо “ҳадаф ошноӣ бо низоми дохилӣ ва ошноӣ бо бозигарони калидӣ дар дохили низом аст”. Озода Раҳмон низ бо фаъолият дар мақомҳои гуногун бо чунин таҷрибаҳо ошноӣ пайдо мекунад.

Хонум Бобоназарова мегӯяд, хуб аст, агар Озода Раҳмон ҳамзамон фондҳо ё бунёдҳои ёрмандӣ ташкил кунад ва ба мардуми ниёзманд кӯмак расонад, то аз ин роҳ низ чун шахсият дар ҷомеа матраҳ шавад.

Рустами Эмомалӣ бо падараш
Рустами Эмомалӣ бо падараш

Бобоназарова дар муқоиса бо Рустами Эмомалӣ бартариро ба Озода Раҳмон медиҳад ва мегӯяд, агар падар бихоҳад яке аз фарзандонро ба мақоми раҳбарӣ тарбия кунад, шояд такя ба духтараш беҳтар аст, зеро синну солаш то андозае барои раҳбарӣ муносиб аст. Вай мегӯяд, “духтараш дар хориҷа дар сафорати Тоҷикистон дар Амрико ҳам кор кард ва дар вазорати корҳои хориҷа ҳам. Ба синну соле расидааст, ки аз масъалаҳои сиёсӣ огаҳӣ дорад. Қарорҳои муҳим дар ҷойҳое таҳия ва қабул карда мешаванд, ки духтараш дар он ҷойҳо кор мекунад. Ин як мактаб аст. Писараш бисёр ҷавон аст, яку якбора чанд вазифаи расмии давлатӣ доданд. Ин вазифаҳо лидер тайёр намекунанд. Дар мақомҳое, ки вай кор кард ақида ва принсипи корӣ дар муносибатҳои сиёсии беруна маҳдуд аст. Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки мумкин аст раиси ҷумҳур барои раҳбарӣ духтарашро тайёр кунад”.

Ба ақидаи таҳлилгарон, дар кишвари падарсолоре, чун Тоҷикистон, ки то ҳол ба занон нақши раҳбариро камтар қоиланд ва мушкилоти гендерӣ то ҳол комилан ҳал нашудааст, ба мақоми раҳбарӣ расидани зан мумкин аст ҷомеаи Тоҷикистон онро беҳтар қабул кунад. Баъд аз расидан ба мақоми раҳбарии дафтари раёсати ҷумҳурӣ Озода Раҳмон нахустин иқдомро бо он оғоз кард, ки ба додситонии низомии Тоҷикистон нома фиристод ва хостори расидагии одилонаву воқеъбинона ба парвандаи лату кӯби Меҳровар Мақсудов - сарбози вазорати дифоъ шуд. То он вақт Меҳроварро дар шифохонаи бемориҳои равонӣ бистарӣ карда буданд. Вазорати дифоъ низ лату кӯби ин сарбозро беасос хонд ва гуфта буд, ки сарбоз ба бемории “сурхакон гирифтор” шудааст. Вале баъд аз номаи Озода Раҳмон дигар касе аз даъвогарони “беморӣ”-и Меҳровар сухане ба забон наовард ва акнун Меҳровар аз беморхона ба хонааш баргаштааст. Расидагӣ ба парвандаи лату кӯби вай низ идома дорад.

Озода Раҳмон дар мақомҳои гуногуни давлатӣ кор кардааст. Фаъолияти вай дар мақомҳои расмӣ соли 2005 шуруъ шудааст. Солҳои 2005-2007 дар бахши фарҳангии сафорати Тоҷикистон дар Амрико, солҳои 2007-2009 сардолри раёсати консулии вазорати корҳои хориҷа, солҳои 2009-2014 муовини вазири хориҷа, аз ъмоҳи маи соли 2014 то 27 январи соли 2016 муовини аввали вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон буд. 27 январи соли 2016 раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.

XS
SM
MD
LG