Раҳбарони гурӯҳи G7, ки 7 кишвари аз нигоҳи саноатӣ пешрафтаи дунёро муттаҳида мекунад, рӯзи 12 март ба Русия ҳушдор доданд, ки агар ҳаракатҳояш ҷиҳати "тасарруф"-и Қримро бас накунад, ба иқдомоти байналмилалӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Баёнияи ин 7 кишвар рӯзи чоршанбе аз сӯи Кохи Сафед, дар пешорӯи мулоқоти имрӯзаи раисиҷумҳури Амрико Барак Обама бо сарвазири Украина Арсений Ятсенюк нашр шуд.
Сарони G7 дар ин изҳорот гуфтаанд, райъпурсии рӯзи 16 март дар Қрим бо ҳадафи ба Русия ҳамроҳ кардани ин вилояти Украина "ягон таъсири қонунӣ нахоҳад дошт" ва онҳо натиҷаҳои ин райъпурсиро эътироф нахоҳанд кард. G7 гуфтааст, Русия бояд "тамоми талошҳояш бо ҳадафи тағйири мақоми Қримро бас кунад."
Дар изҳороти раҳбарони Канада, Фаронса, Олмон, Италия, Ҷопон, Бритониё ва Амрико вам ҳамунин Шӯрои Аврупо ва Кумиссиюни Аврупо гуфта шудааст, ки агар русия ба роҳи "аннексия"(тасарруф)-и Қрим идома диҳад, бо "иқдоми бештари инфирорӣ ва муштарак" рӯбарӯ хоҳад шуд.
Ин шадидуллаҳнтарин ҳушдорест, ки кишварҳои пешрафтаи дунё аз замони оғози бӯҳрони Украина ба ҳукумати Владимир Путин мекунанд.
Дидори Обама бо Ятсенюк - паёми Амрико ба Маскав?
Раисиҷумҳури Амрико имрӯз дар Вошингтон бо сарвазири Украина мулоқот мекунад. Кохи Сафед ин мулоқотро аломати ҳимояти қавии Амрико аз ҳукумати нави Украина меномад. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз дар Вошингтон бо сарвазири Украина Арсений Ятсенюк мулоқот мекунад. Сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ гуфт, ҳадаф аз сафари Ятсенюк паёмест, “ки мо шадидан аз Украина, аз мардуми Украина ва аз қонунмандии ҳукумати нави Украина ҳимоят мекунем.”
Мулоқоти Обама бо Ятсенюк дар ҳоле сурат мегирад, ки интизор меравад, рӯзи якшанбе, 16 март дар вилояти Қрими Украина як райъпурсии саросарӣ сурат бигирад. Танҳо суоле ки дар ин назархоҳӣ аз сокинони аксаран рустабори Қрим пукрсидаа мешавад, ин аст, ки Қрим бо касби салоҳиятҳо ва мухторияти бештаре дар ҳайати Украина бимонад ё ба Русия бипайвандад?
Ятсенюк гуфтааст, ки Украина барои дифоъ аз ҳамсояаш Русия ба кумак ниёз дорад ва ҳамчунин хостори кумакҳои иқтисодӣ аз Амрикост. Дидори Обама бо сарвазири нави Украина дар ҳолест, ки як рӯз қабл Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико бо тасвиби як қатъномаи рамзӣ ишғолли қаламрави вилояти Қрими Украина аз сӯи нирӯҳои низомии Русияро маҳкум кард.
Ишғоли Қрим аҳли фарҳанги Русияро ба ду сангар ҷудо кардааст
Даҳҳо тан аз шахсиятҳои шинохтаи фарҳангии Русия ба тарафдорӣ ё ба нишони мухолифат ба амалкардҳои давлати Владимир Путин дар Украина, аз ҷумла дар Қрим, изҳори назар кардаанд.
Беш аз 80 нафар аз шахсиятҳои шинохтаи фарҳанги Русия, бо шумули дирижёри маъруф Валериий Гергиев, пианинонавоз Юрий Башмет, ҳунарманди театру синамо Сергей Безруков, мудири собиқи Осорхонаи ҳунарии ба номи Пушкин Ирина Антонова ва Елена Гагарина, духтари нахустин кайҳоннавард Юрий Гагарин дар номаи саркушодае аз сиёсати раисиҷумҳури Русия дар Қрим пуштибонӣ кардаанд. Дар ин нома ки дар сомонаи вазорати фарҳанги Русия нашр шуд, онҳо гуфтаанд, "наметавонанд як тамошобини бефарқи ин ҳаводи бимонанд" ва бо ин нома "пуштибонии босароҳати худро аз мавқеи раисиҷумҳури Русия дар Украина ва дар Қрим изҳор медоранд."
Дар айни замон як силсила аз шахсиятҳои дигари маъруфи Русия, аз ҷумла мунаққиди синамо Антон Долин, адибони шинохта Людмила Улитская ва Виктор Ерофеев ва ҳунарманди шӯҳратёри синамо Лия Ахеҷакова бо нашри номаҳои саркушода дар ҳафтаи гузашта ишғоли Қрим аз тарафи нирӯҳои низомии Русияро маҳкум карданд.
