Озода Раҳмон, духтари 38-солаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки то ин дам ба ҳайси муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ кор мекард, рӯзи 27 январ раҳбари нави дастгоҳи иҷроияи президент таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Бахтиёр Худоёрзодаро иваз кард.
Бахтиёр Худоёрзода, вазири собиқи адлия, моҳи январи соли 2012 раиси дастгоҳи иҷроия таъин шуда буд. Ҳоло номзадии ӯ ба мақоми раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод шуда, баъд аз тасвибаш ба кор хоҳад пардохт. Пас аз раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон таъин шудани Шермуҳаммади Шоҳиён курсии раиси КМИРТ холӣ буд.
Шоҳиён баъди интихоботи парлумонии соли гузашта, ки дар пайи он аҳзоби мухолифи коммунист ва ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ аз курсиҳояшон дар Маҷлиси Намояндагон маҳрум шуданд, раиси Додгоҳи олӣ таъин гардид.
Озода нахустин зани тоҷик аст, ки раҳбари дастгоҳи президенти Тоҷикистон таъин шуд. Таъини ӯ ба ин мақом на ҳамчун нахустин зан, балки ҳамчун духтари Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи умумро ҷалб кардааст.
Ӯ собиқаи кори дипломатӣ дорад. Солҳои 2004-2006 ҳамзамон бо таҳсил дар Амрико, дар сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар, ба кор оғоз кардааст. Пас аз анҷоми таҳсили дусола дар Амрико ба ватан баргашт ва сардории раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ӯҳда гирифт. Ин замоне буд, ки чеҳраи Озода Раҳмон расонаӣ шуд ва худаш ҳам дар нишастҳои расмӣ зоҳир шуда, суханронӣ мекард.
Соли 2009 муовин ва соли 2014 муовини аввали ин вазорат таъин гардид. Ӯ рутбаи “сафири фавқулода ва мухтор”- баландтарин рутбаи дипломатӣ дошта, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аст. Озода дар соли
2012 дар мавзӯи “Рушди ҳуқуқу озодиҳои занон дар солҳои 1917-2011 дар Тоҷикистон” рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Ҳамкоронаш дар Вазорати корҳои хориҷӣ аз ӯ ҳамчун як зани ҳалиму хоксор ва кордону коргар ёд мекунанд. Ӯро донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ медонанд.
Аммо мунтақидонаш боло рафтанаш дар зинаҳои мансабро на ба донишу малакаи ӯ, балки бештар ба шахсияти падараш рабт медиҳанд.
Озода Раҳмон соли 1978 дар ноҳияи Данғара замоне ба дунё омад, ки падараш Эмомалӣ Раҳмон дар риштаи иқтисод, дар Шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, собиқ ба номи Ленин таҳсил мекард ва ҳамзамон дар ҳукумати ноҳияи Данғара фаъолият дошт. Ӯ соли 1984 дар вақте ки ҳамагӣ шаш сол дошт, таҳсили ибтидоиашро дар мактаби рақами 2-и ноҳияи Данғара оғоз кард. Соли 1993 пас аз як соли интихоби падараш ба мансаби раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ба Душанбе омад ва соли 1994 синфи 11-ро дар мактаби рақами 53-и ин шаҳр хатм кард.
Дар соли 1999 бо Ҷамолиддин Нуралиев, писари Камол Нуралиев, аз дӯстони қадимии падараш, издивоҷ кард. Ҳосили ин издивоҷ панҷ фарзанд аст. Ҷамолиддин Нуралиев, шавҳари Озода Раҳмон ҳоло муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст.
Озода дар баробари унвонҳои давлатӣ чанде пеш ҳамроҳ бо падару модараш ва дигар мақомҳои давлатӣ Ҳаҷҷи умра кард.
Эмомалӣ Раҳмон 9 фарзанд - 7 духтар ва 2 писар дорад, ки ба ҷуз аз писари хурдиаш Сомон бақия алакай издивоҷ кардаанд. Ҳоло Рустами Эмомалӣ, писари президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аст.
Муовини аввали сарвазир Давлаталӣ Саидзода низ аз хешони наздики оқои Раҳмон буда, додарарӯси ӯ Ҳасани Асадуллоҳзода раҳбарии "Ориёнбонк" - бузургтарин бонки Тоҷикистон ва бино ба гуфтаи афроди огоҳ, тиҷорати алюминий - фаровардаи ТАЛКО - бузургтарин корхонаи саноатии ин кишварро дар даст дорад.