Дафтари матбуоти Нурсултон Назарбоев мегӯяд, ки вазъи Украина мавзӯъи асосии сӯҳбатҳои телефонии рӯзи сешанбеи раисиҷумҳури Қазоқистон бо раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раисиҷумҳури Русия Владимир Путин буд.
Гуфта мешавад, дар сӯҳбат бо Путин, “Назарбоев таъкид кардааст, ки Қазоқистон ҳамчун шарики стротегӣ мавзеъгирии Русия дар мавриди ҳимоят аз ҳуқуқи ақалиятҳои миллӣ дар Украина, ҳамчунин манфиатҳои амниятиашро дарк мекунад.” Назарбоев дар идомаи сӯҳбаташ бо Путин ба “зарурати ҳалли сулҳомези буҳрони Украина бар асоси ҳифзи истиқлоли ин кишвар ва дар чорчӯби меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ” таъкид кардааст.
Раисиҷумҳури Қазоқистон дар сӯҳбат бо Ангела Меркел низ “ҳалли дипломатии буҳрони Украина аз роҳи муколама байни тамоми тарафҳои манфиатдор”-ро муҳим хонда, гуфтааст, “Қазоқистон омода аст дар сурати зарурат, дар роҳи таҳияи қарорҳои гузашткорона ба хотири ҳалли бӯҳрони Украина саҳми созанда бигузорад.”
Назарбоев зарурати ҳалли осоиштаи қазияи Украинаро дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои амрикоияш Барак Обама низ такрор карда, гуфтааст, ин бӯҳрон бояд танҳо ва танҳо бо роҳи музокирот ҳал шавад. Обама ва Назарбоев гуфтаанд, "ин бӯҳрон бояд бо шеваҳое ҳаллуфасл шавад, ки якпорчагии ин кишварро таъмин ва мавзеъи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдорро ба ҳам наздик кунад.” Дафтари Назарбоев мегӯяд, ки Обама таъсиси як механизми муассир барои ҳалли вазъи пешомада дар Украина таҳти васояти созмонҳои байналмилалие, чун СММ ва САҲА-ро зарур хондааст.
Нурсултон Назарбоев нахустин нафар аз раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (СНГ) аст, ки дар роҳи ҳалли қазияи Украина дастбакор мешавад. Кишварҳои дигар маъмулан бо эълони баёнияҳое дар бораи зарурати ҳалли сулҳомези бӯҳрон ё ҳифзи истиқлол ва якпорчагии Украина иктифо варзиданд.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов, ки рӯзи 8 март дар Маскав вазъи Украинаро бо ҳамтои русаш Сергей Лавров баррасӣ мекард, вазъи Украинаро бо Тоҷикистони соли 1992 ташбеҳ кард ва гуфт, «Тоҷикистон аз ингуна шакл гирифтани вазъият дар кишвари ба мо дӯст шадидан дар ташвиш аст.» Аслов гуфт, Тоҷикистон дар оғози истиқлолаш кашмакашҳои сиёсиро таҷриба карда буд ва паёмадҳои сангини онро дарк мекунад. Ба таъкиди ӯ, ин моҷароҳо боиси поён рафтани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои муддатҳои тӯлонӣ хоҳанд шуд.
Янукович: "Ман ба Киев бармегардам"
Раисиҷумҳури барканоршудаи Украина Виктор Янукович рӯзи 11 март дар шаҳри Ростов гуфт, раисиҷумҳури қонунӣ ва фармондеҳи нирӯҳои мусаллаҳи Украина ӯст ва бо беҳтар шудани вазъи амниятӣ ба Киев бар хоҳад гашт. Виктор Янукович тайи чанд дақиқа изҳороташро қироат кард, вале аз посух ба суолҳои хабарнигорон худдорӣ варзида, толорро зуд тарк гуфт.
Нишасти хабарии раисиҷумҳури барканоршудаи Украина Виктор Янукович дар толори маркази намоишгоҳҳои “ВертолЭкспо” дар шаҳри Ростови лаби Дон доир шуд. Янукович қабл аз ҳама овозаҳо дар бораи марги худро рад кард ва гуфт, "тавре мебинед, ман зиндаам."
Янукович дар идома вазъи Украинаро бо рангҳои тира тасвир кард ва гуфт, мақомоти нав алайҳи мардум амал мекунанд ва бо барканории афсарони касбӣ мехоҳанд артиши Украинаро таҳти парчами Степан Бандера биоранд ва қавмгароёнро мусаллаҳ кунанд.
Янукович бо муроҷиат ба раҳбарони Ғарб гуфт: "Шумо магар кӯр шудаед? Фашизмро фаромӯш кардед?" Янукович раҳбарони Евромайдонро "бандаи нобакорон" номид ва гуфт, то ҳол худро ягона раҳбари қонунии Украина ва фармондеҳи олии нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар мешуморад ва бо беҳтар шудани вазъи амниятӣ ҳатман ба Киев бар хоҳад гашт.