Бо ин ҳол, ишғоли Қрим аз сӯи Русия як мавзӯъи асосии расонаҳои муҳими дунё боқӣ мемонад. Дар ин нигористони аксҳо чанд акси Владимир Путинро, ки ба маҳзи бӯҳрони Украина саҳифаи аввал ё муқоваи чанд маҷаллаву нашрияро "зеб" додааст, ҷой кардаанд:
Мухолифати Ғарб ба "ҷудоихоҳӣ"-и Қрим
Созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ райъпурсии рӯзи 16 март дар вилояти ҷудоиталаби Қрими Украинаро башиддат интиқод мекунанд. Маскав аммо гуфтааст, сокинони Қрим ҳаққи таъини ояндаи худро доранд.
Созмони амният ва ҳамкории Аврупо 9САҲА) гуфт, бо вуҷуди давати мақомоти ҷудоихоҳи нимҷазираи Қрим нозиронашро барои назорати раъйпурсии рӯзи 16 марти ин вилояти Украина нахоҳад фиристод. Дидйе Бурхалтер, вазири хориҷаи Швейтсария, ки кившараш раёсати давраии САҲА-ро бар ӯҳда дорад, рӯзи 11 март гуфт, раъйпурсии рӯзи 16 марти Қримро дар шакли кунуниаш ғайриқонунӣ номид.
Вузарои хориҷаи Амрикову Русия Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров дирӯз ҳам бӯҳрони Украинаро баҳс кардаанд, вале ин сӯҳбати телефонии онҳо низ натиҷае наовардааст. Ин тамоси телефонӣ дар пайи паёме буд, ки Вошингтон дар поёни ҳафтаи гузашта ба Маскав расонд ва дар он мепурсид, ки оё Русия барои ҳалли дипломатии бӯҳрони Украина чӣ тадбирҳоеро рӯи даст гирифтанист?
Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Ҷен Псакӣ гуфт, посухҳои русия равшан карданд, ки ин кишвар мавқеашро дигар накардааст: “Керрӣ дар ҷараёни сӯҳбати субҳ(и 11 март бо Лавров) изҳор дошт, ки ҳар навъ қадам ба сӯи ташдиди бештари вазъ даричаи ҳалли дипломатиро тангтар мекунад. Ӯ бори дигар азмаш барои идомаи ҳамкорӣ бо Лавро, аз ҷумла дар ҳафтаи равонро такрор кард, вале ба ин шарт, ки фазо бояд як фазои дуруст бошад ва ҳадаф бояд дифоъ аз дахлнопазирӣ ва истиқлоли Украина бошад. Вале мо дар посухҳое, ки пас гирифтем, инро, албатта, намебинем.” Хонум Псакӣ афзуд, Керрӣ ба Лавров гуфтааст, дар длохили Украина ба дасти худ гирифтани масоил аз тарафи нирӯҳои Русия ғайри қобили қабул аст.
Дар Маскав, вазорати хориҷаи Русия гуфт, Сергей Лавров ба Керрӣ гуфтааст, ки ҳар навъ роҳи ҳалли бӯҳрони Украина бояд ҷавобгӯи манфиатҳои тамоми украиниҳо бошад ва “ба ҳаққи сокинони Қрим барои таъйини ояндаи онҳо” эҳтиром гузорад. Ҳарду ҷониб гуфтааст, ки барои идомаи музокирот дар масъалаи Украина омодаанд.
Вазорати хориҷаи Русия ба сурати алоҳида гуфт, эъломияи истиқлоли Қрим, ки рӯзи 11 март аз сӯи парлумони рӯ ба Русияи ин вилоят тасвиб шуд, “комилан қонунист.” Вакилони парлумони Қрим, ки ҳоло таҳти тасарруфи нирӯҳои Русия қарор гирифтааст, ин эъломияро субҳи сешанбе бо 78 раъйи мувофиқ аз байни 81 вакил тасвиб карданд.
Кишварҳои Ғарб ва ҳукумати нави Украина дар Киев гуфтаанд, ки раъйпурсии рӯзи 16 март дар Қримро эътироф намекунанд. Кафили раисиҷумҳури Украина Олександр Турчинов дар мусоҳибааш бо Франс Пресс ин райъпурсиро “мазҳака” номидааст. Ба гуфтаи Турчинов, “ончӣ ки онҳо райъпурсӣ меноманд, на дар Қрим, балки дар Кремл доир мешавад.” Ӯ ҳамчунин гуфт, Киев қасди эъзоми нирӯҳои низомӣ ба Қримро надорад, то ки марзҳои шарқиашро зери хатар нагузорад.
Рӯзи 11 март раисиҷумҳури барканоршудаи Украина Виктор Янукович бо паёми навбатиаш боз ҳам аз шаҳри Ростови лаби Дони Русия дар мазҳари ом зоҳир шуд. Янукович гуфт, то ҳол худро раисиҷумҳури қонунӣ ва фармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳи Украина мешуморад ва бо беҳтар шудани вазъ ба Киев бар хоҳад гашт. Аммо Янукович аз ҳар навъ шарҳи дахолатҳои низомии Русия дар Қрим, ки бино ба иддаои Маскав, бар пояи дархости Янукович сурат мегиранд, дар ин изҳороташ худдорӣ кардааст.