Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озода Раҳмон номзад ба вакили Маҷлиси Миллӣ шуд


Озода Раҳмон
Озода Раҳмон

Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент, аз сӯи вакилони халқи Душанбе номзад ба узвияти Маҷлиси Миллӣ аз ҳавзаи интихоботии рақами 4-и пойтахт шудааст.

Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи президент, рӯзи 14 апрел дар иҷлосияи панҷуми маҷлиси вакилони халқи пойтахт номзад ба узвияти Маҷлиси Миллӣ - палатаи болоии парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии рақами 4-и шаҳри Душанбе шудааст. Дар ин бора як манбаъ ба Радиои Озодӣ хабар дод ва гуфт, ки вакилони халқи Душанбе аз номзадии Озода Раҳмон "якдилона ҷонибдорӣ карданд". Дар ҳамин ҳол, хабаргузҳории "Азия-Плюс" низ бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки номзадии Озода Раҳмон бидуни алтернатива пешниҳод шуд.

Интихоботи вакили Маҷлиси Миллӣ аз ҳавзаи рақами чоруми Душанбе рӯзи 29 май доир хоҳад шуд.

Аз ҳавзаи чоруми пойтахт дар Маҷлиси миллӣ – маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода – раҳбари собиқи дастгоҳи президент намояндагӣ мекард. Худоёрзода дар поёни моҳи январ раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таъин шуд ва дигар ҳаққи узвият дар Маҷлиси миллиро надорад.

Дар гузашта раҳбарони қаблии дастгоҳи президент - Амиршо Миралиев, Матлубхон Давлатзода низ маҳз аз пойтахт сенатор интихоб шуда, дар Маҷлиси Миллӣ раҳбарии кумитаҳои мухталифи маҷлиси болоии парлумонро бар ӯҳда доштанд.

Озода Раҳмон 38 сол ва 5 фарзанд дорад. Номзади илмҳои ҳуқуқ буда, солҳои 2005-2007 кордори фарҳангии сафорати Тоҷикистон дар Амрико, солҳои 2007-2009 раҳбари раёсати консулии вазорати хориҷа, солҳои 2009-2014 муовини вазири хориҷа ва аз 15 майи соли 2014 муовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон буд. Рӯзи 27 январи соли 2016 Озода Раҳмон раҳбари дастгоҳи президент таъин шуд.

Вакилони Маҷлиси миллӣ ба фарқ аз Маҷлиси намояндагон - палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон – ба таври мустақим интихоб намешаванд. 25 вакил аз 33 вакили Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳӣ дар иҷлосияҳои муштараки маҷлисҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии онҳо, шаҳри Душанбе бо навоҳиаш ва дар иҷлоси муштараки маҷлисҳои навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ (водиҳои Ҳисору Рашт) интихоб карда мешаванд. 8 узви дигари Маҷлиси Миллиро раисиҷумҳур таъин мекунад. Қаҳҳор Маҳкамов ба унвони раисиҷумҳури собиқи Тоҷикистон низ узви умрбоди Маҷлиси Миллист.

Маҷлиси Миллӣ қарору қонунҳои аз сӯи Маҷлиси намояндагон тасвибшударо тасдиқ мекунад ва ҳамчунин салоҳияти таъину барканории раҳбарону додрасҳои Додгоҳи Қонуни Асосӣ, Додгоҳ олӣ ва Додгоҳи олии иқтисодиро дошта, таъин ва барканории додситони кулл ва муовинони ӯ низ бо ризоияти палатаи болоии парлумони Тоҷикистон сурат мегирад.

Аз замони таъсисаш дар соли 2000 раисии Маҷлиси Миллиро шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев бар ӯҳда дорад.

XS
SM
MD
LG