Янукович гуфт, ӯро ғайриқонунӣ барканор карданд ва ӯ интихоботи президентии рӯзи 25 май ва ҳар ҳукуматеро, ки дар натиҷаи он рӯи кор меояд, ғайриқонунӣ хоҳад буд. Ӯ мақомоти нави Украинаро "режими бандитҳо" ва "ғосибон"номид ва гуфт, мехоҳад ба Конгресс, Сенат ва Додгоҳи олии Амрико муроҷиат кунад, ки масъалаи ироаи миллиардҳо доллар кумак ба ҳокимони нави Украинаро баррасӣ кунад, ки то куҷо қонунист?
Виктор Янукович гуфт, ин рӯзҳои сахт мегузаранд ва "адолат барқарор хоҳад шуд." Ба ақидаи ӯ, ҳокимони нави Украина ҳатто зери фишори тиру тӯп натавонистанд Қрим ва вилоятҳои шарқии Украинаро мутеъ кунанд.
Аммо ӯ дар бораи дахолати низомии Русия дар бӯҳрони Украина ва аз ҷумла ин иддаои Маскав ки маҳз Янукович аз Русия истифода нирӯ барои "барқарор кардани тартиботи конститутсионӣ" дар Украинаро хостааст, чизе нагуфт. Янукович ҳамин тавр, аз ҳар навъ шарҳи ҷунбишҳои ҷудоиталабӣ дар вилоятҳои шарқ ва ҷануби Украина ва бахусус дар нимҷазираи Қрим, ки ба бовари Киев, аз тарафи Маскав аланга дода мешавад, худдорӣ кард.
Виктор Янукович, ки рӯзи 22 феврал аз Киев фирор кард ва ҳамон рӯз аз тарафи парлумони Украина барои “беамалӣ”-аш дар амри иҷрои созишномаи як рӯз пеш имзошуда бо мухолифин аз мақом барканор шуд, баъди чанд рӯз дар Русия зоҳир шуд ва рӯзи 28 феврал дар як нишасти хабарӣ дар ҳамин шаҳри Ростови лаби Дон изҳор дошт , ки то ҳол худро раисиҷумҳури қонунии Украина мешуморад ва аз Русия хостааст, ки амнияти ӯро таъмин кунад.
Дар Киев Януковичро ба қатли эътирозгарон айбдор мекунанд ва алайҳаш парвандаи ҷиноӣ кушодаву таҳти пайгард қарор додаанд. Вале Маскав ӯро раҳбари қонунии Украина шумурда, мегӯяд, мақомоти нави Украина қонунӣ нестанд.
Мақомоти Русия дар авоили моҳи март эълон карданд, ки Янукович аз ҳукумати Русия хостааст, То бо ирсоли нирӯи низомӣ “ба барқарор кардани тартиботи конститсионӣ” дар Украина кумак кунад. Рӯзи 1 март маҷлиси болоии парлумони Русия дархости раиси ин ҷумҳурӣ Владимир Путин барои истифодаи нирӯҳои низомӣ дар Украинаро иҷозат дод.
Дар ҳоли ҳозир, як силсила биноҳои давлатӣ ва пойгоҳҳои низомии Украина дар вилояти Қримро силоҳбадастоне, ки ягон нишонаи мансубият дар либоси худ надоранд, вале бовар меравад, ки нирӯҳои Русия бошанд, иҳота кардаанд. Киев ҳамин тавр, мегӯяд, нирӯҳои Русия дастикам 11 посгоҳи марзбонии Украина дар Қримро тасарруф кардааст.
Ҳамзамон дар вилояти Қрим ҳукумати рӯ ба Русия рӯи орк оварда шуд ва рӯзи 16 март дар ин нимҷазира раъйпурсии саросарие барпо мекунанд, ки танҳо масъалааш таъйини сарнавишти Қрим аст, ки ин минтақаи аксари аҳолиаш руусзабон ба Русия бипайвандад ё дар Украина бимонад? Вилояти Қрим дар соли 1954 бо қарори раҳбари вақти Шӯравӣ Никита Хрушёв аз Русия ба Украина ҳамроҳ карда шуд ва баъди суқути СССР дар ҳайати Украина монд.
Аммо талоши Русия барои густариши нуфузаш бар Қрими ва ҳатто тасарруфи ин вилояти Украина ба мавҷи интиқодҳои тунд дар Ғарб рӯбарӯ шудааст. Кишварҳои ғарбӣ Русияро ҳушдор додаанд, ки дар сурати идомаи чунин сиёсаташ дар Украина ба таҳримот дучор хоҳад шуд. Амрико қаблан ҳушдор дод, ки чунин рафтор метавонад ҳатто боиси қатъи равобити дипломатӣ миёни Вошингтону Маскав шавад.
Рӯзи 11 март вазири хориҷаи Фаронса Лоран Фабиус райъпурсии Қримро ғайриқонунӣ ва орӣ аз қонунмандӣ хонд. Фабиус ҳамчунин гуфт, масъалаи таҳримот дар ҳамин ҳафтаи равон ҳаллуфасл хоҳад шуд.