Вале ҳама гуна кӯшиш Анкара дар ин самт метавонад барояш бо нархи гароне тамом шавад.
Фарзандони тоторҳое, ки 150 сол пеш, баъд аз шикасти Туркия дар ҷанги Қрим ин нимҷазираро тарк карда буданд, рӯзи шанбеи гузашта зери борон ба майдон баромаданд, то аз ҳукумати Туркия талаб кунанд, ки ба ҷудошавии Қрим аз Украина ва зери итоати Русия рафтани он пешгирӣ кунад. Тазоҳуроти онҳо дар назди консулгарии Русия дар Истамбул ба вуқӯъ пайваст. Онҳо аз Туркия хостанд, аз ҳуқуқи тоторҳои Қрим ҳимоят кунад.
Ин дар ҳолест, ки тоторҳои Қрим аз шиддат гирифтани вазъ дар нимҷазира нигаронанд. Онҳо метарсанд, ки ҷанги нав дар ин ҷо ба поккории қавмӣ ва рондани тоторҳо сабаб шуда метавонад. Ҳамон гуна, ки баъд аз фурӯпошии империяи туркҳои усмонӣ ва ҳам дар давраи Ҷанги Ҷаҳонии Дувум иттифоқ афтод. Дар соли 1944 бо фармони раҳбари шӯравӣ Иосиф Сталин садҳо ҳазор нафар аз тоторҳои Қрим ба Осиёи Марказӣ кӯчонда шуданд ва дар ин байн зиёда аз 100 ҳазор нафари онҳо ба ҳалокат расид. Хотираҳои гузашта имрӯз, дар ҳоле ки мумкин аст, Қрим аз нав зери назорати Русия гузарад, бисёриҳоро ба изтироб овардааст.
Аммо агар собиқаи тоторҳои Қрим бо Русия фоҷиаомез будааст, вокуниши Туркия ба ҳама гуна амалкарди Русия бимовар аст. Он силсилаи шикастҳои ҳарбии гузаштаро ба ёд меорад ва равобити наздики тиҷоратро зери суол мебарад. Туркия ними газ ва нафти худро аз Русия мегирад. Сонер Чагаптай, муаллифи китоби “Бархостани Туркия. Нахустин қудрати мусулмон дар садаи 21” ва мудири барномаи Туркия дар Пажӯҳишгоҳи Вашингтон мегӯяд, Русия ягона ҳамсояест, ки Туркия аз он ҳарос дорад ва таърихан дар байни туркҳо ин тарс вуҷуд дорад, ки набояд хирси русро аз хоб бедор кард.”
Аммо нақше ки сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон барои худ сохтааст, миллионҳо тотори Қримро, ки дар кишвараш ба сар мебаранд, низ умедвор кардааст. Раҳбари ҳизби “Адолат ва Тараққӣ”, як ҳизбе бо решаҳои исломӣ, худро ҳомии мусулмонон дар ҳошияҳои кишвараш медонад. Вай аз барканории раҳбари “Ихвон-ул-муслимин” ва президенти Миср, Муҳаммад Мурсӣ шадидан нороҳат ва хостори ҷанг бо режими Башор Асад дар Сурия аст.
Дар авҷи бӯҳрони ин кишвар, баъд аз барканор шудани раисиҷумҳури он Виктор Янукович, вазири корҳои хориҷии Туркия, Аҳмад Довудоғлу бо ҳукумати нави Украина дар Киев мулоқот кард ва худи Эрдуғон гуфт, “дар ин талотум” тоторҳои Қримро танҳо нахоҳад гузошт. Вале гумон намеравад, Эрдуғон муносибатҳои ҳасанаеро, ки то ҳоло бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин барпо кардааст, зери хатар гузорад.
Сонер Чагаптай, мудири барномаи Туркия дар Пажӯҳишгоҳи Вашингтон мегӯяд: "Агар ба сабки сиёсии симобвор тунди Эрдуғон нигарем, вай ба ҳама ва ҳар яке аз сарон ё ҳукуматҳои ҳамаи кишварҳои марбутааш дод мезанад, ба ҷуз аз Русия ва Эрон. На аз ғояти тарс, балки Туркия сеяки газ ва нафташро аз Эрон ва Русия мегирад.”
Аз сӯи дигар, ба ақидаи Чагаптай, таърихи Туркияи усмонӣ низ ҳузур дорад, ки дар 400 соли мавҷудияти он Туркия 17 бор бо Русия ҷангид ва 17 бор шикаст хӯрд. Мушкил боз аз он ҷо печидатар мешавад, ки бино бар созишномаи соли 1936-и Монтре, Туркия нозири убури киштиҳои ҷангӣ аз гулӯгоҳи байни баҳрҳои Сиёҳ ва Миёназамин аст. Ҳама гуна тағйир дар ин ҷо ба фоидаи ҳампаймонҳояш дар НАТО барои Туркия мушкил ба миён хоҳад овард.
Вале Чела Ичтен, раиси Анҷумани тоторҳои Қрими Туркия бар ин аст, ки фазои дохилии сиёсии Туркия ба Эрдуғон имкон намедиҳад, хостори нақши бузургтаре дар ҳалли бӯҳрони Украина шавад. Гирифторӣ ба моҷарои фасод, ки як моҳ боз идома дорад ва интихоботи маҳаллӣ дар поёни моҳи март ҳамчун озмоиши ҷойгоҳи ҳизби “Адолат ва Тараққӣ” ҳама гуна шиорҳои марбут ба тоторҳои Қримро хира кардаанд:
"Фазои ҳозираи сиёсии Туркия хеле печида аст ва барои ҳамин ҳимояти президент ва сарвазир аз тоторҳои Қрим дар миёни дигар масъалаҳои рӯз гум шудааст. Аммо онҳо ба тоторҳои Қрим кӯмак мекунанд ва ҳамкориро бо қудратҳои ғарбӣ дар Аврупо идома медиҳанд.”
Ҷаноби Чаптагай низ бар ин аст, ки Туркия дар масъалаи Украина бо Аврупо ҳамкорӣ хоҳад кард, аммо гумон намеравад, он нақши пешбаранда касб намояд. Вале агар нисбати тоторҳои Қрим хушунати ҷиддӣ иттифоқ афтад, нақши Анкара дар ин моҷаро тағйир хоҳад кард.